Торафт бадтар. Мавқеи Тоҷикистон дар радабандиҳои суръат ва арзиши интернет боз поин рафт

Asia-Plus

Дар радабандӣ (рейтинг)-и навшудаи Speedtest Global Index аз рӯи суръати интернет бо назардошти маълумоти моҳи августи соли 2023, Тоҷикистон аз охири рӯйхат зинаи 6-умро ишғол мекунад: ҷойи 139-ум байни 145 кишвари ҷаҳон бо суръати боргирӣ (скачивание)-и 9.61 Мб/с ва боргузорӣ (загрузка)-и 5.71 Мб/с.

Дар зинаҳои баъдӣ аз Тоҷикистон Боливия, Венесуэла, Яман, Судон, Афғонистон ва Куба қарор доранд. Дар Куба, ки дар зинаи охир қарор дорад, суръати боргирӣ 4.34 Мб/с ва боргузорӣ – 6.76 Мб/с-ро ташкил медиҳад.

Байни кишварҳои ИДМ аз рӯи суръати интернети мобилӣ Озарбойҷон мақоми 54-ум, Қазоқистон – 63-юм, Қирғизистон – 79-ум, Русия – 94-ум, Арманистон – 98-ум, Ӯзбекистон – 101-ум ва Беларус зинаи 135-умро ишғол кардаанд.

Аз рӯи интернети ноқилӣ низ Тоҷикистон мавқеи худро хеле бад кард (дар муқоиса бо аввали сол). Аз рӯи натиҷаҳои моҳи август Тоҷикистон байни 182 кишвари ҷаҳон бо суръати боргирии 20.96 Мб/с ва боргузории 19.93 Мб/с зинаи 133 -юмро касб кардааст.

Дар моҳи январ аз рӯи ин нишондиҳанда Тоҷикистон дар мақоми 118-ум қарор дошт.

Дар зинаи охир аз рӯи суръати интернети ноқилӣ низ бо суръати боргирии 1.95 Мб/с ва боргирии 0.83 Мб/с Куба қарор гирифтааст.

Миёни кишварҳои ИДМ аз рӯи суръати интернети ноқилӣ Русия дар зинаи 57-ум, Қирғизистон – 88-ум, Ӯзбекистон – 89-ум, Беларус – 90-ум, Қазоқистон – 96-ум, Арманистон – 98-ум ва Озарбойҷон дар мақоми 120-ум ҷойгир шудаанд.

Ширкати Ookla-и Ирландия дар санҷиши шабакаҳои интернетӣ, барномаҳо ва технологияҳо дар ҷаҳон пешсаф буда, таҳиягари портали ҷаҳонии санҷиши суръати шабака – Speedtest мебошад. Дар портали Speedtest ҳамасола беш аз 10 миллион санҷиши корбарон доир мегардад, ки ба инъикоси манзараи бесобиқа ва ҳамаҷонибаи кор, сифат ва дастрасии шабакаҳо дар саросари ҷаҳон имкон медиҳад.

То имрӯз дар ин портал аз ҷониби корбарон зиёда аз 45 миллиард санҷишҳо (тестҳо) гузаронида шудааст.

Аз рӯи арзиши интернет Тоҷикистон дар мақоми 142-юм

Дар ҳамин ҳол, мувофиқи радабандии Worldwide mobile data pricing, аз рӯи арзиши интернет тибқи маълумоти моҳи августи соли 2023, Тоҷикистон байни 237 кишвар мақоми 142-юмро ишғол мекунад. Охири соли 2022 кишвари мо байни 203 давлат дар зинаи 103-юм қарор дошт.

Таҳиягарони радабандӣ нархи миёнаро барои 1 гигабайти интернет дар Тоҷикистон бо нархи 1.65 доллар (нархи пасттарин – 0,17 сент ва баландтарин – 13,64 доллар) ҳисоб кардаанд.

Байни кишварҳои ИДМ дар радабандии арзиши интернет Қирғизистон зинаи 8-ум (нархи миёнаи 1 гигабайт – $0.17), Русия – 15-ум ($0.25), Ӯзбекистон – 22-юм ($0.30), Қазоқистон – 35-ум ($0.41), Беларус – 66-ум ($0.67), Арманистон – 88-ум ($0.98) ва Озарбойҷон мақоми 146-ум ($1.76)-ро ишғол мекунанд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...