Ҳабси як тоҷикистонӣ дар Маскав ба гумони ҷосусӣ

Asia-Plus

Додгоҳи ноҳияи Лефортовои Маскав шаҳрванди Тоҷикистонро ба гумони даст доштан дар ҷосусӣ (модд. 276 КҶ ФР) ба ҳабс гирифт, хабар дода мешавад дар Telegram-канали додгоҳҳои салоҳияти умии пойтахт.

"Рӯзи 10 октябри соли 2023 Додгоҳи ноҳияи Лефортовои шаҳри Маскав дар ҷаласаи пӯшидаи додгоҳ дархости тафтишот дар бораи интихоби чораи пешгирӣ дар намуди ҳабс нисбати шаҳрванди Тоҷикистонро баррасӣ кард", – омадааст дар хабар.

Тавре ки ТАСС хабар медиҳад, додгоҳ дархости муфаттиши Хадамоти федералии амният (ФСБ)-ро қонеъ кардааст.

«Суд дархости муфаттиши Хадамоти федералии амниятро қонеъ карда, нисбат ба шаҳрванди хориҷӣ Тиллозода Ш., ки бо моддаи 276 КҶ ФР (ҷосусӣ) гумонбар дониста мешавад, чораи пешгирӣ дар намуди ҳабсро ба муҳлати то 10 декабр интихоб намуд», – иттилоъ додаанд ба хабаргузорӣ.

Моҳияти айбҳо нисбат ба гумонбарро ба ТАСС мушаххас накардаанд. Дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба ТАСС танҳо хабар додаанд, ки номи боздоштшуда Шарифҷон аст.

Дар додгоҳи шаҳри Одинтсовои вилояти Маскав қаблан ба ТАСС зикр карда буданд, ки як нафар бо чунин ному насаб 20 сентябр ҳангоми боздид аз минтақаи пӯшида дар вилояти Маскав аз ҷониби маъмурони пулис боздошт шудааст.

«Суд амалҳои Тиллозода Ш.-ро тибқи қисми 3 моддаи 28.8 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Русия (вайрон кардани низоми будубоши шаҳрванди хориҷӣ дар Русия, ки бо вайрон кардани тартиби интихоби ҷои будубош ифода шудааст) арзёбӣ карда буд», – гуфтаанд ба ТАСС дар додгоҳ.

Ӯро бо ихроҷи маҷбурӣ аз Русия 5 ҳазор рубл ҷарима бастаанд. Тавре ки аз маводи мурофиаи додгоҳии аз ҷониби ТАСС баррасишуда бармеояд, Тиллозода гуноҳи боздид карданаш аз қаламрави пӯшидаро эътироф намуда, аммо мушаххасан нагуфтааст, ки бо чӣ ҳадаф ин корро кардааст. Пас аз ин ӯро дар боздоштгоҳи муваққатии шаҳрвандони хориҷӣ дар шаҳри Егоревск ҷойгир карданд.

Дар маводи ТАСС хабар дода намешавад, ки дар бораи кадом қаламрави пӯшида сухан меравад.

Дар ҳамин ҳол, ба навиштаи Mash, шаҳрванди Тоҷикистонро барои мунтазам ирсол намудани маълумот дар бораи ҷойгиршавии системаҳои дифои зиддиҳавоӣ дар наздикии пойтахт ба Хадамоти амнияти Украина (СБУ) боздошт кардаанд.

Ба гузориши Mash, Шарифҷон Тиллозода дар ҳудуди як қисми низомии пӯшида боздошт шудааст. Дар аввал ӯро ба сифати коргари одӣ қабул намуда, лекин маълум шудааст, ки ӯ аксабардорӣ намуда, ба роҳбарони хориҷиаш мефиристодааст. Тафтиш исбот кардааст, ки вай бевосита бо Хадамоти амнияти Украина робита доштааст.

Дар сурати собит шудани иттиҳом, ба ӯ то 20 соли зиндон таҳдид мекунад.   

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...