Эмомалӣ Раҳмон ба ҳамоиши “Як камарбанд – як роҳ” ба Чин намеравад

Нигина Аслонова, Asia-Plus

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар кори ҳамоиши сеюми байнулмилалии “Як камарбанд – як роҳ”, ки рӯзҳои 17-18 октябр дар пойтахти Чин – шаҳри Пекин доир мегардад, иштирок намекунад. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” аз хадамоти матбуоти сарвари давлат хабар доданд.

Сабаби ба ин ҳамоиш нарафтани сарвари давлатро манбаъ хабар надод, лекин зикр кард, ки рӯзҳои 19-21 октябр сафари Эмомалӣ Раҳмон ба вилояти Хатлон ба нақша гирифта шудааст.

Ба суол дар бораи Тоҷикистонро намояндагӣ кардани киҳо дар форум, аз хадамоти матбуоти президент дархост намуданд, ки ба Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ муроҷиат намоем. Аммо ба “Азия-Плюс” муяссар нашуд, ки ҳам аз Вазорат ва ҳам аз сафорати Тоҷикистон дар Чин ба ин суол посух дарёбад.

Қобили зикр аст, ки форуми сеюми лоиҳаи “Як камарбанд – як роҳ” ба 10-солагии пешниҳоди ташаббус бахшида шуда, таҳти унвони “Сохтмони хушсифати муштараки “Камарбанд ва роҳ” ва талошҳои муштарак барои расидан ба рушд ва шукуфоии умумӣ” баргузор мешавад.

Тавре ки Global Times-и Чин менависад, барои иштирок дар кори ҳамоиш ҳайати беш аз 130 кишвар ва намояндагони 30 созмони байнулмилалӣ даъват шудаанд.

Дар ҳамин ҳол, президенти Фаронса Эммануэл Макрон ва садри аъзами Олмон Олаф Шолтс, инчунин сарвари давлати Италия Ҷорҷа Мелони ба ҳамоиш даъват карда нашудаанд.

Иштироки худро дар кори форум сарони давлатҳои Қазоқистон Қосим-Жомарт Тоқаев ва Ӯзбекистон – Шавкат Мирзиёев тасдиқ намуда, президенти Русия Владимир Путин низ ба Чин раҳсипор шуд.

Ташаббуси таъсиси долонҳои иқтисодӣ дар доираи “Роҳи Абрешим”-ро роҳбари ҳозираи Чин Си Ҷинпин дар соли аввали сари ҳокимият омаданаш, соли 2013 пешниҳод карда буд. Ӯ пешниҳод намуд, ки роҳҳои савдои хушкигард ва баҳрӣ муттаҳид карда шаванд, то ки интиқоли молу маҳсулот дар саросари ҷаҳон – ба кишварҳои Осиёи Ҷанубу Шарқӣ, Африқо, Ховари Миёна ва Аврупо арзону пурсамар шавад. Танҳо дар давоми се сол ба ин ташаббус зиёда аз 150 кишвари сайёра пайвастанд.

Дар тӯли 10 сол ташаббуси “Камарбанд ва роҳ”наздик ба 1 триллион доллар сармояро ҷалб кард, ки ба таҳияи беш аз 3 ҳазор лоиҳаи муштарак ва таъсиси 420 ҳазор ҷойҳои корӣ барои кишварҳои воқеъ дар қад-қади роҳ мусоидат намуд. Дар ҳудуди ин лоиҳаи бузург (мегалоиҳа) захираҳои ғании табиӣ ҷойгир буда, 63% аҳолии сайёра зиндагӣ мекунад ва миқёси тахминии рушди иқтисодӣ 21 триллион долларро ташкил медиҳад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...