Нишасти дуюми котибони Шӯрои амният ва мушовирони амнияти миллии Ҳиндустон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ

Asia-Plus

Рӯзи 17-уми октябр дар Қазоқистон ҷаласаи дуюми котибони Шӯрои амният ва мушовирони амнияти миллии Ҳиндустон ва давлатҳои Осиёи Марказӣ баргузор гардид. Дар ин бора хабаргузории “Newscentralasia” иттилоъ додааст.

Ба гуфтаи манбаъ, дар ин нишаст Насрулло Маҳмудзода, котиби Шурои амнияти Тоҷикистон ширкат кардааст. Инчунин, дар нишасти мазкур Аҷит Довал, мушовири амнияти миллии Ҳиндустон ва мушовирону котибони амнияти миллии Қазоқистон, Қирғизистон ва Ӯзбекистон низ ширкат доштанд.

Гуфта мешавад, ки Туркманистон дар ин нишаст ҳамчун намоянда иштирок кардааст.

“Зимни ҷаласа масъалаҳои амнияти байналмилалӣ ва минтақавӣ баррасӣ гардидаанд. Аз ҷумла, рушди ҳамкорӣ дар самтҳои мубориза бо терроризму ифротгароӣ, гардиши ғайриқонунии аслиҳа ва маводи мухаддир, инчунин таъмини амнияти иттилоотӣ ва экологӣ табодули ҳамаҷонибаи афкор доир шуд”, – омадааст дар хабар.

Инчунин, дар нишасти мазкур ҷонибҳо вазъи кунунии Афғонистон ва таъсири он ба амнияту субот дар минтақаро низ баррасӣ кардаанд.

Ба гуфтаи манбаъ, Ҳиндустон аз дигар давлатҳои Осиёи Марказӣ даъват кардааст, ки барои истифода аз бандари Чобаҳор барои тиҷорати баҳрӣ дар долони байналмилалии ҳамлу нақли Шимолу Ҷануб (INSTC) шомил шуда, истифода баранд. Ҳоло гуфта мешавад, ки Ӯзбекистон ва Туркманистон омодаи пайвастан ба INSTC ҳастанд.

Дар ҷараёни мулоқот Ҳиндустон пешниҳод карда, ки Форуми замини нодири Ҳиндустон ва Осиёи Марказӣ таъсис дода шавад, ки ҳадафаш таҳкими шарикӣ дар соҳаи унсурҳои нодири замин ва маъданҳои стратегӣ мебошад. Чунин ҳамкорӣ метавонад, ба манфиати тарафайн бошад.

Дар ин ҷаласа тасмим гирифта шудааст, ки нишасти сеюми мушовирони амнияти миллии котибони Шӯрои амнияти Ҳиндустон ва Осиёи Марказӣ дар соли 2024 дар Қирғизистон баргузор гардад.

Ёдовар мешавем, ки Мулоқоти котибони Шӯрои амнияти давлатии мамлакатҳои Осиёи Марказӣ ва Ҳиндустон бори аввал соли 2022 баргузор гардида буд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...