Тоҷикистон дар сарҳад боз 24 дидбонгоҳ ифтитоҳ кард

Asia-Plus

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон имрӯз сафари кории худро ба вилояти Хатлон оғоз намуд, ки он то 21 октябр идома меёбад.

Тавре ки хадамоти матбуоти сарвари давлат хабар медиҳад, сафари кории президен аз ноҳияи Фархор оғоз шуда, дар ин ҷо ӯ дар маросими ба истифода додани дидбонгоҳи сарҳадии “Кокул” иштирок кард.

Ҳамчунин Эмомалӣ Раҳмон тавасути таҷҳизоти видеоӣ – онлайнӣ дидбонгоҳҳои сарҳадиро дар ноҳияҳои Лахш, Шамсиддин Шоҳини вилояти Хатлон, ноҳияҳои Рӯшон, Ишкошим, Мурғоб ва шаҳри Хоруғи ВМКБ ба истифода супорид.

Гуфта мешавад, дар маҷмуъ имрӯз дар сарҳади Тоҷикистон 24 дидбонгоҳи сарҳадӣ ва 96 манзили истиқоматӣ барои афсарон ба истифода дода шуд, ки дар натиҷа барои 1450 нафар афсарону сарбозон шароити арзандаву шоистаи хизмату зист муҳайё карда шуд.

Дар идома президенти ҷумҳурӣ дар маросими гузоштани санги асос барои бунёди Қасри фарҳанг дар маркази ноҳияи Фархор ширкат варзид. Бинои Қасри фарҳанг 3 ошёна буда, барои 700 ҷойи нишаст пешбинӣ шудааст. Барои сохтмони он 35 млн сомонӣ маблағгузорӣ мешавад.

Сипас сарвари давлат аз ҶДММ «Маркази тиббии Саломат» боздид намуд. Барои сохтмон ва муҷаҳҳаз гардонидани ин марказ 10 млн сомонӣ сарф шудааст.

Ҳамчунин Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷамоати деҳоти Фархор бинои ҶДММ “Маркази ташхисию табобатии Ориёно”-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор дод. Сохтмони бинои марказ ҳанӯз соли 2021 оғоз гардида, аз таҳхона, панҷ ошёна ва болохона иборат аст.

Дар ҶДММ “Маркази ташхисию табобатии Ориёно” 34 нафар, аз ҷумла 6 табиб, 14 корманди миёнаи тиббӣ ва 12 нафар корманди ёрирасон ба кор ҷалб шудаанд. Барои фаъолияти пурсамари ин маркази тиббӣ бо арзиши 12 миллион сомонӣ таҷҳизоти муосири тиббӣ харидорӣ ва васлу насб карда шудааст.

Дар ноҳияи Фархор Эмомалӣ Раҳмон бо 100 нафар ятими кулл аз ноҳияҳои Фархор, Балҷувон, Муъминобод, Темурмалик, Мир Саид Алии Ҳамадонӣ ва Шамсиддин Шоҳин мулоқот намуда, ба онҳо туҳфаҳо тақдим кард.

Дар идомаи сафари корӣ дар ноҳияи Фархор президент аз Хоҷагии деҳқонии боғпарварии “Боғи Нодир” боздид карда, бо нашъунамои шолӣ дар кишти такрорӣ, ҷамъоварии ҳосили пахта, фаъолияти гармхона ва сардхона бо ғунҷоиши 1000 тонна шинос  ва аз намоиши маҳсулоти кишоварзӣ боздид кард.

Дар хоҷагӣ, ки дорои 160 гектар буда, 80 саҳмдор дорад, дарахтони гуногуни мевадиҳанда парвариш ёфта, сабзавоту зироатҳои гуногун кишт карда мешавад.

Сафари кории сарвари давлат ба вилояти Хатлон идома дорад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...