БАОР: Касри савдои хориҷии Тоҷикистон бар асари коҳиши содироти тилло афзоиш меёбад

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Дар Гузориши макроиқтисодии Бонки авруосиёии рушд (БАОР) гуфта мешавад, омили калидии афзоиши касри савдои хориҷии Тоҷикистон коҳиши содирот мебошад.

Дар гузориш зикр мегардад, ки касри савдои хориҷӣ (зиёд будани воридот аз содирот) дар моҳи январ-августи соли ҷорӣ 2,8 млрд долларро ташкил додааст.

Гуфта мешавад, ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ба андозаи 60% (аз 1,8 млрд доллар дар моҳҳои январ-августи соли 2022) зиёд шуд.

Коҳиши ҳаҷми содиротро таҳлилгарони БАОР ба камшавии ба фурӯш баровардани тилло, фулузот (металлҳо)-и арзон (алюминии аввалия) ва маҳсулоти минералӣ (семент, ангишт, маъдан ва консентратҳо) нисбат медиҳанд.

Гуфта мешавад, дар натиҷаи афзоиши талаботи дохилӣ ба иқтисод ҳамзамон ҳаҷми воридот афзуд.

“Дар ҳамин ҳол, суръати моҳонаи афзоиши воридот суст мешавад (дар моҳи август онҳо манфӣ шуданд – бори аввал аз моҳи феврали соли 2023), ки зиёдшавии касри савдои хориҷиро нигоҳ медорад”, – менависанд муаллифони гузориш.

Бино ба маълумоти Агентии омори ҷумҳурӣ, касри савдои хориҷии ҷумҳурӣ аз рӯи натиҷаҳои моҳи сентябр боз 400 млн доллар зиёд шуда, давоми моҳҳои январ-сентябри ҳамин сол ба 3,2 млрд доллар расид.

Ҳаҷми содироти маҳсулот аз Тоҷикистон дар ин давра 971 млн доллар ва воридот – ҳудуди 4,2 млрд долларро ташкил додааст.

Дар Агентии омор коҳиши ҳаҷми содиротро дар навбати аввал – аз ҷумҳурӣ баровардани металл ва сангҳои қиматбаҳо, маснуот аз санг, гаҷ (гипс ва семент, маҳсулоти минералӣ ва нахи пахта) маънидод мекунанд.

Дар зарфи 9 моҳи соли равон кишварҳои асосии фурӯши маҳсулоти Тоҷикистон Қазоқистон (22% аз ҳаҷми умумии содирот), Чин (20,4%) ва Ӯзбекистон (12,7%) дониста шудаанд.

Ба Тоҷикистон молу маҳсулот нисбатан бештар аз Русия (26,7% аз ҳаҷми умумии воридот), Чин (20,8%) ва Қазоқистон (14,8%) ворид шудааст.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...