Намояндагони гурӯҳи Ҳамос ба Маскав омаданд

Asia-Plus

Ҳайати гурӯҳи фаластинии Ҳамос бо сафар дар Русия қарор дорад, изҳор дошт намояндаи расмии Вазорати корҳои хориҷии Русия Мария Захарова.

“Ман ҳамчунин гуфта ва тасдиқ карда метавонам, ки намояндагони ҳаракати фаластинӣ (Ҳамос) бо сафаре дар Маскав қарор доранд. Дар бораи дидору гуфтушунидҳо иловатан ба шумо хабар медиҳем”, – гуфтааст ӯ дар брифинг.

Тавре ки РБК менависад, қаблан бобати ба Маскав омадани намояндагони Ҳамос таҳти сарварии узви Шӯрои сиёсии гурӯҳ Абу Марзуқ хабар дода шуда буд.

Дар бораи бо киҳо дидору гуфтушунид кардани намояндагони Ҳамос дар Маскав хабар дода намешавад.

Ғайр аз ин, ба гуфтаи Захарова, муовини вазири корҳои хориҷии Эрон Алӣ Боқирӣ низ айни замон дар Маскав қарор дошта, бо муовини вазири корҳои хориҷии Русия Михаил Галузин вомехӯрад.

Русия бо Ҳамос равобитҳое дорад ва ба фарқият аз бисёре аз кишварҳои ҷаҳон ин гурӯҳ дар Русия террористӣ эътироф нашудааст. Ҳайатҳои Ҳамос доимо аз Маскав боздид мекунанд. Ин сафари аввалин аз оғози ҷанги нав дар навори Ғазза мебошад.

Рӯзи 9 октябр, пас аз ду рӯзи ҳамлаи Ҳамос ба Исроил сафири Фаластин дар Русия Абдул Ҳофиз Нофал изҳор дошта буд, ки президенти кишвар Маҳмуд Аббос ният дорад, ки ба Маскав ояд.

“Мо аз Кремл, аз ҷониби Русия изҳороти расмии кай анҷом додани сафарро интизорӣ дорем”, – иброз дошта буд сафир.

Намояндаи вижаи президенти Русия дар Ховари Миёна ва кишварҳои Африқо, муовини вазири корҳои хориҷии Русия Михаил Богданов рӯзи 26 октябр саҳеҳтар гуфта буд, ки Маҳмуд Аббос ояндаи наздик бо сафари расмӣ ба Маскав омада, бо Владимир Путин дидору гуфтушунид мекунад.

Маҳмуд Аббос ба Ҳаракати миллии озодихоҳии Фаластин (ФАТҲ), ҳизбе, ки Ҳамосро зери назорат дорад, роҳбарӣ мекунад. Қаламрави арабҳо дар Фаластин ба ду қисм тақсим шудааст – навори Ғаззаро Ҳамос ва Соҳили ғарбии дарёи Урдунро ФАТҲ назорат мекунанд.

Пас аз ҳамла ба Исроил дастаҳои Ҳамос аҳолии осоишта, аз ҷумла русиягиҳоро гаравгон гирифта, онҳоро дар навори Ғазза нигоҳ медоранд. Тибқи маълумоти ахири ҷониби Исроил, 138 нафар гаравгонҳои Ҳамос шаҳрвандии хориҷӣ доранд.

Байни хориҷиён бештар шаҳрвандони Таиланд – 54 нафар ва Аргентина – 15 нафар ҳузур доранд. 12-нафарӣ шаҳрвандии ИМА ва Олмон, 6-нафарӣ – шаҳрвандони Русия ва Фаронса мебошанд. Тибқи маълумоти ахири Артиши дифои Исроил (ЦАХАЛ), Ҳамос дар навори Ғазза ҳамагӣ 222 нафарро ҳамчун гаравгон нигоҳ медорад.

Дар ҳамин ҳол, намояндаи ҷиноҳи ҷангии Ҳамос Абу Убайд изҳор доштааст, ки теъдоди эҳтимолии гаравгононе, ки бар асари зарбаҳои ҳавоии Исроил ҳалок шудаанд, ҳудуди 50 нафарро ташкил медиҳад.

Санҷидани ин изҳорот тариқи манбаъҳои мустақил ҳоло ғайриимкон аст. Тавре Reuters менависад, дар изҳорот дигар ҷузъиёти иловагӣ оварда нашудааст.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...