Боздошти “мулло – табиб” барои “таҷовуз”-и зане дар Хуҷанд

Asia-Plus

Додситонии кулли Тоҷикистон аз боздошти як “табиб ва муллои ҷинбарор” дар шаҳри Хуҷанд хабар медиҳад, ки аз боварҳои динии як зан сӯистифода карда, “нисбати ӯ ҳаракатҳои хусусияти шаҳвонидошта анҷом дода, нафси шаҳвонии худро қонеъ намудааст”.

Ба иттилои манбаъ, шаҳрванд А.Н. 68-сол дошта, таҳсилоти динӣ ва тиббӣ надорад, аммо аз эътиқодоти динии мардум сӯистифода карда, бо ин роҳ маблағ ҳам ба даст меовардааст.

Ӯ худро дар байни мардум ҳамчун “мулло” ва “табиб” муаррифӣ карда, дар манзили истиқоматиаш дар маҳаллаи 12, бинои 14, ҳуҷраи 196 дар шаҳри Хуҷанд корафтодагон, аз ҷумла занонро қабул карда, бо роҳи дуохонӣ, маҳси бадан, таштобнависӣ гӯё онҳоро табобат ва ҷинҳоро аз баданашон дур мекардааст.

Тавре Додситонии кулл бо такя ба далелҳои Додситонии вилояти Суғд хабар медиҳад, рӯзи 5-уми октябр шаҳрванд М. (бо мақсади нигоҳ доштани шаъну шарафи ӯ шахсияташ ошкор карда намешавад) барои табобати дарди сар ба ин “мулло” ва “табиб” муроҷиат кардааст.

“Н.А. ӯро дуохонӣ намуда, барои ин амалаш 50 сомонӣ гирифта, бо мақсади бо сӯиистифода аз ҳиссиёт ва боварии динии номбурда қонеъ намудани нафси шаҳвонии худ ӯро бовар кунондааст, ки ҷин дорад ва таклиф намудааст, ки “ҷинбарорӣ” кунад”, – менависад манбаъ.

Додситонии кулл дар идома меафзояд, шаҳрванд М. аз мақсадҳои нопок ва ҷинояткоронаи Н.А. бехабар ба ин таклифи ӯ розӣ шуда, рӯзи 13-уми октябр ашёҳои фармудаи ӯро гирифта, боз ба манзили номбурда рафтааст.

Он рӯз ҳам Н.А. дар танҳоӣ бо баҳонаи баровардани ҷин аз бадани М. ӯро дуохонӣ намуда, дар рафти он нисбати ӯ ҳаракатҳои бадахлоқона анҷом дода, дар табақ “таштоб” навишта дода, боз 50 сомонӣ музд гирифтааст.

Баъд аз ин Н.А. як маротибаи дигар рӯзи 18-уми октябр дар манзили истиқоматиаш чунин амалҳоро анҷом дода, 50 сомонӣ гирифта, таклиф намудааст, ки табобатро дар манзили шаҳрванд М. идома диҳанд.

“Бо ин мақсад, 23-уми октябр ӯ ба манзили иҷоравии шаҳрванд М., воқеъ дар ш. Хуҷанд омада, бо баҳонаи баровардани ҷин ӯро дуохонӣ намуда, дар рафти он бо сӯиистифода аз ҳиссиёт ва боварии динии шаҳрванд М. нисбати ӯ ҳаракатҳои хусусияти шаҳвонидошта анҷом дода, нафси шаҳвонии худро қонеъ намудааст”, – менависад Додситонии кулл.

Дар натиҷаи гузаронидани чораҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ Н.А. дар ҷойи ҳодиса дастгир шудааст.

Ҳоло нисбати Н.А. бо моддаи 142(1), қисми 1 Кодекси ҷиноятӣ (алоқаи ҷинсӣ, дигар ҳаракатҳои хусусияти шаҳвонидошта ё ҳаракатҳои бадахлоқона бо суиистифода аз ҳиссиёт ва боварии динӣ) парвандаи ҷиноятӣ оғоз шудааст.

Ин банди Қонун аз се то ҳафт соли зиндонро пешбинӣ мекунад.

Тафтишоти пешакӣ бо парвандаи ҷиноятӣ идома дорад.

Бояд гуфт, ки боздошти “мулло” ва “ҷинбарор”-ҳо дар кишвар маротибаи аввар рух намедиҳад. Қаблан низ мақомоти кишвар аз боздошти чандин нафре хабар дода буданд, ки бо истифода аз эътиқоди динии сокинон нафъталабӣ кардаанд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...