Ҳамлаи Исроил ба урдугоҳи Ҷабалия ва куштори наздики 400 нафар

Asia-Plus

Бар асари ҳамлаи ҳавоии Исроил ба урдугоҳи гурезаҳои Ҷабалия дар Навори Ғазза, ҳудуди 400 нафар кушта ва захмӣ шуданд.

Дар ин бора расонаҳо бо такя ба вазорати умури дохилии Навори Ғазза хабар доданд.

Ҳамлаи ҳавоӣ ба урдугоҳи Ҷабалия дар шимоли Ғазза, ки ба гуфтаи артиши Исроил, ба хотири маҳви як фармондеҳи аршади гуруҳи Ҳамос ва тахриби таъсисоти ин гурӯҳ анҷом шудааст, вокунишҳои шадиди байнулмилалиро ба бор овард.

Вазорати умури хориҷаи Арабистони Саудӣ ҳамлаи артиши Исроил ба урдугоҳи паноҳандагони Ҷабалия дар шаҳри Ғаззаро шадидан маҳкум кард.

“Шоҳигарии Арабистони Саудӣ ҳамлаи ғайриинсонии нерӯҳои ишғолии исроилӣ ба урдугоҳи гурезаҳои Ҷабалия дар Навори Ғаззаро, ки боиси кушта ва захмӣ шудани техъдоди зиёди ғайринизомии бегуноҳ гардид, шадидан маҳкум мекунад”, – гуфта мешавад дар изҳороти вазорат.

Вазорати хориҷа артиши Исроилро, ки онро “нерӯҳои ишғолӣ” меномад, ба нақзи қонунҳои байнулмилалӣ дар шакли ҳамла ба манотиқи сераҳолӣ муттаҳам кард.

 “Ин ба он сабаб аст, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ натавонист ба нерӯҳои ишғолии Исроил фишор оварад, то ба оташбаси фаврӣ ва оташбаси башардӯстона розӣ шавад”, –  таъкид мешавад дар изҳорот.

Қатар бо маҳкум кардани ин ҳамлаи ҳавоӣ гуфт, ки ин гуна амалҳо “талошҳо барои миёнаравӣ ва коҳиши танишро заиф мекунад”.

Раисиҷумҳури Чилӣ, сиёсатмадори чапгаро Габриэл Борич эълом кард, ки кишвараш ба далели “нақзи қавонини байнулмилалӣ аз сӯйи Исроил дар навори Ғазза” сафири худ дар Исроилро барои машварат бозхонд.

"Чилӣ амалиёти низомиро шадидан маҳкум ва онро бо нигаронии зиёд назорат мекунад” истинод мекунад Reuter аз изҳороти Борич дар шабакаи X (собиқ Twitter).

Пас аз Чилӣ, кишвари дигари Амрикои Лотинӣ – Колумбия дар бораи бозхонди сафираш аз Исроил иттилоъ дод.  Дар ин бора раисиҷумҳури Колумбия Густаво Петро дар шабакаи "X" хабар дод.

“Ман тасмим гирифтам, ки сафири мо дар Исроилро бозхонам. Агар Исроил куштори дастаҷамъии мардуми Фаластинро қатъ накунад, мо дар он ҷо истода наметавонем”, – хабар медиҳад BBC бо такя ба   агентии Reuters аз суханони президенти Колумбия.

Ҳамзамон Боливия эълон кард, ки равобити дипломатиро бо Исроил қатъ мекунад. Муовини вазири хориҷаи Боливия Фредди Маманӣ сабаби ин тасмимро иқдомоти “хушунатовар ва номуносиб”-и Исроил дар ҳамалоти худ ба Ғазза унвон кард.

Боливия аввалин кишвари Амрикои Ҷанубӣ аст, ки дар посух ба даргирии Исроил бо Ҳамос дар Ғазза равобит бо Исроилро қатъ кард.

Боливия равобити худро бо Исроил дар соли 2019 барқарор кард.  Ин кишвар дар ҷараёни ҳамлаи қаблӣ ба Ғазза равобити худро бо Исроил тайи 10 сол қатъ карда буд.

Боливия гуфт, барои кӯмак ба мардуми Ғазза кумаки башардӯстона мефиристад.

Артиши Исроил гуфтааст, ба Ҷабалия барои нобуд кардани яке аз фармондеҳони Ҳамос ҳамла кардааст ва ба далели фурӯ рехтани нақбҳо бинои атроф низ фурӯ рехтаанд.

Ёдовар мешавем, ки Ҷабалия – бузургтарин урдугоҳи паноҳҷӯёни фаластинӣ дар Ғазза аст.

То июли соли 2023 Созмони Милали Муттаҳид беш аз 116 ҳазор гурезаҳои фаластиниро дар ин урдугоҳ ҳисоб кардааст.

Гурезаҳои фаластинӣ пас аз ҷанги арабу Исроил дар соли 1948 тадриҷан дар ин урдугоҳ ҷойгир карда шуданд.

Масоҳати ин урдугоҳ  ҳамагӣ 1,4 километри мураббаъ буда, асосан аз биноҳои истиқоматӣ иборат аст.

Ҷабалия 26 мактаб дар 16 бинои таълимӣ, маркази тақсими ғизо, ду маркази саломатӣ, китобхона ва ҳафт чоҳи об дорад.

Ҷабалия дар паҳлӯи урдугоҳи Шатӣ, минтақае дар шимоли Ғазза ҷойгир аст, ки артиши Исроил қаблан аз сокинони Ғазза хоста буд, дар он ҷо паноҳ баранд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...