Боздиди бонуи аввали Эрон аз ду донишгоҳ ва як мактаб-интернат дар Тоҷикистон. Ҷамила Содот Аламулҳудо кист?

Asia-Plus

Ҷамила Содот Аламулҳудо, ҳамсари раисҷумҳури Эрон Иброҳим Раисӣ, ки шавҳарашро дар сафари расмӣ ба Тоҷикистон ҳамроҳӣ мекард, дирӯз, 8-уми ноябр, ба дидани Донишгоҳи миллӣ, Донишгоҳи давлатии тиббӣ ва мактаб-интернати №1 рафтааст.

Тавре сомонаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (ДМТ) иттилоъ медиҳад, Ҷамила Содот дар ин донишгоҳ бо устодону донишҷӯён мулоқот карда, дар бораи рушди муносибатҳои дӯстонаи Эрон бо Тоҷикистон ва омӯзишу таҳқиқ сухан гуфтааст.

Ҳамчунин, дар ин мулоқот китоби Ҷамила Содот Аламулҳудо “Санъати зиндагии занон” рӯнамоӣ шудааст. Китоби мазкур тозанаш буда, дар он нақши занон дар ҷомеа таҳлил гаштааст.

Ҳамсари раисҷумҳури Эрон инчунин ба Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино (ДДТТ) рафта, бо донишҷӯёни ин донишгоҳ низ вохӯрӣ гузаронидааст.

“Хонум Ҷамила Содот Аламулҳудо бо фаъолияти донишгоҳ, аз ҷумла корҳои амалӣ, ҷараёни гузаронидани ҷарроҳӣ, намоиши китобҳои муштарак шинос шуд”, – менависад хабаргузории “Ховар”.

Ҳамчунин, Ҷамила Содот Аламулҳудо бо  тарбиятгирандагони мактаб-интернати №1 барои кӯдакони ятим ва бепарастори шаҳри Душанбе вохӯрӣ кардааст.

Мактаб-интернати №1 яке аз калонтарин муассисаҳои таълимии ҷумҳурӣ ба шумор рафта, аз рӯйи иқтидори ғунҷоиш барои 550 нафар тарбиятгирандагон пешбинӣ гардидааст.

Ҷамила Содот Аламулҳудо кист?

Бояд гуфт, ки Ҷамила Содот Аламулҳудо нависанда, пажӯҳишгар ва устоди ду донишгоҳи Эрон аст ва доктори илмҳои фалсафа мебошад. Ӯ аз камтарин бонувони аввали Эрон дониста мешавад, ки дар сафари расмӣ раиси ҷумҳури Эронро ҳамроҳӣ карда, аз муассисаҳои омӯзишии кишвар дидан кардааст.

Ҷамила Содоти Аламулҳодӣ соли 1975 дар оилаи рӯҳонии маъруф ва имоми масҷиди ҷомеи Машҳад Сайид Аҳмад Аламулҳудо ба дунё омадааст. Дар 18-солагӣ ӯ бо Иброҳими Раисӣ иҷдивоҷ карда, модари ду фарзанд – Райҳон ва Марям мебошад.

Баъдан чун нависанда, пажӯҳишгар ва устоди донишгоҳ маъруф шуд.

Ҷамила Содот дар соли 2013 дар Донишгоҳи тарбиати мадрис унвони доктори фалсафаи маорифро гирифтааст. Ҳамон сол ӯ Пажӯҳишгоҳи бунёдии илм ва фанноварии Донишгоҳи Шаҳиди Биҳиштиро таъсис дод ва то ба ҳол раҳбари он аст.

Ӯ дар факултети илмҳои таълимӣ ва равоншиносии Донишгоҳи Шаҳиди Биҳиштӣ дарс мегӯяд. Инчунин, дар курси докторантураи Донишгоҳи Шаҳиди Биҳиштӣ аз фанҳои фалсафаи таҳсилоти олӣ, антропология дар ислом, усулҳои таълим, асосҳои назариявии идоракунии маориф, мактабҳои фалсафӣ ва андешаҳои таълимӣ дарс медиҳад.

Аз моҳи марти соли 2018 дабири Шӯрои таҳаввул ва навсозии низоми маориф мебошад.

Ёдовар мешавем, ки дирӯз раисҷумҳури Эрон Иброҳим Раисӣ ба Тоҷикистон омада, бо расиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон мулоқот кард. Дар доираи ин сафар миёни Тоҷикистон ва Эрон дар маҷмӯъ 19 ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ имзо гардид.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...