Аз корхонаи “Зарафшон” то Вазорати кишоварзӣ. Беш аз 200 млн сомонӣ зарари молиявии ниҳодҳои давлатӣ ба буҷет

Asia-Plus

Оҷонсии зиддифасоди Тоҷикистон дар чанде аз вазорату идораҳои кишвар, ки дар байни онҳо  Корхонаи муштараки “Зарафшон”, Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматӣ, ҶСК “Шабакаҳои интиқоли барқ”, Гвардияи миллӣ, Оҷонсии нафақа ва Вазорати кишоварзӣ низ ҳастанд, зарари молиявиро ошкор кардааст.

Дар ин бора Сулаймон Талбакзода, муовини директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар иҷлосияи навбатии парлумони Тоҷикистон рӯзи 2-юми ноябр гузориш додааст.

Тавре рӯзномаи “Садои мардум”менависад, Сулаймон Талбакзода дар ҳузури вакилон гуфтааст, дар 9 моҳи соли равон 213,7 миллион сомонӣ зарари молиявӣ ошкор шудааст.

Ба иттилои Талбакзода, аз маблағи ошкоргардида хароҷоти ғайриқонунӣ 18,1 миллион сомонӣ, камомад ва тасарруф 24,9 млн. сомонӣ, изофанависӣ дар корҳои таъмиру сохтмонӣ 52,9 млн. сомонӣ, зарар аз фурӯш ва иҷораи амволи давлатӣ 1,6 млн. сомонӣ, талафи воситаҳои пулию молӣ 63,3 млн. сомонӣ, маблағи кам ҳисобшуда ва рӯйпӯшгардидаи андозу пардохтҳои ҳатмӣ 52,8 млн. сомониро ташкил медиҳанд.

“Зарарҳои молиявии нисбатан калон асосан зимни тафтиши Ҷамъияти дорои масъулияти  маҳдуди Корхонаи муштараки “Зарафшон” 60,7 млн. сомонӣ, муассисаҳои соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ 12,4 млн. сомонӣ, Агентии таъминоти амволи махсус 5,5 млн. сомонӣ, Муассисаи давлатии “Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматӣ” 5,1 млн. сомонӣ, ҶСК “Шабакаҳои интиқоли барқ”, шабакаҳои тақсимоти барқи шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, шаҳрҳои Душанбе, Норак, Бохтар, Гулистон ва Истаравшан 4,1 млн. сомонӣ ошкор гардид”, – гуфтааст ин масъули давлатӣ.

Ҳамчунин, зарарҳои калони молиявӣ дар зерсохтори Гвардияи миллӣ 3,9 млн. сомонӣ, Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа 2,8 млн. сомонӣ, Вазорати кишоварзӣ 2,6 млн. сомонӣ, Корхонаи воҳиди давлатии “Хоҷагии манзилию коммуналӣ” 2,5 млн. сомонӣ, “Тоҷикстандарт” 2,2 млн. сомонӣ ошкор шудааст.

Дар бораи барқарор шудани зарарҳои ошкоргардида хабар дода намешавад. Ҳамчунин гуфта намешавад, ки барои расонидани зарари молиявӣ нафаре ҷазо гирифт ё не.

Соли гузашта Палати ҳисоби Тоҷикистон хабар дод, ки чанд корманди масъули Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ, Идораи зиндонҳои Тоҷикистон, Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш ва мақомоти иҷроия дар бархе ноҳияҳоро барои зарари молиявӣ ба давлат аз мақомашон барканор кардаанд.

Ҳамчунин, Сулаймон Талбакзода гуфтааст, ки аз 6,2 млн. сомонӣ зарари молиявӣ ошкоргардида аз 14 маркази татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ 5,6 млн. сомонӣ ва аз 37,8 млн. сомонӣ зарари молиявии ошкоргардида дар ташкилоту муассисаҳои буҷетии 15 шаҳру ноҳияи ҷумҳурӣ 37 млн. сомонӣ барқарор карда шудааст.

“Аз маблағҳои ошкоршуда ба шаҳри Душанбе 7,3 млн. сомонӣ, ноҳияҳои Бобоҷон Ғафуров — 5,6, Спитамен — 3,7, Айнӣ — 3,2, Исмоили Сомонӣ — 2,5, Файзобод 2,3, Лахш — 2,2, Варзоб — 1,8, Абдураҳмони Ҷомӣ — 1,6, Дӯстӣ — 1,6, Қубодиён — 1,5, Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ — 1,3, Кӯҳистони Мастчоҳ — 1, Шуғнон 1 млн. сомонӣ ва ба Мурғоб 711,9 ҳазор сомонӣ рост меояд”, – гуфтааст ӯ.

Ошкор шудани беш аз 200 млн сомонӣ зарари молиявӣ дар 9 моҳ дар ҳолест, ки коршиносони байналмилалӣ аз вуҷуди фасод дар ниҳодҳои Тоҷикистон нигаронӣ мекунанд. Дар чанд соли охир ҳам Оҷонсии зиддифасод ва Палати ҳисоби Тоҷикстон аз ошкор шудани қонунвайронкуниҳои молиявӣ дар ниҳодҳои Тоҷикистон хабарҳо нашр мекунанд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...