Сарпарасти консулгарии Афғонистон дар Хоруғ: Таҳти ҳимояти вазорати умури хориҷии Толибон фаъолият дорем

Asia-Plus

Консулгарии генералии Афғонистон дар шаҳри Хоруғи Тоҷикистон расман фаъолият мекунад ва он мустақил буда, мустақиман таҳти ҳимоят ва ҳидояти Вазорати умури хориҷии ҳукумати Толибон* қарор дорад.

Ин нуктаро Нақибулло Деҳқонзода, сарпарасти консулгарии генералии ҳукумати Толибон дар шаҳри Хоруғи Тоҷикистон бо нашри наворе дар шабакаи “Х” (“Твиттер”-и пешин) изҳор дошт. Ин изҳороти намояндаи Толибон дар посух ба баёнияи Муҳаммад Зоҳири Ағбар, сафири ҳукумати пешини Афғонистон дар Тоҷикистон, ки гуфт, консулгарии Афғонистон дар Хоруғ “барои надоштани имконоти иқтисодӣ” аз кор мондааст, иброз гардидааст.

Зоҳири Ағбар рӯзи 7-уми ноябр дар як нишасти матбуотӣ гуфт, кормандони консулгарии генералӣ дар Хоруғ корро дар Душанбе идома медиҳанд.

“Намояндагии консулии мо дар Хоруғ  ба ҳеҷ сурат дасти Толибон нест. Мо ӯро ба хотири надоштани имконоти иқтисодӣ ба таълиқ (банд кардан) даровардем ва ҳамкорони мо дар инҷо (бинои Сафарати Афғонистон дар Тоҷикистон. – аз идора) корро идома медиҳанд”, – гуфт ӯ.

Аммо Нақибулло Деҳқонзода Зоҳири Ағбарро сафири асбақ (пешин)-и Афғонистон унвон карда, гуфт, ин изҳорот “ғайримасъулона ва орӣ аз ҳақиқат” аст.

Ӯ афзуд, “консулгарии генералии Афғонистон дар шаҳри Хоруғи Тоҷикистон намояндагии мустақил буда, мустақиман таҳти ҳимоят ва ҳидояти Вазорати умури хориҷии Аморати исломиии Афғонистон мебошад”.

Ин намояндаи ҳукумати Толибон гуфт, ин консулгарӣ мутобиқи усул ва салоҳиятҳои қонунии хеш фаъолият намуда, хадамоти консулиро ироа менамояд.

“Албатта баъд аз суқути низоми ҷумҳурият доманаи фаъолиятҳои ин намояндагӣ дар бахшҳои ироаи хадамот ба атбои Афғонистон ва хориҷии муқими Тоҷикистон аз ҷумла, табдили шиноснома, судури васоит ва раводид, ҳамкории дуҷониба ва расидагӣ дар баҳсҳои транзит, тиҷорат, масоили марзӣ, зиндониёни ҳуқуқӣ ва ҷиноӣ дар ҳамоҳангӣ бо мақомоту вазорати зирабти Тоҷикистон густариш пайдо кардааст”, – зикр кард Нақибулло Деҳқонзода.

Ӯ илова намуд, ки вазифаи як дипломат ҳалли мушкилот ва боз кардани гиреҳ, на эҷоди мушкил, зери савол бурдани манофеи миллӣ ва чолишҳо, дарди сар ба бузургону мардуми ҳарду кишвар аст.

Ин намояндаи Толибон ба роҳбарияти Тоҷикистон “барои азсаргирии хадамоти марзӣ, боз шудани бозорчаҳои муштараки марз дар Вилояти Бадахшон ва ҳамчунин, кумакҳои қобили мулоҳизаи башардӯстона ба осебдидагони зилзилаи вилояти Ҳирот” миннатдорӣ кардааст.

Ӯ ду кишварро дӯсту бародар хонда гуфтааст, ки “то бошад, ки дар тамоми арсаҳо дустӣ ва бародарии ду миллат пойдор монад”.

Макони сабти ин навор маълум нест, аммо он субҳи имрӯз, 10-уми ноябр, дар саҳифаи расмии Ҳафиз Зиё Аҳмад, муовини сухангӯ ва ёвари директор оид ба робита бо ҷомеаи Вазорати корҳои хориҷии ҳукумати Толибон интишор шуд. Ҳамчунин, расман маълум нест, ки Нақибулло Деҳқонзода консули генералии ҳукумати Толибон дар Хоруғ аст. Аммо як манбаъи мо тасдиқ кард, ки ӯ воқеан консули генералии Толибон дар Хоруғ мебошад.

Дар ҳамин ҳол, Зоҳири Ағбар, имрӯз, 10-уми ноябр, дар суҳбат бо “Азия-Плюс” аз шарҳи бештари иддаои Нақибулло Деҳқонзода худдорӣ кард ва танҳо гуфт, “консулгарии генералии Афғонистон дар шаҳри Хоруғ аз тарафи сафорат 8 моҳ ба ин сӯ тавассути ёддошти расмӣ ба таълиқ андохта шудаааст”.

Ӯ зикр кард, ки дар ин мавзӯъ зини нишасти матбуотии гузашта мавқеашро иброз дошта буд ва “зарурати вокуниши бештарро намебинад”.

Ёдовар мешавем, ки чанд рӯз пеш Муҳаммад Зоҳири Ағбар овозаҳо дар бораи фиристодани дипломати гурӯҳи Толибон ба Тоҷикистонро рад кард ва номаеро, ки дар баъзе расонаҳо ва шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн гардида буд, пора намуд. Мақомоти Толибон дар бораи ин нома расман чизе нагуфтаанд. Тоҷикистон ҳам дар ин мавзӯъ изҳори назар накардааст.

Бинои консулгарии генералии Афғонистон дар Хоруғ моҳи феврали имсол дар пайи фаромадани тарма вайрон шуда буд. Баъди ин расонаҳои Афғонистон хабар доданд, ки як ҳайати ҳукумати Толибон барои боздид ба Хоруғ омадаанд. Мақомоти Тоҷикистон хабари омадани намояндагони Толибонро ба шаҳри Хоруғ тасдиқ ё рад накардаанд.

Гуфтан зарур аст, ки то кунун як қатор кишварҳо, аз ҷумла Чин, Эрон, Русия ва Туркия сафоратҳои Афғонистонро ба намояндагони расмии Толибон таслим карда, дипломатҳои ин гурӯҳро пазируфтаанд.

Тоҷикистон аз кишварҳое мебошад, ки бо Толибон расман ҳеҷ гуна равобит надорад. Бо ин вуҷуд, додугирифти мол ва фурӯши барқ байни Тоҷикистону Афғонистон ҳамчунон идома дорад. Дар Душанбе то ҳол сафири ҳукумати пешини Афғонистон ба ҳайси намояндаи мардуми ин кишвар фаъолият мекунад.

*Дар Тоҷикистон гурӯҳи террористӣ эътироф шудааст.

Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо – "Афғонистон" бихонед.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...