Бег Сабур барои нуқтаҳои пардохти ғайринақдӣ ваъдаи пешниҳоди интернети ройгон дод

Asia-Plus

Хадамоти алоқаи Тоҷикистон барои рушди пардохтҳои ғайринақдӣ дар минтақаҳои дурдасти кишвар интернети ройгон пешниҳод мекунад. Дар ин бора ин ниҳод дар сомонааш хабар додааст.

Манбаъ гуфтааст, ин тасмим бо мақсади иҷрои фармони Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон дар робита ба вусъат додани пардохтҳои ғайринақдӣ дар кишвар рӯйи даст гирифта шудааст.

“Бо ин мақсад Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасмим гирифтааст, ки дар минтақаҳои дурдаст барои истифодабарандагон, ҶСК “Шабакаҳои тақсимоти барқ” ва операторони алоқаи барқӣ зимни амалӣ намудани пардохтҳои ғайринақдӣ, хизматрасонии интернетро ройгон пешниҳод кунад”, – гуфтааст ин ниҳод.

Илҳомҷон Атоев, муовини сардори Хадамоти алоқа дар сӯҳбати кӯтоҳи телефонӣ бо “Азия-Плюс” гуфт, ин иқдом ба нуқтаҳои қабули пардохти ғайринақдӣ рабт дорад.

“Нуқтаҳои пардохти ғайринақдӣ, ки бо постерминалҳо муҷаҳҳаз мебошанд, бо интернети бепул таъмин карда мешаванд. Ин иқдом аллакай роҳандозӣ шуда истодааст ва мо кӯшиш мекунем барои гузариш ба ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ ҳамаҷониба мусоидат кунем”, – гуфт ӯ дар суҳбат бо “Азия-Плюс”.

Ба таъкиди ниҳоди зери роҳбарии Бег Сабур, дастрасии бидуни монеа ба интернет барои густариши раванди гузариш ба ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ такони ҷиддӣ мебахшад.

Аммо то ҳол маълум нест, ки зери мафҳуми минтақаҳои дурдаст Хадамоти алоқаи кишвар кадом минтақаҳои кишварро дар назар дорад. Ҳамчунин, маълум нест, ки чӣ гуна ба ин нуқтаҳо интернети ройгон дастрас карда мешавад.

Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар паёми охири солонааш аз нархи гарону сифати пасти интернет дар кишвар нигаронӣ карда, аз масъулин талаб карда буд, ки чораандешӣ кунанд.

Ин буд, ки тайи як соли охир Бег Сабур, роҳбари Хадамоти алоқа бо намояндагони ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасонҳо вохӯрӣ гузаронида, аз онҳо талаб мекунад, ки нарху сифати интернетро беҳтар кунанд. Вале тавре маълум мешавад, вазъ пурра қонеъкунанда нест, зеро дар ҷаласаи охир Бег Сабур гуфт, корҳои анҷомдодашуда кофӣ нест.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон (ICB) ва Федератсияи футболи Тоҷикистон шартномаи нави шарикии стратегиро ба имзо расониданд. Ин қадам...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...