Аз 15 то 20 ҳазор доллар кумак барои ҷавонони эҷодкор дар Ӯзбекистон

Ҳукумати Ӯзбекистон 7-уми ноябр лоиҳаи қарореро ба баррасии умум пешниҳод кард, ки пардохти кумакпулӣ ба намояндагони соҳаи фарҳанг ва санъат, аз ҷумла ҷавонони эҷодкорро ҳангоми хариди манзил ё сохтмони хона пешбинӣ мекунад. Дар ин бора centralasian.org хабар медиҳад. Тибқи лоиҳа, ба намояндагони бахши фарҳангу ҳунари Ӯзбекистон ҳангоми харидани хона тариқи ипотека 50 дарсади арзиши маблағ […]

Asia-Plus

Ҳукумати Ӯзбекистон 7-уми ноябр лоиҳаи қарореро ба баррасии умум пешниҳод кард, ки пардохти кумакпулӣ ба намояндагони соҳаи фарҳанг ва санъат, аз ҷумла ҷавонони эҷодкорро ҳангоми хариди манзил ё сохтмони хона пешбинӣ мекунад. Дар ин бора centralasian.org хабар медиҳад.

Тибқи лоиҳа, ба намояндагони бахши фарҳангу ҳунари Ӯзбекистон ҳангоми харидани хона тариқи ипотека 50 дарсади арзиши маблағ аз ҳисоби даромадҳои иловагии буҷаи давлат кумак карда хоҳад шуд.

Ҳаҷми ин кумаки молӣ барои сокинони Қарақалпоқистон то 192,5 миллион сӯм (ҳудуди 15,7 ҳазор доллар) ва барои сокинони шаҳру вилояти Тошканд то 245 миллион сӯм (тақрибан 20 ҳазор доллар) муайян шудааст.

Ин лоиҳа, ки дар сомонаи санадҳои меъёриву ҳуқуқии Ӯзбекистон нашр шудааст, баҳсҳоеро дар миёни корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ ба бор овардааст. Корбарон гуфтаанд, ҳукумат ба ҷои кумак ба намояндагони илму маориф, ки шароити “он қадар хуб надоранд”, мехоҳад, ба сарояндаҳои “доро” ёрӣ расонад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио