Теъдоди кӯдакони кушташуда дар Ғазза ба 4 ҳазору 630 нафар расид. Муҳимтарин ҳаводиси ҷанги Исроил дар Фаластин

Вазири дифои Исроил Йоав Галант гуфт, ки гурӯҳи фаластинии Ҳамос дигар навори Ғаззаро назорат намекунад. Ба гуфтаи ӯ, аъзои Ҳамос ба самти ҷануби навори Ғазза фирор ва мардум “пойгоҳҳои Ҳамосро ғорат мекунанд”. Вазъият дар бемористонҳо дар шимоли Ғазза вазнин боқӣ мемонад.  Ба гуфтаи вазорати беҳдошти Ғазза, ки таҳти назорати Ҳамос аст, дар минтақа ягон бемористони […]

Алимшоҳ Меҳрзода, Asia-Plus

Вазири дифои Исроил Йоав Галант гуфт, ки гурӯҳи фаластинии Ҳамос дигар навори Ғаззаро назорат намекунад. Ба гуфтаи ӯ, аъзои Ҳамос ба самти ҷануби навори Ғазза фирор ва мардум “пойгоҳҳои Ҳамосро ғорат мекунанд”.

Вазъият дар бемористонҳо дар шимоли Ғазза вазнин боқӣ мемонад.  Ба гуфтаи вазорати беҳдошти Ғазза, ки таҳти назорати Ҳамос аст, дар минтақа ягон бемористони пурра фаъол боқӣ намондааст. Вазъияти душвортарин дар наздикии Ал-Шиф, бузургтарин бемористони Ғазза, ки дар он чандсад бемор ва ғайринизомӣ боқӣ мондааст, ба вуҷуд омадааст. Дар беморхона кувваи барқ нест. Артиши Исроил ба бемористон наздик шудааст ва дар ин минтақа ҷанг идома дорад.

Дирӯз, 13-уми ноябр, 564 хориҷӣ, аз ҷумла ҳудуди 100 шаҳрванди Русия аз навори Ғазза тавассути гузаргоҳи Рафаҳ берун оварда шуданд.

Вазорати беҳдошти Ғазза хабар дод, ки дар ҳамлаҳои Исроил дар ин навор беш аз 11 ҳазору 240 нафар кушта шудаанд, ки 4630 ҳазор нафари онҳо кӯдакон буданд. Ба гузориши расонаҳои исроилӣ, шумори сарбозони исроилии кушташуда аз оғози амалиёти заминӣ ба 44 нафар расидааст.

Ҷанг ҳамоно идома дорад ва поёни он ҳанӯз номаълум аст.

Дар ҳамин ҳол, даҳҳо кишвари исломӣ бо маҳкум кардани ваҳшоният дар Навори Ғазза, аз Созмони миллали муттаҳид талаб карданд, ки риояи қарорҳои қаблан қабулкардаашро таъмин кунад.

Ин кишварҳои исломӣ дар Саммити изтирории кишварҳои арабӣ ва исломӣ дар шаҳри Ар-Риёзи Арабистони Саудӣ гирди ҳам омаданд ва мавқеи худро оид ба қазияи Исроилу Фаластин иброз доштанд.

Ҷанги ахир 7-уми октябр, дар пайи ҳамлаи ҷангҷӯёни Ҳамос ба Исроил оғоз ёфт. Дар ҷавоб ба ин, Исроил Навори Ғаззаро муҳосира ва ба мушакборон оғоз кард.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.