“Фурсати донистан”: Барои ҳалли баҳс байни соҳибкорон ба арбитражи байналмиллалии тиҷоратӣ чигуна бояд муроҷиат кард?

Date:

Ҳар ҳафта дар барномаи “Фурсати донистан”-и радиои “Азия-Плюс” мо бо ҳуқуқшиносон дар мавриди масоили расмиёти маъмурӣ мусоҳибаи ихтисосӣ анҷом медиҳем. Ин бор меҳмони барнома ҳуқуқшиноси маъруф ва вакили дифоъ Мадина Отабоева буд, ки бо Меҳрубон Зокирӣ мавзуи ҳалли баҳс байни соҳибкорон дар арбитражи байналмиллалии тиҷоратиро ба баҳс кашиданд.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти арбитражи байналмиллалии тиҷоратӣ дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи арбитражи байналмиллалии тиҷоратӣ” ба танзим дароварда мешавад. Қонуни мазкур муносибатҳоро вобаста ба ташкил ва фаъолияти арбитражи байналмилалии тиҷоратӣ, инчунин тартиб, шартҳои эътироф ва иҷрои ҳалномаҳои арбитражи байналмилалии тиҷоратиро дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба танзим медарорад.

Ба арбитражи байналмилалии тиҷоратӣ бо созиши тарафҳо мумкин аст баҳсҳои аз муносибатҳои шартномавӣ ва дигар муносибатҳои ҳуқуқии гражданӣ, ки ҳангоми амалисозии савдои хориҷӣ ва дигар робитаҳои байналмилалии иқтисодӣ байни субъектони онҳо ба миён меоянд, супорида шаванд, агар яке аз ташкилотҳои тиҷоратии тарафҳо берун аз қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон воқеъ бошад. 

Арбитражи байналмилалии тиҷоратӣ инчунин метавонад дигар баҳсҳоеро баррасӣ намояд, ки хусусияти иқтисодӣ дошта, бо созиши тарафҳо супоридани ҳалли баҳс ба арбитражи байналмилалии тиҷоратӣ пешбинӣ гардида, ба қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат надошта бошад.

 

Арбитражи байналмиллалии тиҷоратӣ чист?

Арбитраж, яъне арбитражи байналмилалии тиҷоратии доимоамалкунанда, арбитражи байналмилалии тиҷоратии якборамалкунанда, ки барои баррасии баҳси мушаххас таъсис ёфтааст, ба ҳисоб меравад.

Арбитр бошад- ин шахси воқеие, ки аз ҷониби тарафҳо интихоб гардидааст ё бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузорӣ барои ҳалли баҳсҳо дар арбитраж таъин гардидааст.

Фаъолияти арбитраж ба принсипҳои зерин асос меёбад:

– баробарҳуқуқии тарафҳо;

– интихоби озоди ҳайати арбитраж, ҳуқуқи татбиқшаванда, расмиёт ва забони мурофиаи арбитражӣ аз ҷониби тарафҳо;

– тобеияти шартномавии парвандаҳои баррасишаванда;

– афзалияти принсипҳои умумиэътирофгардидаи ҳуқуқи байналмилалӣ;

– мустақилияти арбитраж ва арбитрҳо;

– махфиёна будани муҳокимаи арбитражӣ;

– мусоидат ба хотимаёбии баҳс бо роҳи созиши оштии тарафҳо;

– қатъӣ будани ҳалномаи арбитражии аз ҷониби арбитраж қабулгардида.

 

Созишномаи арбитражӣ чӣ гуна навъи созишнома аст?

Созишномаи арбитражӣ дар шакли хаттӣ баста мешавад. Созишнома басташуда ҳисоб мешавад, агар шартҳои он дар ҳуҷҷати байни тарафҳо имзошуда, ё тариқи мубодила бо мактубҳо, хабардор намудан тавассути телетайп, телеграф ё бо истифодаи дигар воситаҳои алоқаи электронӣ, ки бақайдгирии чунин созишномаро таъмин менамояд ва ё тавассути мубодилаи аризаи даъвогӣ ва бозхонди даъво, ки дар он яке аз тарафҳо мавҷудияти созишномаро тасдиқ намуда, тарафи дигар онро рад накардааст, пешбинӣ шуда бошад.

Истинод дар шартнома ба ҳуҷҷате, ки тавзеҳоти арбитражиро дорад, ба шарте созишномаи арбитражӣ ба ҳисоб меравад, ки шартнома дар шакли хаттӣ баста шуда бошад ва истиноди мазкур тавзеҳоти номбаршударо қисми таркибии он гардонад.

Агар тарафҳо дар созишномаи арбитражӣ супоридани баҳсро барои баррасӣ ба арбитраж пешбинӣ намуда бошанд, дар сурати дар созишнома  набудани тартиби дигари баррасии баҳс, тибқи Дастури арбитраж баррасии баҳс мувофиқашуда эътироф карда мешавад. 

Муроҷиати тарафҳо бо дархости андешидани чораҳо оид ба таъмини даъво то ва ё дар давраи баррасии парванда дар арбитраж ба суди босалоҳият, инчунин баровардани таъинот аз ҷониби суди босалоҳият оид ба андешидани чораҳои қабулгардида наметавонад созишномаи арбитражиро бекор кунад.

Суди босалоҳияте, ки ба он вобаста ба масъалаи предмети созишномаи арбитражӣ даъво пешниҳод карда шудааст, агар ҳар яке аз тарафҳо дар ин бора на дертар аз пешниҳоди аризаи аввалаи худ вобаста ба моҳияти баҳс хоҳиш карда бошанд, даъворо бе баррасӣ мемонад. Суди босалоҳият агар ба хулосае ояд, ки созишномаи арбитражӣ беэътибор аст ё эътибори худро гум намудааст ва ё иҷронашаванда аст, қонеъ гардонидани чунин хоҳишро рад мекунад.

Пешниҳоди даъво ба суди босалоҳият оид ба масъалае, ки предмети созишномаи арбитражӣ мебошад, барои баррасии ин парванда ва қабули ҳалномаи арбитражӣ монеа шуда наметавонад.

 

Тартиби пешниҳод намудани аризаи даъвогӣ ба арбитражи байналмиллалии тиҷоратӣ чӣ гуна аст?

Агар тарафҳо ба мувофиқаи дигар нарасида бошанд, истеҳсолот оид ба парванда дар арбитраж барои баррасии баҳси мушаххас аз ҳамон рӯзе оғоз мегардад, ки ҷавобгар аризаи даъвогиро гирифтааст. Истеҳсолот оид ба парванда дар арбитражи доимоамалкунанда бо тартибе, ки дар Дастури арбитраж муайян гардидааст, оғоз меёбад.

Даъвогар талаботи худро дар аризаи даъвогӣ дар шакли хаттӣ баён намуда, онро ба арбитраж месупорад. Нусхаи аризаи даъвогӣ аз ҷониби арбитраж ба ҷавобгар супорида мешавад.

Дар аризаи даъвогӣ бояд маълумоти зерин нишон дода шаванд:

-номи арбитраже, ки ба он ариза пешниҳод карда мешавад;

-санаи додани аризаи даъвогӣ;

-насаб, ном, номи падари даъвогар, маҳалли истиқомат ё маҳалли ҷойгиршавии он, инчунин насаб, ном, номи падари намоянда ва суроғаи он, агар аризаро намоянда пешниҳод карда бошад;

-насаб, ном, номи падари ҷавобгар, маҳалли истиқомат ё маҳалли ҷойгиршавии он;

-номи ташкилот, суроғаи почта ва маълумоти (реквизитҳои) бонкӣ (агар тарафҳо шахси ҳуқуқӣ бошанд);

-моҳияти вайрон кардани ҳуқуқ, озодӣ ва манфиатҳои қонунии даъвогар ва талаботи ӯ;

-ҳолатҳое, ки даъвогар талаботи худро асоснок месозад ва далелҳое, ки ин ҳолатҳоро тасдиқ мекунанд;

-нархи даъво, агар даъво боиси арзёбӣ бошад, инчунин ҳисоби маблағҳои ситонидашаванда ё баҳснок.

Дар аризаи даъвогӣ рақами телефонҳо, факсҳо, почтаи электронии даъвогар, намояндаи ӯ, ҷавобгар, дигар маълумотро, ки барои баррасӣ ва ҳалли парванда аҳамият доранд, зикр кардан мумкин аст.

Аризаи даъвогиро даъвогар ё намояндаи ӯ, ки барои имзои ариза ва пешниҳоди он ба арбитраж ваколатдор мебошад, имзо мекунад.  Агар даъвогар шахси ҳуқуқӣ бошад, имзо бо мӯҳри шахси ҳуқуқӣ тасдиқ карда мешавад.

 

Ба аризаи даъвогӣ ҳуҷҷатҳои зерин замима мегарданд:

-нусхаи аризаи даъвогӣ мутаносибан ба теъдоди ҷавобгарон;

-ваколатнома ё дигар ҳуҷҷати тасдиқкунандаи ваколати намояндаи даъвогар;

-ҳисоби маблағҳои ситонидашаванда ё баҳсноке, ки аз ҷониби даъвогар, намояндаи ӯ имзо шудаанд, бо нусхаҳо мутаносибан ба теъдоди ҷавобгарон.

Ҷавобгар ҳуқуқ дорад ба даъвогар ва арбитраж изҳори назар ба аризаи даъвогӣ пешниҳод намуда, дар он норозигии худро ба даъво баён намояд. Изҳори назар ба аризаи даъвогӣ ба даъвогар ва арбитраж бо тартиб ва мӯҳлатҳои муқаррарнамудаи Дастури арбитраж пешниҳод карда мешавад. Агар мӯҳлати пешниҳоди изҳори назар ба аризаи даъвогӣ бо Дастури арбитраж муайян нашуда бошад, он гоҳ изҳори назар дар мӯҳлати то 10 рӯз баъди гирифтани  нусхаи аризаи даъвогӣ  пешниҳод карда мешавад.

Дар ҷараёни баррасии  парванда тараф ҳуқуқ дорад талаботи даъво ё норозигиашро нисбати даъво тағйир диҳад ё ба он илова намояд ва ё аз даъво ё норозигӣ даст кашад.

 

Арбитраж аризаи даъвогиро дар ҳолатҳои зерин бармегардонад:

-байни тарафҳо созишномаи арбитражӣ мавҷуд набошад;

-даъво ба арбитраже пешниҳод шуда бошад, ки он дар созишномаи арбитражӣ пешбинӣ нашудааст;

-предмети даъво аз доираи созишномаи арбитражӣ баромада бошад;

-аризаи даъвогӣ аз ҷониби шахсе ба имзо расида бошад, ки барои имзо кардани он ваколат надорад;

-даъвогар оид ба баргардонидани аризаи даъвогӣ ариза пешниҳод карда бошад;

-дар истеҳсолоти ҳамин арбитраж ё арбитражи дигар парвандае мавҷуд бошад, ки байни ҳамин тарафҳо вобаста ба ҳамин предмет ва асосҳо баҳс меравад.

Ҳангоми баргардонидани аризаи даъвогӣ арбитраж таъинот мебарорад.

Баргардонидани аризаи даъвогӣ барои муроҷиати такрории даъвогар ба арбитраж бо аризаи даъвогӣ ба ҳамин ҷавобгар оид ба ҳамин предмет ва асосҳо монеъ шуда наметавонад, агар аризадиҳанда норасоиҳои ҷойдоштаро, ки дар таъиноти арбитраж оиди баргардонидани аризаи даъвогӣ зикр шудаанд, бартараф намуда бошад.

Ин матлаб дар ҳамкорӣ бо Ҷамъиятӣ олмонии ҳамкориҳои байналмилалӣ дар доираи лоиҳаи "Шаҳрванд дар расмиёти маъмурӣ ва истеҳсолоти иҷро" омода шудааст.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 11:00 дар Театри давлатии лӯхтаки...

Ҷинояткорӣ миёни ноболиғон афзудааст. Рамазон Раҳимзода онро “ташвишовар” хонд

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 12-уми феврал...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 15:00 Диловар Андалибов, овозхони ҷавони...

Додситони кул муноқишаи додситони Бӯстон ва ба таври мармуз аз вазифа озод шудани додситони пешини Хатлонро шарҳ дод

Додситони кулли Тоҷикистон тасдиқ кард, ки барканории Абдуқаҳҳор Азизов...