Марҳилаи интихобии Ҷоми ҷаҳон оид ба футбол-2026: Пагоҳ Тоҷикистон бо Покистон дар Исломобод бозӣ мекунад

Пагоҳ, 21-уми ноябр, соати 14:00 бо вақти Душанбе, тими миллии футболи Тоҷикистон дар доираи марҳилаи интихобии Ҷоми ҷаҳон оид ба футбол-2026 бо дастаи мунтахаби Покистон дар Исломобод рақобат мекунад. Дар ин бора Федератсияи футболи Тоҷикистон иттилоъ медиҳад. Ба иттилоъи манбаъ, тими миллии Тоҷикистон барои баргузор намудани бозии дуюми марҳилаи интихобии Ҷоми ҷаҳон оид ба футбол-2026 […]

Муҳаммадшарифи Ёрмуҳаммад, махсус барои Asia-Plus

Пагоҳ, 21-уми ноябр, соати 14:00 бо вақти Душанбе, тими миллии футболи Тоҷикистон дар доираи марҳилаи интихобии Ҷоми ҷаҳон оид ба футбол-2026 бо дастаи мунтахаби Покистон дар Исломобод рақобат мекунад.

Дар ин бора Федератсияи футболи Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.

Ба иттилоъи манбаъ, тими миллии Тоҷикистон барои баргузор намудани бозии дуюми марҳилаи интихобии Ҷоми ҷаҳон оид ба футбол-2026 аллакай вориди шаҳри Исломобод, пойтахти Покистон шудааст.

Бозӣ дар варзишгоҳи “Ҷинна”-и шаҳри Исломобод баргузор мегардад.

Сармураббии тими миллии Тоҷикистон Петр Сегрт ба Исломобод 24 бозигар – 3 дарвозабон, 7 ҳимоятгар, 10 нимҳимоятгар ва 4 ҳамлагарро бурдааст.

Барои дастгирии тими миллии Тоҷикистон оид ба футбол ба Покистон теъдоде аз мухлисони тоҷик низ сафар хоҳанд кард. Дар ин бора чанде аз блогерони тоҷик бо нашри хабар дар саҳифаҳои худ иттилоъ дода, аз сокинони кишвар даъват карданд, ки онҳоро ҳамроҳӣ кунанд.

Бояд гуфт, ки Тоҷикистон бозии нахустини худро дар марҳилаи интихобии Ҷоми ҷаҳонии футбол-2026 дар гуруҳи “G” дар Душанбе муқобили дастаи Урдун баргузор ва бо ҳисоби 1-1 мусовӣ кард.

Ду дастаи дигари ин гуруҳ – Арабистони Саудӣ ва Покистон дар Ар-Риёз бозӣ карданд. Арабистони Саудӣ дар ин бозӣ бо ҳисоби калони 4-0 ғалаба кард са садрнишини гуруҳ гардид.

Ҳамакнун, дар даври дуюм тими Урдун бо дастаи Арабистони Саудӣ бозӣ хоҳад кард.

Айни ҳол, баъд аз даври якум, тими миллии Арабистони Саудӣ бо 3 имтиёз садрнишини гуруҳи “G” аст. Дастаҳои Урдун ва Тоҷикистон бо 1 холӣ мутаносибан дар зинаҳои 2 ва 3 қарор доранд. Покистон бидуни имтиёз дар мақоми охири гуруҳ қарор гирифтааст.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.