Моякӯбии кӯдакон аз бемории пневмококкӣ дар Тоҷикистон

Аз 20 то 30-юми ноябр дар Тоҷикистон Рӯзҳои моякӯбии (иммунизатсияи) оммавӣ бар зидди сирояти пневмококкӣ байни кӯдакони осебпазири аз 1,5 то 5-сола гузаронида мешавад. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” аз Маркази ҷумҳуриявии иммунопрофилактика хабар доданд. Бино ба иттилои манбаъ, дар ин рӯзҳо беш аз 838 ҳазору 843 нафар кӯдак дар 65 шаҳру навоии кишвар, аз […]

Asia-Plus

Аз 20 то 30-юми ноябр дар Тоҷикистон Рӯзҳои моякӯбии (иммунизатсияи) оммавӣ бар зидди сирояти пневмококкӣ байни кӯдакони осебпазири аз 1,5 то 5-сола гузаронида мешавад. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” аз Маркази ҷумҳуриявии иммунопрофилактика хабар доданд.

Бино ба иттилои манбаъ, дар ин рӯзҳо беш аз 838 ҳазору 843 нафар кӯдак дар 65 шаҳру навоии кишвар, аз ҷумла шаҳри Душанбе, моякӯбӣ мешаванд.

Рӯзҳои иммунизатсияи оммавӣ бо мақсади таъмин намудани амнияти солимии аҳолии мамлакат, пешгирӣ ва мубориза бар зидди бемориҳои сироятии ба воситаи иммунизатсия идорашаванда гузаронида мешаванд.

Дар маркази мазкур илова намуданд, ҳадаф аз баргузории ҳамоиш устувор нигоҳ доштани масунияти кӯдакон бар зидди сирояти пневмококкӣ ва баланд бардоштани сатҳи маълумотнокии аҳолӣ оид ба аҳаммияти иммунизатсия дар пешгирии бемориҳои сироятии ба воситаи ваксинаҳо пешгиришаванда маҳсуб мешавад.

Пневмококкӣ беморие мебошад, ки асосан кӯдакон ба он  гирифтор мешаванд. Он метавонад  бемориҳоии синусит, пневмония, бронхит, эндокардит, артрит, сепсис ва ғайрраҳо ба вуҷуд орад.

Сирояти пневмококкӣ тавассути қатраҳои ҳавоӣ ва тамос аз интиқолдиҳандагони бемор ба шахси солим сироят мекунад.

Бояд зикр кард, ки баъди моякӯбӣ бар зидди пневмококкӣ баъзан дар кӯдакон беҳолӣ, хоболудӣ, баста шудани иштиҳо, баландшавии ҳарорат, сурхшавӣ ва дар ҷойи эмшуда варам мушоҳида мешавад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.