Дар Тоҷикистон Рӯзи байналмилалии кӯдакон таҷлил мегардад

Дар Тоҷикистон бо дастгирии ЮНИСЕФ, Ҳукумати Тоҷикистон ва шарикон бо мақсади баёни андешаҳои худ роҷеъ ба масъалаҳои барояшон муҳим кӯдакон ва ҷавонон як қатор чорабиниҳоро баргузор менамоянд. Дар Тоҷикистон кӯдакон ва наврасон дар доираи як қатор чорабиниҳои бахшида ба Рӯзи байналмилалии кӯдакон, ки рӯзи амал барои кӯдакон ва аз ҷониби кӯдакон мебошад, фикри худро роҷеъ […]

Маводи шарикон

Дар Тоҷикистон бо дастгирии ЮНИСЕФ, Ҳукумати Тоҷикистон ва шарикон бо мақсади баёни андешаҳои худ роҷеъ ба масъалаҳои барояшон муҳим кӯдакон ва ҷавонон як қатор чорабиниҳоро баргузор менамоянд.

Дар Тоҷикистон кӯдакон ва наврасон дар доираи як қатор чорабиниҳои бахшида ба Рӯзи байналмилалии кӯдакон, ки рӯзи амал барои кӯдакон ва аз ҷониби кӯдакон мебошад, фикри худро роҷеъ ба масъалаҳои барояшон муҳим баён мекунанд.

Аз силсилаи чорабиниҳое, ки аз ҷониби Комиссияи миллӣ оид ба ҳуқуқи кӯдак ташкил шудаанд то мубоҳисаҳои оммавӣ, кӯдакон ва наврасон дар муҳокимаи масъалаҳои вобаста ба иқлим, солимии равонӣ, фарогирӣ, омодагии касбӣ ва ғизои дуруст бо намояндагони калидии Ҳукумати Тоҷикистон, шарикони рушд ва бахши хусусӣ ширкат меварзанд.

“Ҷавонон дар Тоҷикистон фаъоланд ва ба калонсолон ва тасмимгирандагон мегӯянд, ки дар хусуси масълаҳои муҳим барои кӯдакон ба онҳо гӯш андозанд. Ҷавонон оянда ва имрӯзи кишвари мо мебошанд ва гӯш андохтанд ба садо ва андешаҳои онҳо, инчунин таҳияи платформа барои суханронӣ ва табодули афкори онҳо муҳим мебошад. Ман аз ҷасорат ва устувории онҳо дар ҳайрат ҳастам”, – гуфт Артур ван Дизен, сардори намояндагии ЮНИСЕФ дар Тоҷикистон.

Аз 20 то 26-уми ноябр давоми ҳафта ЮНИСЕФ дар якҷоягӣ бо Ҳукумати Тоҷикистон ва шарикон як қатор чорабиниҳоро баргузор менамояд, ки ба пешбурди ғояи эҷоди як ҷаҳони беҳтар ва боз ҳам одилона барои ҳар як кӯдак дар Тоҷикистон нигаронида мешаванд. Аз ҷумла:

Муколамаҳо бо ҷавонон доир ба мавзӯъҳои тағйирёбии иқлим, малакаҳои касбӣ, фарогирӣ, солимии равонӣ ва ғизои дуруст бо иштироки коршиносон, намояндагони ҳукумат, роҳбарони созмонҳои байналмилалии дуҷониба, муассисаҳои байналмилалии молиявӣ ва роҳбарон аз бахши хусусӣ, инчунин зиёда аз 50 ҷавони аз 14 то 24-сола барои баррасӣ ва пешниҳоди маҷмӯи ғояҳои асосӣ дар шакли пешниҳодҳо ба тасмимгирандагони асосӣ дар кишвар.

Таҳти роҳбарии ҷавонон гузаронидани барномаҳо дар радио роҷеъ ба тағйирёбии иқлим ва солимии равонӣ бо мақсади баланд бардоштани сатҳи огоҳӣ ва муҳокимаи масъалаҳои муҳим барои ҷавонон.

Мусобиқаи футбол дар байни кӯдакон бо роҳбарии Федератсияи футболи Тоҷикистон дар шаҳри Турсунзода ҷиҳати ҷалби кӯдакон ва ҷавонон, инчунин баланд бардоштани сатҳи огоҳӣ аз мушкилоти асосии ҳуқуқи кӯдак дар Тоҷикистон.

Бо ранги кабуд чароғон кардани биноҳо дар шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд ва Бохтар ҳамчун нишони дастгирӣ ва кӯмак ба кӯдакон дар бозтасаввурсозии ояндаи беҳтар.

Намоиши спектал дар театри «Лухтак», ки аз ҷониби кӯдакон ва ҷавонон таҳия гардидааст ва ба мавзӯъҳои таҳқир ва доғгузории кӯдакони маъюбиятдошта бахшида шудааст.

Бо мақсади баланд бардоштани сатҳи огоҳӣ аз ҳуқуқи кӯдакон роҳандозии модули таълимӣ барои наврасон оид ба ҳуқуқҳои асосии кӯдак дар 50 мактаб.

Илова бар чорабиниҳои дар боло зикршуда, вакили ЮНИСЕФ оид ба ҳуқуқи кӯдак ва дӯсти ЮНИСЕФ дар Тоҷикистон Сафармуҳаммад Қодирӣ барои баланд бардоштани сатҳи огоҳӣ, дастгирии ҳуқуқи кӯдакон ва мушкилоти ҷавонон тавассути шабакаҳои иҷтимоии худ, инчунин иштирок дар муколамаи таҳти мудирияти ҷавонон дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон, ки субҳи 20 ноябри соли 2023 баргузор мегардад, мусоидат хоҳад кард.

Рӯзи ҷаҳонии кӯдакон ҷашни асосии байналмилалии ЮНИСЕФ мебошад, ки ҳамасола 20 ноябр таҷлил мегардад. Ҳадафи он баланд бардоштани сатҳи огоҳӣ ва суръат бахшидан ба пешрафт дар татбиқи ҳуқуқи кӯдакон мебошад.

Имсол Тоҷикистон 30-умин солгарди тасвиби Конвенсияи ҳуқуқи кӯдакро ҷашн мегирад. Аз замони тасвиб дар соли 1993 барои таъмини риояи ҳуқуқ ва некуаҳволии ҳар як кӯдак дар кишвар, бо диққати махсус ба эҳтиёҷмандон, Ҳукумати Тоҷикистон ва ЮНИСЕФ ҳамкории муштарак доранд.

Бо назардошти он, ки конференсияи COP28 санаи 30 ноябри 2023 оғоз мегардад, Рӯзи ҷаҳонии кӯдакон барои таъкиди он, ки буҳрони иқлим буҳрони ҳуқуқи кӯдак мебошад, платформаи беназир мегардад. Имсол Кумитаи ҳуқуқи кӯдак Шарҳи умумии №26-ро пешниҳод кард, ки дар он оварда шудааст, ки чӣ гуна дар самти ҳифзи муҳити зист ҳуқуқи кӯдак мувофиқи Конвенсияи ҳуқуқи кӯдак татбиқ мегардад, инчунин тасдиқ мешавад, ки кӯдакон ба муҳити тоза, солим ва устувор ҳақ доранд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 17 апрели соли 2026

Аз интихоби раиси Маҷлиси миллӣ то зодрӯзи Абдулаҳад Қаҳҳоров ва даргузашти Сталина Азаматова

#AP30/Коршинос. Рашид Ғанӣ Абдулло: “Азия-Плюс”муаррифи Тоҷикистон шуд

Сиёсатшинос ва таҳлилгари шинохтаи тоҷик ба табрики “Азия-Плюс” омад ва дар бораи мавқеи он дар арсаи расонаҳои кишвар ва минтақа андешаашро иброз дошт.

Дафтари САҲА дар Душанбе “Азия-Плюс”-ро ба 30-солагиаш табрик кард

Ин созмон саҳми расонаи моро дар рушди журналистика дар кишвар муҳим арёзбӣ кард.

Дар Тоҷикистон минтақаҳои озоди иқтисодӣ рақамӣ мешаванд

Минбаъд соҳибкорон имкон пайдо мекунанд, ки дархостҳои худро ба таври онлайн пешниҳод кунанд..

Заҳролудшавии 4 кас баъди истеъмоли гушти мурғ дар яке аз ошхонаҳои Панҷакент

Ошхонае, ки сокинон заҳролуд шудаанд, муваққатан баста шудааст.

Тасдиқи реҷаи нави кори мағоза ва тарабхонаву марказҳои дилхушӣ дар Душанбе. Онҳо то кай бояд кор кунанд?

Соҳибони марказҳои савдову хидматрасонӣ бояд реҷаи кори худро бо комиссияи шаҳрдорӣ мувофиқа кунанд.

Русия 27 шаҳрванди Тоҷикистонро аз Эрон берун баровардааст

Онҳо дар нерӯгоҳи ҳастаии "Бушаҳр" кор мекарданд.

Муштзанони тоҷик дар марҳилаи якуми Ҷоми ҷаҳон дар Бразилия ширкат мекунанд

Федератсияи бокси Тоҷикистон ҳайати дастаро, ки аз 4 варзишгар иборат аст, эълон кард.