Тоҷикистон бозиро бо Урдун мусовӣ кард

Дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон бозии аввалини худро дар марҳилаи интихобии Ҷоми ҷаҳон-2026 бо тими миллии Урдунро дар майдони худ мусовӣ кард. Ин бозии гурӯҳи G шоми панҷшанбеи 16-уми ноябр дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе доир гардид. Нимаи аввали бозӣ бидуни гол поён ёфт, ҳарчанд бозигарони мунтахаби Тоҷикистон фаъол буданд. Нимаи дувуми бозӣ бо бартарии урдуниҳо […]

Asia-Plus

Дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон бозии аввалини худро дар марҳилаи интихобии Ҷоми ҷаҳон-2026 бо тими миллии Урдунро дар майдони худ мусовӣ кард.

Ин бозии гурӯҳи G шоми панҷшанбеи 16-уми ноябр дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе доир гардид.

Нимаи аввали бозӣ бидуни гол поён ёфт, ҳарчанд бозигарони мунтахаби Тоҷикистон фаъол буданд. Нимаи дувуми бозӣ бо бартарии урдуниҳо сипарӣ шуд.

Дар охири нимаи дувуми дидор тамошогарон шоҳиди ду гол шуданд. Нахуст мизбонон ҳисобро кушоданд. Ҳуҷуми мунтахаби Тоҷикистонро ҳамлагар Шаҳром Самиев дар дақиқаи 89-ум бо гол анҷом дод.

Вале дар се дақиқаи ба замони асосии дидор изофакарда ба урдуниҳо муяссар шуд, ки ҳисобро баробар намоянд. Язан Ал-Наймат тӯби ба ӯ ирсолкардаи ҳамдастаашро аз масофаи наздик ба тӯри дарвозаи мизбонон равон карда, ҳисобро баробар намуд.

Ҳамин тавр, ҳар ду даста соҳиби як имтиёзӣ шуданд.

Бозии дигари даври аввали марҳилаи дувуми интихобии қаҳрамонии ҷаҳон-2026 дар гурӯҳи G миёни тимҳои миллии Арабистон Саудӣ ва Покистон баргузор шуд. Дар ин бози дастаи Арабистони Саудӣ тими Покистонро бо ҳисоби калони чор бар сифр мағлуб кард.

Ба ин тартиб, баъд аз даври якум, тими миллии Арабистони Саудӣ бо 3 имтиёз садрнишини гуруҳи G гардиданд. Дастаҳои Урдун ва Тоҷикистон бо 1 холӣ мутаносибан дар зинаҳои 2 ва 3 қарор доранд. Покистон бидуни имтиёз дар мақоми охири гуруҳ қарор гирифтааст.

Мунтахаби Тоҷикистон дар даври дувуми мусобиқот рӯзи сешанбеи 21-уми ноябр дар шаҳри Исломобод бо тими миллии Покистон бозӣ мекунад.

Урдун бошад дар майдони худ тими Арабистони Саудиро қабул мекунад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.