Рустами Эмомалӣ дар Бишкек бо Валентина Матвиенко мулоқот кард

Имрӯз, 16-уми ноябр, Рустам Эмомалӣ, раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва раиси шаҳри Душанбе дар дар қароргоҳи давлатии “Ала-Арча” пойтахти Қирғизистон шаҳри Бишкек бо Валентина Матвиенко, раиси Шӯрои Маҷлиси федералии Русия, ки ҳамзамон раисии Ассамблеяи Байнипарламентии давлатҳои иштирокчии ИДМ-ро ба уҳда дорад, мулоқот кард. Зимни мулоқот ҷонибҳо аз раванди ҳамкории судманд байни Маҷлиси […]

Asia-Plus

Имрӯз, 16-уми ноябр, Рустам Эмомалӣ, раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва раиси шаҳри Душанбе дар дар қароргоҳи давлатии “Ала-Арча” пойтахти Қирғизистон шаҳри Бишкек бо Валентина Матвиенко, раиси Шӯрои Маҷлиси федералии Русия, ки ҳамзамон раисии Ассамблеяи Байнипарламентии давлатҳои иштирокчии ИДМ-ро ба уҳда дорад, мулоқот кард.

Зимни мулоқот ҷонибҳо аз раванди ҳамкории судманд байни Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шурои Федератсияи Маҷлиси Федералии Федератсияи Русия, аз ҷумла дар доираи Ассамблеяи Байнипарламентии давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил изҳори қаноатмандӣ намуданд.

Бо назардошти аҳаммият ва нақши муколамаи доимии байнидавлатӣ раванди имрӯзаи густариши ҳамкории гуногунҷанбаи Тоҷикистон ва Русия ба сатҳи шарикии стратегӣ мувофиқ арзёбӣ гардид.

Ҳамчунин, имрӯз Рустами Эмомалӣ дар Конференсияи байналмилалӣ бахшида ба 85-солагии таъсиси Жогорку Кенеш – Шурои Олии Ҷумҳурии Қирғизистон иштирок ва суханронӣ намуд.

Бояд гуфт, ки сафари Рустами Эмомалӣ ба шаҳри Бишкек ҷиҳати иштирок дар ҷаласаи Шуро ва ҷаласаи 56-уми пленарии Ассамблеяи Байнипарламентии давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил сурат мегирад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.