Ҷанги Исроил дар Фаластин: Муҳимтарин ҳаводиси ахир

Даргирӣ дар Ховари Миёна ҳамоно бо шиддат идома дорад. Артиши Исроил ба навори Ғазза ҳамларо идома дода, ҳар рӯз аз вуруд ба мавзеъҳои гуногуни ин минтақа иттилоъ медиҳад. Ҷанговарони гуруҳи Ҳамос ба муқовимати худ идома медиҳанд, аммо тибқи иттилои расонаҳои байналмилалӣ, онҳо ақибнишинӣ мекунанд. Дар ин матлаб муҳимтарин ҳаводиси ахир дар Ховарӣ миёна гирдоварӣ шудааст. […]

Asia-Plus

Даргирӣ дар Ховари Миёна ҳамоно бо шиддат идома дорад. Артиши Исроил ба навори Ғазза ҳамларо идома дода, ҳар рӯз аз вуруд ба мавзеъҳои гуногуни ин минтақа иттилоъ медиҳад. Ҷанговарони гуруҳи Ҳамос ба муқовимати худ идома медиҳанд, аммо тибқи иттилои расонаҳои байналмилалӣ, онҳо ақибнишинӣ мекунанд.

Дар ин матлаб муҳимтарин ҳаводиси ахир дар Ховарӣ миёна гирдоварӣ шудааст.

Дар ҳамлаҳои Исроил ба навори Ғазза аз 7-уми октябр ба ин сӯ дастикам 11 470 нафар кушта шудаанд, ки наздики 5 ҳазори онҳо кӯдакон мебошанд.

Хабаргузории “Ал-Ҷазира” менависад, ки теъдоди кушташудагони чанд рӯзи ахир ба далели суқути низоми беҳдошти Ғазза, ки маълумот ҷамъоварӣ мекард, дақиқ нест.

Дар Исроил, шумори расмии кушташудагони ҳамлаҳои Ҳамос беш аз 1200 нафарро ташкил медиҳад.

Дар ҳамин ҳол, роҳбари Созмони ҷаҳонии беҳдошт Тедрос Адханом Гебрейесус амалиёти низомии сарбозони исроилӣ дар бемористони “Аш-Шифо” дар Ғаззаро, ки рӯзи пеш, 16-уми ноябр, сурат гирифт маҳкум кард.

“Таҷовузи низомиёни Исроил ба бемористони “Аш-Шифо” дар шаҳри Ғазза комилан қобили қабул нест. Бемористонҳо майдони ҷанг нестанд”, – гуфт ӯ.

Артиши Исроил гуфт, ки дар бинои бемористони “Аш-Шифо”-и Ғазза як нақби Ҳамос ва мошини бомбгузоришударо кашф кардааст. Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил гуфт, далоили қавӣ вуҷуд дорад, ки гаравгонҳое, ки дар дасти Ҳамос ҳастанд дар бемористон буданд.

Тайиди ин тавассути манобеи ғайр имконнопазир аст. Ҳамос ҳам дар ин замина изҳороте надодааст.

Созмони ҳуқуқи башари Human Rights Watch низ амалҳои Исроилро дар бузургтарин бемористони Ғазза – “Аш-Шифо” маҳкум кардаЮ, гуфт, “маҳрум кардани бемористон аз мақоми он, ки қонунҳои ҷанг ҳифз шудааст, далели кофӣ нестанд”.

Барномаи ҷаҳонии озуқаи СММ гуфт, ки мардуми осоиштаи навори Ғазза дар хатари гуруснагӣ қарор доранд, зеро дар ин борика аслан ғизо ва об мавҷуд нест ва расонидани онҳо мушкил аст. Рӯзи панҷшанбе ба далели камбуди сӯзишворӣ тамоми хадамоти иртибототӣ дар навори Ғазза мутаваққиф шуданд. Созмони Милал гуфт, ба далели набуди иртиботот дар Ғазза, интиқоли кумакҳои башарӣ аз Миср ғайриимкон аст.

Бояд гуфт, ки ҷанги Исроилу Фаластин 7-уми октябр, дар пайи ҳамлаи гурӯҳи Ҳамос ба Исроил оғоз ёфт. Дар ин ҳамла 1200 нафар кушта шуда, беш аз 200 нафар асир афтоданд. Дар ҷавоб ба ин, Исроил навори Ғаззаро муҳосира ва ба мушакборон оғоз кард.

Исроил ба даъватҳои пайвастаи ҷомеаи ҷаҳонӣ, аз ҷумла Созмони милали муттаҳид ҷиҳати ҳалли дипломатии қазия гӯш надода, ба ҷанги худ идома медиҳад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.