Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо Михаил Мишустин. Кадом масъалаҳо барраси гардид?

Asia-Plus

Тавре қаблан хабар дода будем, дирӯз, 21-уми ноябр, Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Тоҷикистон бо сафари расмии дурӯза ба Русия сафар кард ва бо Владимир Путин, Президенти Русия мулоқот кард. Пас аз ин мулоқот Владимир Путин ҳамтои тоҷикашро бо ордени “Барои хидмати Ватан”, дараҷаи III, сарфароз гардонд ва баъдан, миёни ду давлат бастаи нави санадҳои ҳамкорӣ имзо шуданд.

Дар доираи ин сафар, Эмомалӣ Раҳмон бо Михаил Мишустин, раиси ҳукумати Русия низ мулоқот кард.

Ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари Тоҷикистон дар рафти вохӯрӣ вазъи кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои ду кишвар дар соҳаҳои ояндадори тиҷоратию иқтисодӣ, саноат, энергетика ва кишоварзӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

“Русия дар сохтори гардиши савдои хориҷии кишвари мо мавқеи пешсафро ишғол мекунад. Дар соли 2022 ҳаҷми гардиши мутақобилаи мол 1,7 миллиард долларро ташкил дод, ки нисбат ба соли пешин 24 фоиз афзудааст”, – менависад манбаъ.

Дар самти ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ ва сармоягузорӣ захираву имкониятҳои истифоданашуда бисёр аст, аз ин рӯ, зарур шумурда шуд, ки барои пурра баҳрабардорӣ кардан аз он тадбирҳои мушаххас андешида шавад.

“Ҷалби сармояи Русия барои таъсиси паркҳои саноатӣ, нассоҷӣ, хӯрокворӣ ва коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, зарур шумурда шуд”, – омадааст дар хабар.

Дар рафти сӯҳбат ҳамчунин оид ба масъалаҳои муҳоҷирати меҳнатӣ,  соҳаҳои маориф, фарҳанг, тандурустӣ, сайёҳӣ табодули афкор шудааст. 

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...