Александр Лукашенко гуфт, дар Минск Маркази савдои маҳсулоти Тоҷикистон боз мешавад

Asia-Plus

Александр Лукашенко, президенти Белорус дар мулоқоти худ бо Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки дар доираи ҷаласаи навбатии Шурои амнияти дастҷамъии Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ (СААД) дар Белорус қарор дорад, омодагии худро барои ифтитоҳи Маркази савдои маҳсулоти Тоҷикистон дар Минск иброз доштааст. Дар ин бора хабаргузори “БелТА” хабар медиҳад.

Эмомалӣ Раҳмон дирӯз, 22-юми ноябр баъди анҷоми сафари расмӣ дар Русия барои ширкат дар ҷаласаи навбатии Шурои амнияти дастҷамъии СААД мустақиман аз Маскав ба Минск парвоз кард.

Хадамоти матбуотии президенти кишвар дар шарҳи мулоқоти роҳбаррони Тоҷикистон ва Белорус менависад, ки  онҳо вазъи кунунӣ ва дурнамои рушди муносибатҳои байнидавлатии ду кишварро дар соҳаҳои мавриди таваҷҷуҳ баррасӣ намуданд.

“Аз ҷараёни мусбати муносибатҳои байнидавлатии Тоҷикистон ва Беларус, рушди устувори шарикии стратегии ду давлат дар соҳаҳои сиёсӣ, тиҷоратию иқтисодӣ, илмию техникӣ, фарҳангию башардӯстона ва дигар соҳаҳо изҳори қаноатмандӣ карда шуда, ҳамкории тиҷоратию иқтисодии байнидавлатӣ аз ҷумлаи самтҳои афзалиятнок дар муносибатҳои дуҷониба арзёбӣ гардид”, – гуфта мешавад дар хабарнома.

Эмомалӣ Раҳмон ҷонибдории худро аз фаъол гардонидани кор дар самти афзоиши ҳаҷми гардиши молу маҳсулот байни Тоҷикистону Беларус тавассути ташкили робитаҳои нави кооператсионӣ, татбиқи лоиҳаҳо ва барномаҳои муштараки барои тарафҳо судманд изҳор намуданд.

Сарони ду давлат, ба фаъолияти Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистон ва Беларус оид ба ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ баҳои мусбат дода шуда, беҳтаршавии фаъолияти Шурои кории Тоҷикистон ва Беларус таъкид кардаанд.

Эмомалӣ Раҳмон аҳамияти таъсиси гурӯҳи муштараки кориро доир ба рушди ҳамкорӣ дар бахши сармоягузорӣ, ки ҷаласаи якуми он моҳи феврали соли равон баргузор гардид, таъкид намуданд.

Дар мулоқот ҳамчунин, рушди робитаҳои фарҳангию гуманитарӣ, аз ҷумла ҳамкорӣ дар соҳаи илму маориф, андешидани тадбирҳои муштарак ҷиҳати ғанӣ гардонидани муносибатҳои ҳамкории ду давлат бо мӯҳтавои нави амалӣ, инчунин оид ба мушкилоти байналмилалӣ ва минтақавӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтааст.

Дар ҳамин ҳол, хабаргузори “БелТА” навиштааст, ки Александр Лукашенко омодагии худро барои ифтитоҳи Маркази савдои маҳсулоти Тоҷикистон дар Минск иброз дошта гуфтааст, ки барои он аллакай дар пойтахти ин кишвар се ҷой интихоб шудааст.

Лукашенко ба рушди иқтисоди Тоҷикистон, сарфи назар аз вазъи душвор дар саросари кишвар ёдовар шудааст.

Ӯ дар шарҳи равобити дуҷониба ба мавҷудияти гардиши хуби тиҷоратӣ ва афзоиши он, ки дар соли ҷорӣ сурат мегирад, ёдоваргардидааст.

«Мо гардиши мол байни ду кишварро ба 100 миллион доллар мерасонем. Вале ман мехоҳам, шумо донед: мо омодаем, ки маҳсулоти кишвари шумо, хусусан маҳсулоти хоҷагии қишлоқро (ки мутаассифона, дар мо надорем) дар ҳаҷми зиед харидорӣ кунем”, – гуфтааст Лукашенко.

Бояд гуфт, ки имрӯз, 23-юми ноябр Эмомалӣ Раҳмон ҳамроҳи роҳбарони дигар кишварҳо дар ҷаласаи навбатии Шурои амнияти дастҷамъии СААД ширкат мекунад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...