Бориши барф ва лағзиши кӯҳпора дар шоҳроҳи Душанбе – Чаноқ

Asia-Plus

Бориши барфу борон боиси маҳдудияти муваққатии ҳаракат дар роҳи Душанбе-Чаноқ шудааст. Ҳоло ҳаракати нақлиёт дар ҷода яксамта боз аст, вале барои ҷилавгирӣ аз сарборӣ баъзе маҳдудиятҳо ҷорӣ гардидааст. Дар ин бора аз маркази матбуоти филиали “Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД” (IRS) дар Тоҷикистон ба “Азия-Плюс” хабар доданд.

Ба гуфтаи манбаъ, аз километри 54 то 178-ум барф боридааст ва кормандони филиал ба тоза кардани он машғуланд.

“Мошинҳои сабукрав бидуни маҳдудият ҳаракат мекунанд. Аммо барои мошинҳои вазнини боркаш, микроавтобусҳо ва мошинҳои ядакдор маҳдудияти фосилавӣ ҷорӣ карда шудааст. Яъне дар ҳар 10 дақиқа 1 мошини вазнин мегузарад”, – гуфтанд аз маркази матбуоти IRS.

Ин манбаъ афзуд, ки боришоти шадиде, ки шаби гузашта шуд, субҳи имрӯз дар километри 119 – уми роҳи Душанбе  – Чаноқ лағзиши кӯҳпораро ба амал овард, ки дар натиҷа 50 метр роҳ вайрон шуд.

Мутахассисони IRS дар минтақаи Зарафшон барои барқарор кардани ҳаракати нақлиёт техникаю механизмҳоро зуд сафарбар кардаанд. Дар ҳоли ҳозир, ҳаракати нақлиёт яксамта барқарор шудааст.

“Тибқи дастури роҳбарияти филиал мутахассисон барои ҳарчи зудтар таъмири қитъаи зарардида чораҳои зарурӣ меандешанд, то ҳаракати нақлиёт дар ҳарду самтро барқарор созанд”, – гуфт ҳамсӯҳбати мо.

Бояд гуфт, ки дирӯз, 22-юми ноябр, дар аксар манотиқи Тоҷикистон борон боридааст. Дар манотиқи кӯҳӣ бошад, барф боридааст. Аз ҷумла, дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин низ барф боридааст.

Дар саросари кишвар низ ҳарорати ҳаво то 10-12 дараҷа паст шуд.

Ширкати IRS дар ин робита ба ронандагоне, ки дар чунин рӯзҳо азми сафар доранд, чанд тавсия додааст:

– ҳолати техникии мошини худро ҷиддӣ аз назар гузаронанд, то дар роҳ ба мушкил мувоҷеҳ нашаванд;

– чархҳои зимистона насб намоянд, ронандагони мошинҳои боркаши калон ҳатман занҷирҳои зидди яхбандӣ гиранд;

– ҳангоми ҳаракат дар роҳи Душанбе – Чаноқ, дар қиёс ба мавсими гармо,  фосилаи бештар гиранд;

– агар мошинашон ба мавсими сармо омода нест, беҳтар аст, муваққатан аз сафар худдорӣ намоянд;

– тавсияҳои кормандони IRS, БДА ВКД, КҲФ-ро дар мавриди  маҳдуд намудани ҳаракати мошинҳо дар қитъаҳои ҷудогонаи роҳ ҳангоми мавҷудияти эҳтимолияти тармафароӣ, лағзиши кӯҳпора ва сангфароӣ бечунучаро риоя намоянд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...