“Истиқлол” дар Давҳа бозиро бо “Ад-Дуҳайл” бохт

Asia-Plus

Дастаи футболи “Истиқлол”-и Тоҷикистон дар доираи даври 5-уми Лигаи қаҳрамонҳои Осиё бозиро бо дастаи “Ад-Дуҳайл”-и Қатар бо ҳисоби 2 бар 0 бохт ва имконияти баромад аз гурӯҳро аз даст дод.

Бозӣ дирӯз, 27-уми ноябр, дар шаҳри Давҳаи давлати Қатар баргузор шуд.

Қисми аввали бозӣ бидуни гол ба анҷом расид, аммо дар қисми дуюм, дар дақиқаи 47-ум Майкл Олунга ҳисобро боз кард. Баъдан ӯ боз як гол ба дарвозаи “Истиқлол” зад.

Сармураббии дастаи “Истиқлол”-и Душанбе Игор Черевченко дар бораи вохурӣ чунин кайд кард:

“Дар натиҷаи хатоҳои кӯдакона ва  такрори он мо ду голи шабеҳро ба дарвоза сар додем. Дар робита ба фидокории бачаҳо, ман шикоят надорам. Дар вохӯрӣ мо низ фурсатҳои хуби голзанӣ доштем. Аммо, мутаассифона, онҳоро истифода карда натавонистем”, – гуфт Игор Черевченко.

Сармураббии “Истиқлол” ваъда дод, ки дар даври ниҳоӣ дар бозӣ бо “Ан-Наср”-и Арабистони Саудӣ дастааш “ба хотири мухлисон бо тамоми қувва мубориза хоҳад бурд”.

Баъди ин бохт “Истиқлол” имкони баромадан аз гурӯҳро аз даст дод. Датсаи “Ад-Дуҳайл” ҳам наметавонад аз гуруҳ барояд, зеро дар бозии дигари ин гуруҳ ду даста мусовӣ карданд.

Дастаи “Персеполис”-и Эрон бо “Ан-Наср”-и Арабистони Саудӣ дар Теҳрон бозӣ кард. Ягон даста ба задани гол муваффақ нашуд ва бозӣ бо ҳисоби 0:0 поён ёфт.

Ҳамин тавр, айни ҳол дастаи “Ан-Наср” – 13 хол, “Персеполис” – 8 хол, “Ад-Дуҳайл” – 4 ва “Истиқлол” – 2 хол доранд.

Дар даври охир дастаи “Истиқлол” дар майдони худ бо “Ан-Наср” ва “Персеполис” дар Теҳрон бо “Ад-Дуҳайл” бозӣ хоҳанд кард. Ин бозӣ рӯзи 5-уми декабр баргузор мешавад.

Дар бораи нархи чипта барои бозии “Истиқлол” ва “Ан-Наср” аз матлаби “Аз 100 то 3 ҳазор сомонӣ. Фурӯши чипта барои бозии “Истиқлол” ва “Ан-Наср” оғоз шуд” маълумоти муфассал гиред.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...