Дар Тоҷикистон чӣ гуна метавон бо ризокорӣ машғул шуд?

Меҳрангез Султонзода, махсус барои Asia-Plus

5-уми декабр Рӯзи ҷаҳонии ризокорӣ (волонтёрӣ) аст. Ба ин муносибат, номгӯи чанд ташкилотеро, ки дар Тоҷикистон ба ризокорӣ машғуланд, муайян кардем.

American Space Dushanbe

ASD, асосан, дар самти омӯзиш ва табодули илмиву фарҳангӣ миёни ҷавонони Амрикову Тоҷикистон фаъолият мекунад. Марказ пайваста чорабиниҳои гуногуни таълимиву фароғатӣ барпо намуда, ҳавасмандони донишу омӯзишро ба ҳам меорад. 

Бояд гуфт, ки қабул ба гурӯҳи ризокорони марказ ҳар сол як маротиба ҷараён гирифта, ризокорон дар раванди кори он фаъолона ширкат меварзанд. 

Айни замон дар минтақаҳои гуногуни Тоҷикистон 8 маркази амрикоӣ фаъолият дорад. 

Нишонӣ: кӯчаи М. Турсунзода 49, 3

Телефон: (+992) 98-760-02-22

Нишонаи электронӣ: [email protected]

Инстаграм:https://instagram.com/americanspacedushanbe?igshid=MzMyNGUyNmU2YQ== 

Фейсбук: https://www.facebook.com/asdushanbe?mibextid=zLoPMf 

GO VIRAL

Иштирок дар фестивалу чорабиниҳои GO VIRAL имконияти хубест барои мубодилаи ғояҳо, сайқал додани маҳорати ташкилотчигӣ ва ҷаҳонбинӣ мебошад. 

Агар шумо тафаккури интиқодӣ доред, аз ӯҳдаи суратгириву наворбардорӣ ва кори гурӯҳӣ баромада метавонед, пас ин гуна имконият бароятон дастрас аст.

GO VIRAL ҳар сол гурӯҳи ризокоронро дар шаҳрҳои бузургтарини Осиёи Марказӣ барои ширкат дар ташкили чорабиниҳову мубодилаи таҷриба ҷамъ меоварад ва шумо низ метавонед қисми ин оилаи калон шавед.

5-уми декабри соли ҷорӣ рӯзи ниҳоии қабули дархостҳо аст.

Почтаи электронӣ: [email protected] 

Инстаграм: https://instagram.com/goviraltj?igshid=MzMyNGUyNmU2YQ== 

Фейсбук: https://www.facebook.com/goviralca?mibextid=zLoPMf 

“Пешрафт”

Ташкилоти ҷамъиятии “Пешрафт” дар самти таъмини таҳсилоти босифат, мусоидату сармоягузорӣ ба рушди нерӯи ҷавонон ва хайрия кор мекунад.

Яке аз ҳадафҳои асосии фаъолияти ташкилоти ҷамъиятии “Пешрафт” сармоягузорӣ ба иқтидору тавоноии наврасону ҷавонон аст. Аз ин рӯ, дар ин самт 3 идрорпулӣ – “Сармоягузорӣ дар истеъдодҳо”, “Саҳми оқилона” ва “Идрорпулӣ ба номи Зиёдулло Шаҳидӣ”-ро маблағгузорӣ менамояд. 

Ҳамчунин, “Пешрафт” ҳамасола дастаи ризокоронро аз ҳисоби толибилмони мактабҳо ва донишҷӯён ҷамъ оварда, ҳамроҳи дастаи худ дар баргузории чорабиниҳои самту сатҳҳои гуногун саҳм мегузорад.

Қабули ризокорон, одатан, дар аввали соли хониш оғоз ёфта, тавассути дархости онлайн ва суҳбати рӯбарӯ сурат мегирад.

Нишонӣ: кӯчаи Бофанда 5/2;

Телефон: (+992 44) 610-11-44, (+992) 000-07-79-99;

Сомона: www.peshraft.charity;

Почтаи электронӣ: [email protected];

Инстаграм: https://www.instagram.com/peshraft/ 

Фейсбук: https://www.facebook.com/Peshraft 

Y-PEER

Y-PEER (Youth peer educational network) шабакаи байналхалқии таълимии ҷавонон аст, ки дар асоси принсипи “бо ҳамтои худ” фаъолият мекунад. Ҳадафи асосии кори шабака маърифатнокӣ дар соҳаи саломатӣ, баробарии гендерӣ ва равнақи маҳорати ҳаётии ҷавонон мебошад.

Ғайр аз ин, гурӯҳи ризокорони шабака дар чорабиниҳои гуногуни ҷамъиятӣ фаъолона иштирок мекунанд.

Қабули ризокорон оғози ҳар сол сурат гирифта, дар ду давра – қабули дархостҳо ва суҳбати рӯбарӯ, мегузарад. 

Нишонӣ: хиёбони Рӯдакӣ, 137

Телефон: (+992) 901-21-91-06;

Почтаи электронӣ: [email protected] 

Инстаграм:https://instagram.com/ypeer.tj?igshid=MzMyNGUyNmU2YQ== 

Фейсбук:https://www.facebook.com/ypeer.tj?mibextid=zLoPMf 

Марказҳои Орхус дар Тоҷикистон

Марказҳои Орхус дар Тоҷикистон дар назди Кумитаи ҳифзи муҳити зист фаъолият намуда, ба ташкилу гузаронидани машғулиятҳои омӯзишиву чорабиниҳои экологӣ машғуланд. 

Дар назди марказ гурӯҳи ризокорон – дӯстдорону муҳофизони табиат, аз ҳисоби толибилмону донишҷӯён фаъолият мекунанд. Ва ҳар касе, ки хоҳиш дораду нисбати табиат бетавофут нест, метавонад узви гурӯҳи ризокории марказ гардад.

Идораҳои марказ дар 7 минтақаи Тоҷикистон фаъолият мекунанд.

Нишонӣ: кӯчаи Шамсӣ, 5/1, бинои Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон; 

Телефон: (+992) 918-17-98-86;

Сомона: www.aarhus.tj,

Почтаи электронӣ: [email protected] 

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш

Ризокорони Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ташкили чорабиниҳои гуногуни фарҳангиву сиёсӣ саҳм доранд. 

Гурӯҳи ризокорон аз ҳисоби хонандагону донишҷӯёни фаъол аз ҷониби бахшҳои кор бо ҷавонони ҳукумати ноҳияҳо ҷамъ оварда мешаванд.

Нишонӣ: кӯчаи Академик Раҷабовҳо, 3

Телефон: (+992) 372-21-18-29;

Почтаи электронӣ: [email protected] 

Фейсбук: https://www.facebook.com/kumitaijavononvarzish?mibextid=zLoPMf 

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...