Путин изҳор дошт, ки муҳоҷирон бояд ба анъанаҳои Русия арҷ гузоранд

Asia-Plus

Зимни вохӯрӣ бо аъзои Шӯрои ҳуқуқи инсон президенти Русия Владимир Путин изҳор дошт, ки Русия бояд риояи ҳуқуқи муҳоҷиронро таъмин кунад, лекин пеш аз ҳама бояд манфиатҳои шаҳрвандони Русия ба инобат гирифта шаванд.

“Бояд тавозун, тавозуни этникӣ ва фарҳангӣ риоя шавад. Албатта, ҳама чизе, ки дар ин соҳа рух медиҳад, пеш аз ҳама ба манфиатҳои иқтисоди Русия ва норасоии қувваи корӣ вобаста аст, аммо, албатта, ин одамон бояд омода карда шаванд", – овардааст гуфтаҳои ӯро хабаргузории РБК.

Ба гуфтаи Путин, муҳоҷирон бояд қонунгузории Русия, инчуин расму оин ва анъанаҳои Русияро эҳтиром карда, аз лиҳози забондониву этникӣ ва фарҳангӣ омода бошанд.

“Албатта, ҳамчун кишвари мутамаддин мо бояд ҳуқуқҳои онҳоро таъмин кунем. Бояд рӯирост гуфт, ки пеш аз ҳама манфиатхои шаҳрвандони Русия дар ҳамаи соҳаҳо ба назар гирифта шаванд, мо бояд ҳамаи ин масъалаҳоро ба таври комплексӣ баррасӣ кунем”, – илова кардааст президент.

Путин изҳор доштааст, ки рӯйи ин масъала бо ҳамтоёни худ аз Осиёи Марказӣ кор мекунад, аз ҷумла дар масъалаи ифтитоҳи мактабҳои таълимашон бо забони русӣ дар ин давлатҳо.

Путин ҳамчунин аз мушкили таҳсили фарзандони муҳоҷирон дар мактабҳои Русия изҳори назар кард.

“Кӯдакон бояд таҳсил кунанд, аммо ин раванд набояд ба бад шудани шароити таҳсил барои фарзандони шаҳрвандони мо боис гардад. Ин як масъалаи алоҳида аст ва вонамуд кардан лозим нест, ки ин мушкилот вуҷуд надорад”, – гуфтааст ӯ.

Қаблан моҳи сентябр Путин изҳор дошта буд, ки манфиатҳои русиягиҳо муҳимтар аз ҷараёни муҳоҷират аст. Ӯ зикр карда буд, ки ба вазъи ҷараёни вуруди муҳоҷирон бояд бодиққат муносибат ва аз ташкили минтақаҳои ҷудогона ё худ махсуси будубоши онҳо (гетто) пешгирӣ кард.

Гардонандаи чорабинӣ Иля Дронов дар Форуми иқтисодии шарқӣ ба он таваҷҷуҳ зоҳир карда буд, ки дар бархе аз кишвраҳо минтақа (ноҳия)-ҳои муҳоҷирон ташкил меёбанд, ки ҳатто пулис ба он роҳ ёфта наметавонад.

“Мо бояд инро дар назар дошта бошем ва ба ҳеҷ ваҷҳ ба рух додани чунин ҳолатҳо дар кишвари мо роҳ надиҳем, дар Русия ин масъала хеле ҳассос аст”, – посух дода буд он замон ба ӯ Путин.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...