Тоҷикистон ба 5-гонаи хатсайрҳои ҳавоии писандида аз Русия шомил шуд

Коршиносон хатсайрҳои ҳавоии аз ҳама бештар писандидаро аз Русия дар соли 2023 номбар карданд. Мувофиқи таҳқиқоти хадамоти сафар ва сайёҳии “Туту.ру”, аз хатсайрҳо ба хориҷа талаботи асосӣ ба кишварҳои хориҷи наздик рост омадааст, менависад ТАСС. “Соли гузашта аз шумори умумии билетҳои харидашуда ба ин хатсайрҳо 11,4% рост омада, соли 2023 ин ҳисса то 12,2% афзуд”, […]

Asia-Plus

Коршиносон хатсайрҳои ҳавоии аз ҳама бештар писандидаро аз Русия дар соли 2023 номбар карданд. Мувофиқи таҳқиқоти хадамоти сафар ва сайёҳии “Туту.ру”, аз хатсайрҳо ба хориҷа талаботи асосӣ ба кишварҳои хориҷи наздик рост омадааст, менависад ТАСС.

“Соли гузашта аз шумори умумии билетҳои харидашуда ба ин хатсайрҳо 11,4% рост омада, соли 2023 ин ҳисса то 12,2% афзуд”, – гуфта мешавад дар таҳқиқот.

Ба 5-гонаи хатсайрҳои аз ҳама бештар писандида парвозҳо аз Ӯзбекистон, Қирғизистон, Озарбойҷон ва Арманистон шомил шудаанд. Аз лиҳози писандидагӣ дар зинаи 6-ум Туркия, 9-ум – Амороти Муттаҳидаи Араб ва 10-ум – Гурҷистон қарор гирифтаанд.

Дар ҳамин ҳол, соли 2023 маблағи миёнаи пардохтшуда ба парвозҳо аз нуқтаи аввал ва бозпас қариб 27 ҳазор рубл (+4% нисбат ба соли гузашта)-ро ташкил додааст.

Дар таҳқиқот зикр мешавад, ки 0,5% аз билетҳои харидашуда (мисли соли пешин) ба кишварҳои Аврупо рост омада, ҳиссаи парвозҳо ба кишварҳои хориҷи дур аз 2% то ба 2,9% афзудааст.

Маблағи миёнаи пардохтшуда ба парвозҳо аз нуқтаи аввал ва бозпас  ба кишварҳои хориҷи дур қариб 50 ҳазор рубл (-2%) ва ба Аврупо – 74 ҳазор рубл (+16%)-ро ташкил додааст.

Дар дохили Русия парвозҳо аз Маскав ба Сочи, Санкт-Петербург ва Калининград бештар писандида дониста шудаанд.

“Сайёҳоне, ки соли 2023 тариқи tutu билет дастрас кардаанд, бештар байни Маскав ва Сочи парвоз кардаанд. Ҳиссаи ин самт 5,7%-ро ташкил дода, дар идома аз лиҳози сермуофирӣ ва писандидагӣ хатсайрҳои Маскав – Санкт – Петербург (ҳиссааш – 5,2%) ва Маскав – Калининград (ҳиссааш – 3,1%) қарор гирифтаанд”, – зикр мешавад дар таҳқиқот.

Дар 5-гонаи аввали самтҳо ҳамчунин хатсайрҳо аз Маскав ба Минералние Води ва Екатеринбург низ зикр шудаанд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.