Қабули қарори якҷоя, баҳри оилаи солим ва фардои насли солим

Маводи шарикон

Оила дар ҳама давру замонҳо асоси ҷомеаи солим дониста шудааст ва дар таҳкими давлатдорӣ, рушди ҷомеа ва тарбияи насли созанда нақши басо муассир ва арзишманд дорад. Ҷомеаи солим ҳамон ҷомеаест, ки дар он оилаҳо ҳама дар андешаи ба дунё омадани фарзандони солим, таълиму тарбияи дуруст ва парвариши сазовори ҳар як фарзанд мебошанд.

“Қабули қарори якҷоя" дар ҳар як оила нақши муҳим ва хоса дорад. Он барои ташаккули муқаддасоти оилавӣ, аз қабили эҳтирому эътироф, муҳаббату садоқат, самимияту вафодорӣ ва ҳамдигарфаҳмиву таҳаммулгароӣ хидмат мекунад. Беҳуда бузургони мо нагуфтаанд “Ақлҳоро ақлҳо ёрӣ диҳад, машварат идроку ҳушёрӣ диҳад”. Ҳамин аст, ки солимии зан, келин, духтар ва фарзандони онҳо аз қабули қарори дуруст, саривақтӣ ва якҷоя дар оила вобаста аст.

Ояндаи инсон ба оилаи солиму мутаҳҳид асос меёбад ва дар оилае, ки қадри зан, фарзанд баланд аст, шахсиятҳои солиму мукаммал ва ба ватану миллати худ нафърасон ба воя мерасанд. Бо ин мақсад Лоиҳаи USAID “Модари солим, кӯдаки солим” чорабинии иттилоотиро бо ҳамин мавзӯъ “Қабули қарори якҷоя” пеш мебарад, ки он як қатор фаъолиятҳои ба муносибату рафтори оилаҳо таъсирбахшро тарғиб мекунад. Дар татбиқи фаъолиятҳои ин чорабинии иттилоотӣ Лоиҳа бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва муассисаҳои тандурустии 12 шаҳру ноҳияҳои вилоят ҳамкории зич дорад.

Инчунин, Лоиҳа дар ҳамкорӣ бо Маркази ҷумҳуриявии ташаккули тарзи ҳаёти солим маводҳои иттилоотии содда, фаҳмо ва рангорангро барои кор бо ҷомеа эҷод намудааст. Дар ин маводҳо масъалаҳои солимӣ, аз ҷумла пайдоиши кӯдак дар батни модар, тавлид ва бузург шудани ӯ то синни дусолагӣ ба шинонидани донаи гандум, нигоҳубини он, орд кардану баъдан кулчаи нарму мулоим пухтан шабоҳад дода шудааст. Дар ин раванд ҳама аъзоёни оила ҷалб шуда, то ба кулча оварда расонидани донаи гандум, ҳама якҷо меҳнат мекунанд, арақи ҷабин мерезанд, ба нақша мегиранд ва қарор қабул мекунанд. Мисли ҳамин, барои бузург кардани фарзанди солиму доно, ҳама фарди хонадон низ бояд заҳмат кашанд ва ҳар як масоили солимии модару кӯдак зери эътибори хоса бошад.

Ҳар як фарди мамлакатамон хоҳиши ба дунё овардани фарзандони солимро дорад, то ҳангоми пирӣ асои падару модар шаванд. Мутаасифона, қадамҳои оддие, ки барои ба воя расонидани фарзандони солим кӯмак мекунанд, на дар ҳамаи оилаҳо риоя мешаванд. Имрӯз аксари занони мо, хусусан занони деҳотнишин, аз ташрифҳои товалодатӣ ҳангоми ҳомиладорӣ, бо сабаби иҷозат наёфтан аз тарафи хонаводаи шавҳар, даст мекашанд. Ҳол он, ки мувофиқи қоида бояд зан дар ҳафтаҳои аввали ҳомиладорӣ худро дар муассисаи тиббӣ ба қайд гузорад ва баъдан ҳади ақал ҳашт маротиба дар давраи ҳомиладориаш аз муоинаи тиббӣ гузарад.

Ин фаъолият имконияти омода шудани зан ба таваллуд, нигоҳубини худ ва кӯдаки батнаш, солим мондан ва ба даст гирифтани кӯдаки солимро даҳчанд афзуда, ба муносибат, рафтор ва нигоҳубини дурусти зан нисбат ба фарзанди ояндааш замина мегузорад. Донишу рафтори зан ва аъзои хонаводаи ӯ нисбат ба фаъолиятҳои баъди таваллудӣ низ ниҳоят муҳим аст. Ин синамаконии холис ба кӯдаки то синни 6 моҳа, оғози ғизои иловагиву фоидаовар ва риояи реҷаи ғизодиҳии дуруст, муошират ва муомилаи некбинонаи зан ва аъзоёни хонавода нисбат ба модару кӯдак, назорати ҳармоҳаи ҳолати инкишофи кӯдак баъд аз таваллуд ва дигар мебошад.

Ҳамаи ин барои дуруст ва солим ба воя расидани кӯдак ва модари ӯ дар давраи 1000 рӯзи аввали ҳаёт (нӯҳ моҳи ҳомиладорӣ, таваллуди кӯдак ва то ду сола шудани кӯдак) мусоидат менамояд. Ин давраест, ки мо ба солимии фарзанд ва модари ӯ дар тӯли тамоми ҳаёти ояндаашон замина мегузорем, мисли гузоштани хишти аввалин баҳри пояи мустаҳками хона. Бинобар ин, фароҳам овардани ин имконот на танҳо ба души як зан, балки ба ҳамаи аъзоёни хонаводаи ӯ – шавҳар, модарарӯс ва падарарӯс вогузошта мешавад. Дастгирии якҷояи онҳо барои фароҳам овардани имконияти моддиву маънавӣ бузург аст. Зеро зан, келин фарзанди ҳамин хонаводаро таваллуд ва тарбият мекунад.

Вақте ки ҷавонон нав хонадор мешаванд, арӯс ба хонаи шавҳар қадам мегузорад, бо муҳит ва фазое рӯ ба рӯ мешавад, ки барои ӯ ноошно аст. Ӯ аз хонаводае, ки дар он давраҳои кӯдакӣ, навҷавониро гузарондааст ба муҳити куллан нав ва ба ӯ ноошно вуруд мегардад. Ӯ дар ин ҳангом ба меҳру муҳаббат ва якдигарфаҳмӣ аз тарафи шавҳар, хусуру хушдоман ва дигар аъзоёни хонадони наваш ниёз дорад. Муҳим аст, ки ба хатогиҳои ҷузъии ӯ чашм пӯшанд ва мавриди таънаву маломат қарор надиҳанд, балки тарзи дурусти ба ҷо овардани кори рӯзгор ва одоби муоширатро дар муҳити нав ба ӯ омӯзанд.

Келинро ҳамчун фарзанди худ тарбия кунанд. Эътирофи фикру ақидаи ӯ, саломатии ӯ ба души хонадони шавҳар меафтад. Бештар дар масъалаи солимии модару кӯдак нақши мард ё худ падари кӯдакон созанда мебошад. Мувофиқи фарҳанг ва дини мардуми тоҷик, мард сарпарасти оила ва сарвару сутуни хонавода ба ҳисоб меравад. Чунонки Пайғамбари гиромӣ (с) фармудаанд:

“Ҳар яке аз шумо ба манзалати чӯпонед, аз хонаводаи худ рӯзи қиёмат аз ҳар яке аз шумо пурсида мешавад”.

Масъулияти ҳам падар ҳам модар дар тарбияи  фарзанд баробар аст ва ҳар яки онҳо бояд ин масъулияти ҷонии худро дуруст ва содиқона иҷро намоянд, чун Муҳаммад Ғаззолӣ мефармояд:

“Фарзанд амонат аст, дар дасти падару модар ва дили фарзанд нафис асту нақшпазир, ҳар нақше, ки ба ӯ гузорӣ, чун мушк ба худ бигирад”.

Ҳарчанд зан, модар бештар дар тарбияи кӯдак пайваста машғул бошад, ин масъулиятро аз дӯши мард сабук накардаанд. Пайғамбари Худо (с) бо он ҳама бузургии худ дар корҳои хона ба ҳамсарони худ кӯмак менамуданд. Зеро дасти ёрӣ дароз намудан ба ҳамсар боиси афзоиши эҳтиром ва меҳру муҳаббат байни ҳамдигар мегардад.

Дар фарҷоми ин мақола, мехостем мардумро ба адолату накӯкорӣ нисбат ба зан, келин, духтар ва фарзандони худ даъват намоем. Дар банақшагирии буҷаи оила, маблағи муайяне барои солимии зан-модар ва фарзандон ҷудо намоем, он тарзе ки барои тую тамошо ва маъракаҳои фаромушаванда ҷудо менамоем. Чун дар давраи пеш ва баъди ҳомиладорӣ мо якчанд сомони худро барои тандурустии зан ва кӯдаки худ дареғ надорем, то дар ҳолати носолимӣ хароҷотҳои калон моро пеш наоянд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...