Тоҷикистону Афғонистон доир ба интиқоли барқ аз Тоҷикистон дар соли 2024 тавофуқ ҳосил карданд

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Ширкатҳои соҳаи барқи Тоҷикистон ва Афғонистон дар бораи интиқоли барқ аз Тоҷикистон ба ин кишвар қарордод ба имзо расониданд.

Санад аз ҷониби роҳбари ширкати Da Afghanistan Breshna Sherkat (DABS) Мулло Муҳаммад Ҳаниф Ҳамза ва раиси ҶСК “Барқи тоҷик” Маҳмадумар Асозода дар аввали ҳамин ҳафта дар Туркия ба имзо расид. Дар ин бора дар сомонаи ширкати Афғонистон хабар дода мешавад.

Дар хабари DABS гуфта мешавад, зимни вохӯрӣ дар Туркия ҷонибҳо ҳамчунин имкони сохтмони хати нави интиқоли барқ бо шиддати 500 кВ-ро барои интиқоли барқ аз Тоҷикистон ба Афғонистон баррасӣ карданд.

Инчунин зикр мешавад, ки роҳбарияти ширкати Афғонистон “ба Тоҷикистон бо дархости ҳамкорӣ дар барқарор намудан, ҳамоҳангсозӣ ва амалисозии лоиҳаи CASA-1000, ки дар он интиқоли барқ аз Тоҷикистону Қирғизистон ба Афғнистону Покистон пешбинӣ шудааст, муроҷиат кардааст”.

Дигар ҷузъиёти масъала дар хабар зикр нашудааст.

Соли 2008 Тоҷикистон ва Афғонистон дар бораи интиқоли барқ аз Тоҷикистон дар давраи то соли 2028 созишнома ба имзо расониданд. Охири ҳар сол ҷонибҳо протоколи иловагӣ ба имзо мерасонанд, ки дар он ҳаҷми интиқоли барқ барои соли минбаъда ва нархи он муайян карда мешавад.

Бино ба маълумоти Агентии омори Тоҷикистон, моҳи ноябр аз ҷумҳурӣ ба Афғонистон ба маблағи зиёда аз 1,9 млн доллар неруи барқ интиқол дода шудааст, ки 46% бештар нисбат ба моҳи пешин мебошад.

Дар маҷмӯъ соли 2023 аз Тоҷикистон ба хориҷи кишвар ба маблағи зиёда аз 107,7 млн доллар неруи барқ содир шудааст, ки қариб 5% зиёдтар нисбат ба ҳамин давраи соли 2022 мебошад.

Соли 2023 Тоҷикистон танҳо бо ду кишвар – Афғонистон ва Ӯзбекистон дар бораи интиқоли барқ қарордод ба имзо расонид.

Қаблан дар ҶСК “Барқи тоҷик” изҳор дошта буданд, ки содироти барқ ба Ӯзбекистон танҳо дар давраи тобистон сурат меирад, ба Афғонистон бошад, ҳамчунин дар давраи тирамоҳу зимистон низ амалӣ мешавад, лекин дар ҳаҷми начандон зиёд “танҳо барои коршоям нигоҳ доштани иншооти зерсохтор”, чунки дар давраи сармо дар дохили худи ҷумҳурӣ норасоии шадиди барқ эҳсос мешавад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...