Бо пардохти беш аз 8 млн сомонӣ. Барои воридоти бензин ба Тоҷикистон шаҳодатнома бояд гирифт

Asia-Plus

Вакилони парлумони Тоҷикистон ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ” тағйирот ворид карда, барои воридоти бензин ба Тоҷикистон гирифтани шаҳодатномаро ҳатмӣ намуданд. Ин шаҳодатномаро Агентии “Тоҷикстандарт” баъди пардохти беш аз 4 млн сомонӣ ё 60 ҳазор нишониҳанда барои ҳисобҳо медиҳад.

Иловаҳо ба қонун рӯзи 22-юми декабр ворид шуд ва ба гуфтаи вакилони парлумон, лоиҳаи он аз ҷониби Президенти Тоҷикистон пешниҳод гардидааст.

Темурҷон Абдулваҳҳобзода, директори Агентии “Тоҷикстандарт” зимни муаррифии лоиҳа дар назди вакилон гуфт, дар асоси ин иловаҳо баъди санҷиши ҳолат ва шароити нигоҳдории бензин, сатҳи хизматрасонӣ, воситаҳои ченак дар нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ, хулосаи экологӣ, хулосаи бехатарии оташнишонӣ баъд барои ба муомилот баровардани бензин ба ширкатҳои воридкунанда шаҳодатнома медиҳад.

Ӯ гуфт, ин “барои таъмини бехатарии маҳсулот ва танзими иқтисоди мамлакат” мусоидат менамояд.

Равшан Раҷабзода, вакили парлумон бо ҷонибдорӣ аз пешниҳоди раиси Агентии “Тоҷикстандарт” гуфт, ширкатҳо барои гирифтани шаҳодатнома 60 ҳазор нишондиҳанда барои ҳисобҳо (як нишондиҳанда дар соли 2023 68 сомонӣ ва дар соли 2024 72 сомонӣ хоҳад буд) ё беш аз 4 млн сомонӣ пардохт мекунанд.

Ба ғайр аз ин 10 нишондиҳанда барои ҳисобҳо барои баррасии ариза зимни гирифтани ишаҳодатнома пардохт бояд шавад.

Илова бар ин, ҳамасола 60 ҳазор нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё беш аз 4 млн сомонии дигар барои фаъолият пардохт мекунанд.

Аз Агентии “Тоҷикстандарт” қабули иловаҳоро тасдиқ карданд ва гуфтанд, ҳадафаи он мутобиқ кардани бензин ба стандартҳои байналмилалӣ ва мутобиқ кардани нуқтаҳои сӯзишворӣ ба қоидаҳои бехатарӣ мебошад.

Бояд гуфт, ки чанд соли охир дар натиҷаи таркиш дар нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ, ки дар дохили маконҳои истиқоматӣ сохта шуда буд, чанд нафар ба ҳалокат расида, чанд нафари дигар маҷруҳ шуда буданд.

Манбаъи мо аз Агентии “Тоҷикстандарт” гуфт, ин ниҳзод то ин дам барои воридоти гази табиӣ шаҳодатнома медод ва акнун барои воридоти бензин низ чунин шаҳодатномаро медиҳад.

Ӯ гуфт, маблағ барои гирифтани шаҳодатнома барои воридоти гази табии 54 нишондиҳанда барои ҳисобҳо аст.

“Яъне “Тоҷикстандарт” танҳо баъди омӯзиши риояи қоидиҳаои бехатарӣ ва омӯзиши ҳуҷҷатҳое, ки аз дигар ниҳодҳо, аз ҷумла Вазорати энергетика ва захираҳои об барои воридоти бензин мегиранд, шаҳодатнома медиҳад. Бо ин шаҳодатнома онҳо чӣ қадаре ки қонунгузорӣ иҷозат додааст, бензин ворид мекунанд”, – гуфт ҳамсуҳбати мо аз ин ниҳод.

Бодя гуфт, ки нархи маводи сӯзишворӣ, махсусан газ ва бензин дар Тоҷикистон муътадил нест ва пайваста дар ҳоли афзоиш аст. Дар пайи ин ронандаҳо нархи роҳкироро баланд мекунанд, ки нигаронии аҳолиро ба миён меорад.

Ҷорӣ кардани шаҳодатнома барои воридот ва фурӯши бензин эҳтимол ба нархи бе ин ҳам баланди маводи сӯзишворӣ таъсир расонад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...