Боздошти ноболиғоне, ки сокинонро латукӯб мекарданд

Asia-Plus

Милитсияи пойтахт 4 ноболиғеро боздошт кардааст, ки дар кӯчаҳои шаҳри Душанбе бе асос чанд нафарро латукӯб карданд. Ҳамаи онҳо хонандагони мактаб будаанд. Навори латукӯби чанд нафар дар шабкаҳои иҷтимоӣ паҳн шуда, корбарон аз мақомот муҷозоти онҳоро талаб карда буданд.

Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе аз ин наврасон:

– Фатҳулло Садулоеви 18-сола, истиқоматкунандаи кӯчаи Р.Набиеви шаҳри Душанбе, хонандаи синфи 11-и мактаби №99,

– Сулаймон Ҳабибулозодаи 17-сола, истиқоматкунандаи кӯчаи К.Хуҷандии пойтахт, хонандаи соли якуми Литсейи техникӣ;

– Интизор Мавлонназарови 17-сола, истиқоматкунандаи кӯчаи Нахимови Душанбе (мактабаш ишора нашудааст,- муаллиф)

– Эҳсон Қурбонови 17 сола, истиқоматкунандаи кӯчаи Ю.Вафои пойтахт, хонандаи синфи 10 мактаби №50 ном бурдааст.

Онҳо “барои вайрон намудани тартиботи ҷамъиятӣ дастгир карда шуданд”.

Ба иттилои ин ниҳод, аз ҷумла, Фатҳулло Садуллоев ва ҳамроҳони ӯ дар кӯчаи Балъамӣ, назди майдончаи варзишӣ, бе ягон асос як ноболиғи ҳамсоли худро бо мушту лагад ва чӯбдаст мавриди латукӯб қарор додаанд.

Ҳамчунин, Сулаймон Ҳабибулозода дар кӯчаи А.Ҷомӣ як марди сархушро мавриди латукӯб қарор додааст.

“Боиси таассуф аст, ки нобурдагон ҳамзамон ин амалҳои нангини худро ба навор гирифта, ҳамчун худнамоӣ дар шабакаҳои интернетӣ паҳн кардаанд, ки ин амали нангину ноҷавонмардонаи онҳо боиси вокунишҳои манфии шаҳрвандон гардид”, – гуфтааст РВК дар шаҳри Душанбе.

Ин ниҳод гуфтаст, ки “баъзе аз наврасоне ҳастанд, ки ба ҷойи андӯхтани илму дониш тартиботи ҷамъиятиро дағалона вайрон намуда, ҳамзамон ин амали ғайриқонунии худро ба навор гирифта, тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ нашр намуда, бо чунин амали нангин гӯё бартарию қаҳрамонии худро нисбат ба дигар ҳамсолон ба намоиш мегузоранд”.

Милитсияи пойтахт афзудааст, ки вобаста ба ҳолати мазкур аз ҷониби кормандони мақомоти милитсия маводҳои зарурӣ тартиб дода шуда, мавриди тафтишоти пешакӣ қарор дорад.

Ёдовар мешавем, ки чанд рӯз пеш дар шабакаҳои иҷтимоӣ наворе паҳн гардид, ки чанд ноболиғ як ҳамсоли худ ва дар навори дигар як марди калонсолро зери оҳанги яке аз филмҳои русии “Слова пацана”  мавриди латукӯб қарор медиҳанд. Корбарони шабкаҳои иҷтимоӣ дар шарҳи ин навор гуфтаанд, ки онҳо хонандагони яке аз мактабҳои пойтахт буда, шабона ба роҳгузарони оддӣ дармеафтанд ва онҳоро латукӯб мекунанд.

Онҳо аз мақомот даъват карда буданд, ки ин ноболиғон дастгир ва ба ҷавобгарӣ кашида шаванд.

Бояд гуфт, ки чанд соли охир мақомоти милитсияи пойтахт дар асоси шикояти сокинон бархе аз озордиҳандагонро дар кӯчаву бозорҳо дастгир ва ҷазо медиҳад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...