“Фурсати донистан”: Асосҳои қатъ намудани истеҳсолоти иҷро кадомҳоянд?

Asia-Plus

Ҳар ҳафта дар барномаи “Фурсати донистан”-и радиои “Азия-Плюс” мо бо ҳуқуқшиносон дар мавриди масоили расмиёти маъмурӣ мусоҳибаи ихтисосӣ анҷом медиҳем. Ин бор меҳмони барнома ҳуқуқшиноси маъруф ва вакили дифоъ Иноят Иноятов буд, ки бо Меҳрубон Зокирӣ мавзуи асосҳои қатъ намудани истеҳсолоти иҷроро баррасӣ карданд. 

 

Тибқи кадом асосҳо истеҳсолоти иҷро қатъ карда мешавад? 

Асосҳои қатъ намудани истеҳсолоти иҷро дар моддаи 126 Қонун «Дар бораи истеҳсолоти иҷро» пешбинӣ шудааст. Истеҳсолоти иҷро пас аз иҷро қатъ мегардад. Дар ин ҳолат иҷрочии мақомоти иҷро қарор қабул менамояд. Инчунин истеҳсолоти иҷро дар ҳолатҳои муайян аз ҷониби суд низ қатъ карда мешавад. Истеҳсолоти иҷро аз ҷониби суд дар ҳолатҳои зерин қатъ карда мешавад:

– аз тарафи суд қабул кардани даст кашидани ситонанда аз ситониш;

– ситонанда ва қарздор созиши оштӣ баста бошанд ва онро суд тасдиқ карда бошад;

– фавти шаҳрванд, ки ситонанда ё қарздор;

– нокифоягии молу мулки ташкилоти барҳамхӯрда барои қонеъгардонии талаботи ситонанда.

 

Дар кадом мавридҳо ҳуҷҷати иҷро ба ситонанда баргардонида мешавад? 

Масъалаи номбурда дар моддаи 128 Қонун «Дар бораи истеҳсолоти иҷро» танзим гардидааст. Ҳуҷҷати иҷро, ки дар асоси санади судӣ дода шудааст ва аз рӯи он ситониш гузаронида нашудааст ё пурра гузаронида нашудааст, бо қарори иҷрочии мақомоти иҷро ба ситонанда дар ҳолатҳои зерин баргардонида мешавад:

– дар асоси аризаи ситонанда;

– агар муқаррар намудани суроғаи қарздор-ташкилот ё маҳалли истиқомати қарздор-шаҳрванд, маҳалли ҷойгиршавии молу мулки қарздор ва ё гирифтани маълумот оид ба мавҷудияти маблағҳои пулӣ ва дигар сарватҳои ба ӯ тааллуқдошта, ки дар суратҳисобҳо, пасандозҳо ё дар нигаҳдории бонкҳо ё дигар ташкилотҳои кредитӣ ҷой доранд, имконнопазир бошад;

– агар қарздор молу мулк, маблағҳои пулӣ, қоғазҳои қиматнок ё даромадеро, ки ба он бояд ситониш нигаронида шавад, надошта бошад;

– агар ситонанда аз гирифтани молу мулки қарздор, ки ҳангоми иҷрои қарор фурӯхта нашудааст ё ашёи муайяне, ки бо санади судӣ аз қарздор гирифта шудааст, даст кашад;

– агар ситонанда бо амалҳо (беамалӣ) – и худ ба иҷрои ҳуҷҷати иҷро монеъ шавад;

– ҳангоми азнавташкилдиҳӣ ё барҳамдиҳии ташкилот набудани вориси ҳуқуқӣ.

 

Тартиби боздошти истеҳсолоти иҷро чигуна аст?

Масъалаи номбурда дар моддаи 123 Қонун «Дар бораи истеҳсолоти иҷро» танзим гардидааст. Иҷрочии мақомоти иҷро ҳуқуқ дорад дар мавридҳои зерин истеҳсолоти иҷроро боздорад:

– ба суде, ки ҳуҷҷати иҷроро додааст, бо ариза ҷиҳати тавзеҳи санадҳои судӣ, ки бояд иҷро карда шаванд, муроҷиат намудани иҷрочии мақомоти иҷро. То моҳиятан пурра ҳал гардидани ҳамин масъала боздошта мешавад.

– дар ҳайати Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар қӯшун ва воҳидҳои ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ёфтаанд, хизмати ҳарбиро мутобиқи даъват адо намудани қарздор. тТо аз хизмати ҳарбӣ озод шудани қарздор боздошта мешавад.

– ба вуқуъ омадани ҳолатҳои фавқулода ё рафънопазир (неруи бартарафнашаванда), ки ба иродаи тарафҳои истеҳсолоти иҷро вобастагӣ надорад.

Дар бораи боздоштани истеҳсолоти иҷро иҷрочии мақомоти иҷро қарор қабул менамояд, ки нусхаи он ба тарафҳои истеҳсолоти иҷро супорида ё фиристода мешавад.

Инчунин истеҳсолоти иҷро дар ҳолатҳои муайян аз ҷониби суд низ қатъ карда мешавад. Истеҳсолоти иҷро аз ҷониби суд дар ҳолатҳои зерин қатъ карда мешавад:

– аз тарафи суд қабул кардани даст кашидани ситонанда аз ситониш;

– ситонанда ва қарздор созиши оштӣ баста бошанд ва онро суд тасдиқ карда бошад;

 – фавти шаҳрванд, ки ситонанда ё қарздор.

 – нокифоягии молу мулки ташкилоти барҳамхӯрда барои қонеъгардонии талаботи ситонанда;

 

Ин матлаб дар ҳамкорӣ бо Ҷамъиятӣ олмонии ҳамкориҳои байналмилалӣ дар доираи лоиҳаи "Шаҳрванд дар расмиёти маъмурӣ ва истеҳсолоти иҷро" омода шудааст.​​​​​​​

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...