Соҳибкорони беҳтарини шаҳри Душанбе муайян карда шуданд

Нигина Аслонова, Asia-Plus

Дар чорабинии бахшида ба ҷамъбасти натиҷаҳои озмун дар сатми тиҷорат пешсафони бахши саноату савдои пойтахт гирдиҳам омаданд.

Тавре ки аз шаҳрдории Душанбе хабар доданд, Шоҳҷоизаи озмун ба роҳбари ширкати «АКИА Авесто Автоматив Индастри» Асрор Мирзоев тақдим шуд.

Саҳми ӯ дар истеҳсоли электробусҳои аз лиҳози экологӣ бехатар ва кумак дар рушди нақлиёти ҷамъиятии экологӣ таъкид шуд.

Асрор Мирзоев ҳамчунин дар номинатсияи “Истеҳсоли маҳсулоти саноати вазнин” ғолиб дониста шуд.

Ширкати «АКИА Авесто Автоматив Индастри» аз ҷониби корхонаи “Авесто Групп” ва ширкати туркии «AKIA» моҳи январи соли 2018 бо мақсади бунёди корхонаи ҷамъу васли автобусҳо мувофиқи меъёрҳои байнулмилалӣ таъсис дода шудааст.

Боз киҳо ғолиб дониста шуданд?

Роҳбари ҶСП “Комбинати шири Душанбе” Раҳимҷон Ҳотамзода дар номиантсияи “Саноат” сазовори ҷойи аввал шуд.

Дар номинатсияи “Истеҳсоли маҳсулоти саноати сабук” мукофоти зинаи аввал ба роҳбари ҶДММ “Сифати Саноат” Ҳокимшо Идиев супурда шуд.

Дар номинатсияи “Сохтмон, тармим ва таъмир” ҷоиза ба роҳбари ҶДММ “Сарманзил” Маҳмудҷон Муродов тақдим гардид.

Дар номинатсияи савдо ҷоизаи ғолиб ба роҳбари ҶДММ “Бозори Корвон” Ҳалима Мавлонова супурда шуд.

Дар соҳаи меъморӣ ва дизайн роҳбари ҶДММ “Декор инвест” Абдурасул Исломов ба мукофоти зинаи аввал соҳиб шуд.

Ғолибон дар категорияҳои дигар:

Муфарраҳ Муҳаббатов, роҳбари ҶДММ “Рухом” – дар номинатсияи “Косибӣ ва ҳунарҳои халқӣ”;

Наврӯз Сабзаев, роҳбари ҶДММ “Садои Дӯстӣ” – дар номинатсияи “Хӯроки умум;

Абӯбакр Муродалиев, роҳбари ҶДММ “Континент Инвест” – дар номинатсияи “Хидмати маишӣ”;

Қурбоналӣ Зоҳиров, роҳбари КВД “Манзил хидматрасон №5” – дар номинатсияи “Хоҷагидории шаҳрӣ, хизматрасонии манзилию коммуналӣ ва экология”;

Муборакшо Катахонов, роҳбари ҶДММ “Евро Дез” – дар номинатсияи «Тиббӣ, хизматрасонии тиббӣ, истеҳсоли доруворӣ, маҳсулот ва таҷҳизоти тиббӣ»;

Фирӯз Бегамов, роҳбари ҶДММ “Меҳмонхонаи Сафо” – дар номинатсияи «Хизматрасонӣ дар соҳаи фарҳанг, варзиш ва туризм»;

Илҳомиддин Роибпур, роҳбари ҶДММ «Муассисаи таълимии хусусии литсеи Раҳнамо» – дар номинатсияи «Хизматрасонӣ барои таълим»;

Фарзона Сангинова, роҳбари Ҷамъияти ташкилоти «Илмхона» – дар номинатсияи «Хизматрасонии барои рушди соҳибкорӣ, таълим, маркетинг, аудит, консилинг, пешбарии муҳосибот ва кумаки ҳуқуқӣ»;

Саидаҳмад Саломов, роҳбари ҶДММ “Душанбе АТ” – дар номинатсияи «Нашриёт, дизайн ва реклама»;

Фирдавс Зеваров, роҳбари ҶС “О Мобайл” – дар номинатсияи «Технологияҳои телекомуникатсионӣ ва ахборотӣ».

Ғолибони озмун дар ҳар кадоме аз номинатсияҳо бо ифтихорнома ва туҳфаҳои хотиравии шаҳрдории Душанбе сафароз гардонида шуданд.

Қобили зикр аст, ки озмуни мазкур ҳамасола бар асоси қарори раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ гузаронида мешавад.

Ҳадаф аз баргузории озмун баланд бардоштани манзалат ва нуфузи соҳибкорон дар ҷомеа, таблиғи дастовардҳои онҳо дар бунёдкориву ободонӣ, дастгирии ҳамаҷониба ва ҳавасмандсозии рушди минбаъдаи соҳибкорӣ дар пойтахт, рушди бозори истеъмолии шаҳр ва фароҳам оврадани шароитҳои мусоид барои ҷалби сармоягузорони ватанӣ унвон мешавад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...