“Туркия барои шахсоне, ки ба Тоҷикистон хатар доранд, паноҳгоҳ нест”, – сафир Умут Аҷар

Исматулло Абдуллоев, Asia-Plus

Умут Аҷар, сафири Туркия дар Тоҷикистон гуфт, хоки Туркия барои нафароне, ки ба амнияти Тоҷикистон хатар доранд, паногоҳ нест ва ин кишвар чунин шахсонро аз хокаш ихроҷ мекунад.

Ӯ ин нуктаро имрӯз, 15-уми январ зимни як нишасти матбуотӣ дар Душанбе зикр кард. Ба гуфтаи ӯ, ҳамин гуна Тоҷикистон ҳам ҳассосиятҳои ҷониби Туркияро ба назар мегирад.

“Дар ҳолатҳои лозима мақомоти марбута, маълумоти лозимиро ба мо ҳам медиҳанд ва мо шаҳрвандро аз кишвар хориҷ мекунем, Тоҷикистон ҳам ин корро мекунад.” – гуфт Умут Аҷар.

Номбурда афзуд, мақомоти амниятии ду кишвар дар масъалаи мубориза бо терроризм ва экстремизм ҳамкориҳои зич доранд ва дар ин масъала байни ду кишвар табодули назар вуҷуд дорад.

Сафири Туркия дар Тоҷикистон гуфт, соли равон Раҷаб Тайиб Эрдуғон, раисҷумҳури кишврааш ба Тоҷикистон меояд.

Бояд гуфт, ки Туркия дар солҳои охир масири аслии пайвастани садҳо ҷавони тоҷик ба ҷангҳои Сурия ва Ироқ буд. Дар гузашта мақомоти тоҷик хабар дода буданд, ки Туркия ҷавонони тоҷики узви ДОИШ-ро боздошт ва ба Тоҷикистон супурдааст, вале то кунун ҳеҷ хабаре аз истирдоди фаъолони сиёсӣ нашр нашудааст.

Аз ҷумла, соли 2019 Туркия 21 гумонбари узвият ба ДОИШ-ро ба Тоҷикистон истирдод карда буд.

Дар ҳамин ҳол, Тукрия макони бархе аз мухолифини ҳукумати Тоҷикистон ҳам ҳаст. Аз ҷумла, соли 2015 Умаралӣ Қувватов, бунёдгузори “Гурӯҳи 24” (ҳаракате, ки фаъолияташ дар Тоҷикистон мамнуъ аст, муаллиф) дар Туркия кушта шуд, вале бо ин вуҷуд, даҳҳо тарафдораш, аз ҷумла раҳбари ин созмон дар ин кишвар монданд. Нафареро дар робита ба куштори Қувватов боздошту зиндонӣ карда буданд. 

Истирдоди Парвиз Саидраҳмонов, яке аз таблиғгарони гурӯҳи тундрави ДОИШ бо лақаби “Абу Довуд” аз мисоли охири истирдоди тоҷикон аз ин кишвар аст, ки мақомоти Туркия моҳи октябри соли 2022 ҳамроҳи ҳамсар ва чаҳор фарзандаш ба Тоҷикистон доданд. Абу Довуд дар Тоҷикистон 21 сол равонаи зиндон шуд.

Ӯ ба терроризму одамкушӣ, гаравгонгирӣ, ҷалб ва иштирок дар ҷангҳои хориҷӣ, ташкилу раҳбарии созмони террористӣ гумонбар буд.

Дар навбати худ Тоҷикистон ҳам чанде аз мухолифини ҳукумати имрӯзҳаи Туркияро дар Душанбе боздошт ва ба Туркия супорид. Аз ҷумла, дар чаҳор моҳи соли 2023 ду шаҳрванди Туркия дар Душанбе рабуда ва дар шароити мармуз ба ватанашон фиристода шудаанд.

Корай Вурал, мудири пешини яке аз мактабҳои наздик ба рӯҳонии турк Фатҳулло Гулен, ба гуфтаи наздиконаш, 16-уми сентябр аз сӯи шахсони ношинос рабуда ва як рӯз баъд ба Туркия бурда шуд.

Эмсал Коч, мудири собиқи маркази "Диалог" дар Душанбе, моҳи июли соли гузашта дар Душанбе рабуда, дертар дар яке аз боздоштгоҳҳои Туркия аз худ дарак дод.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...