Ирсоли парвандаи Абдухалил Холиқзода ва Абдуқодири Рустам ба додгоҳ

Asia-Plus

Парвандаи муаллифи китоби пурмоҷарои “Ҳаводиси рӯзгори ман” Абдухалил Холиқзода, соҳибкори тоҷик ва мудири Бемористони “Ибни Сино” ва Абдуқодири Рустам, нависанда ва муҳаққиқ, масъули шӯъбаи кадрҳои бемористони “Ибни Сино”, ки номаш дар китоби ёдшуда зикр мегардад, ба додгоҳ рафтааст.

Радиои Озодӣ бо такя ба манобеи худ менависад, ки Додситонии кулли Тоҷикистон тафтиши парвандаро ба поён расонида, барои баррасӣ ба Додгоҳи шаҳри Душанбе равон кардааст.

Ин расона аз қавли ду манбаи мустақил хабар медиҳад, ки парванда рӯзи 8-уми январ ба додгоҳ рафтааст ва қарор аст ҳафтаи дигар додгоҳ тасмим дар бораи баррасии парвандаро бигирад ва рӯзи баргузории нахустин мурофиаи додгоҳӣ низ маълум шавад.

Ҷузъиёти дигари ин парванда рӯшан нест ва зикр намегардад, ки дар асоси кадом моддаи Кодекси ҷиноии Ҷумҳурии Тоҷикистон банду баст шудааст. Дар ин бора аз дафтари матбуоти Додситонии кулли Тоҷикистон иттилоъ надодаанд.

Наздикони Абдуқодири Рустам ва Суҳроб Раҷабзода ҳам дар суҳбат ба хабарнигори Радиои Озодӣ гуфтанд, дар бораи татфтиши қазия маълумоте надоранд.

Қаблан кӯшиши “Asia-Plus” ҳам барои дастрас кардани назари пайвандони Абдухалил Ҳолиқзода ва Абдуқодири Рустам бесамар анҷомид. Онҳо аз суҳбат худдорӣ карданд.

Ҳамчунин, пайвандони Суҳроб Раҷабзода, роҳбари чопхонаи “Эр-Граф”, ки гуфта мешавад дар робита ба ин қазия боздошт шудааст, ҳеҷ иттилое ба “Asia-Plus” ироа накарданд.

Дар ҳамин ҳол, Асомиддин Бобохонзода, муовини раиси Додгоҳи шаҳри Душанбе дар як суҳбати кӯтоҳи телефонӣ ба хабарнигори Радиои Озодӣ гуфтааст, ки “дар суди шаҳр ин гуна парванда нест”.

Ёдовар мешавем, ки Абдухалил Холиқзода, Абдуқодири Рустам ва Суҳроб Раҷабзода пас аз нашр ва рӯнамоии китоби “Ҳаводиси рӯзгори ман” боздошт шуданд.

“Ҳаводиси рӯзгори ман” китоби дуввуми Абдухалил Холиқзода аст, ки дар он муаллиф саргузашт ва дидаву шунидаҳояшро нақл карда, андешаашро дар бораи ҳаводису падидаҳои гуногуни ҷомеа иброз медорад. Аз ҷумла, аз фазои соҳибкорӣ, фасод, сатҳи пасти фарҳангу таълим дар Тоҷикистон изҳори нигаронӣ карда, ҳамчунон бардошташро аз ҳамкорӣ бо намояндагони маҳалҳои гуногуни Тоҷикистон баён доштааст.

Номи Абдуқодири Рустам дар ин китоб зикр гардида, муаллиф барояш миннатдорӣ кардааст. Суҳроб Раҷабзода мудири чопхонаест, ки китобро нашр кардааст.

Нашри ин китоб дар шабакаҳои иҷтимоӣ баҳси тунди маҳалгароиро ба миён овард. Худи ӯ ин ҳамаро рад кард ва гуфт, “тақдири миллат ва амнияту рушди кишвар муҳим аст”.

Моҳи август Абдухалил Холиқзода ва як моҳ пас аз ин Абдуқодири Рустам боздошт шуданд. Дертар Суҳроб Раҷабзода низ боздошт гардид.

Додситони кулли кишвар дар нишасти матбуотӣ гуфт, ки муаллифи китоб барои барангехтани кинаю  адовати  миллӣ, нажодӣ, маҳалгароӣ ва ё динӣ ё дар асоси моддаи 189, қисми 2, банди “г” Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон муттаҳам мешавад.

Баъдан, чанд мансабдори тоҷик, аз ҷумла, Абдуҷаббор Раҳмонзода, сафири феълии Тоҷикистон дар Ӯзбекистон, Эмомалӣ Насриддинзода, мушовири Президенти Тоҷикистон дар бахши иҷтимоъ, Фарҳод Раҳимӣ, президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, Хайриниссо Юсуфӣ, муовини раиси ҲХДТ ва ҳатто омӯзгорону собиқадарони меҳнат  муаллиф ва мӯҳтавои китобро танқид карданд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...