Шаҳрвандони Тоҷикистон барои табобат бештар аз ҳама ба Ӯзбекистон сафар кардаанд

Миёни шаҳрвандони хориҷие, ки ба Ӯзбекистон барои табобат рафтаанд, шаҳрвандони Тоҷикистон дар мақоми аввал қарор доранд. Бино ба иттилои Агентии омори Ӯзбекистон, теъдоди тоҷиконе, ки дар кишвари ҳамсоя табобат гирифтаанд, 43,2 ҳазор нафарро ташкил медиҳад. Дар умум, ба Ӯзбекистон давоми соли 2023 61,3 ҳазор нафар ба табобат рафтаанд. Ҳамин тавриқ шаҳрвандони Тоҷикистон бештар аз 70 […]

Asia-Plus

Миёни шаҳрвандони хориҷие, ки ба Ӯзбекистон барои табобат рафтаанд, шаҳрвандони Тоҷикистон дар мақоми аввал қарор доранд.

Бино ба иттилои Агентии омори Ӯзбекистон, теъдоди тоҷиконе, ки дар кишвари ҳамсоя табобат гирифтаанд, 43,2 ҳазор нафарро ташкил медиҳад. Дар умум, ба Ӯзбекистон давоми соли 2023 61,3 ҳазор нафар ба табобат рафтаанд.

Ҳамин тавриқ шаҳрвандони Тоҷикистон бештар аз 70 дарсади теъдоди умумии хориҷиёнеро ташкил медиҳад, ки ба Ӯзбекистон барои табобат сафар кардаанд.

Дар мақоми дуюм шаҳрвандони Қазоқистон (10,7 ҳазор нафар) ва Қирғизистон (5,5 ҳазор нафар) қарор доранд.

Аз Русия 1,1 ҳазор нафар ва аз Туркманистон 600 нафар барои табобат ба Ӯзбекистон рафтаанд.

Ҳамчунин, 200 нафари дигар аз давлатҳои боқимонда ташриф овардаанд.

Бояд гуфт, ки баъди ба нармӣ гароидани муносибати Тоҷикистону Ӯзбекистон ва боз шудани сарҳад сафари шаҳрвандони ду кишвар ба таври назаррас зиёд шуд. Айни ҳол шаҳрвандони Тоҷикистон барои тиҷорату таҳсилу саёҳат ба ин кишвар мераванд ва баръакс шаҳрвандони Ӯзбекистон ба Тоҷикистон меоянд.

Аз ҷумла, сафари тоҷикон ба ҳаҷҷи умра тавассути ширкатҳои давлати Ӯзбекистон низ зиёд шудааст, ки сабаби онро дар матлаби зерин метавон мутолиа кард: Чаро тоҷикон тавассути Ӯзбекистон ба умра мераванд?

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.