Дар Тоҷикистон бонкҳои низомсозро муайян карданд

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Бо қарори Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) ташкилотҳои қарзии низомсози ҷумҳурӣ барои соли 2024 муайян карда шуданд.

Ба рӯйхат мисли солҳои пешин ташкилотҳои қарзии зерин дохил шуданд:

– КВД БА ҶТ «Амонатбонк» (бо меъёри ҷамъбастии 22,87);

– ҶСК «Ориёнбонк» (18,63);

– ҶСК «Бонки Эсхата» (14,76).

Дуруст аст, ки ду бонки аввал тайи соли ахир баъзе аз мавқеъашонро аз даст доданд: меъёри ҷамъбастии “Амонатбонк” дар муқоиса бо соли пешин 1,40  ва “Ориёнбонк” – 1,43 банди фоизӣ кам шуд.

Дар ҳамин ҳол, “Бонки Эсхата” баръакс, каме мавқеъашро беҳтар карда, меъёри фоизиаш ба андозаи 0,37 банди фоизӣ зиёд шуд.

Ҳамчунин Бонки миллии Тоҷикистон ба истилоҳ ташкилоти қарзии эҳтимолии низомсозро низ муайян кард. Солҳои ахир дар ин мавқеъ бетағйир ҶСП ТҚХ “Имон Интернешнл” қарор дошт. Аммо акнун ҶСП “Бонки байналмилалии Тоҷикистон” ба ин мавқеъ соҳиб шуд.

Мувофиқи шарҳу тавзеҳи БМТ, ташкилоти қарзии эҳтимолии низомсоз ташкилоте мебошад, ки аз рӯи натиҷаҳои баргузории арзёбии навбатӣ низомсоз эътироф карда мешавад”.

Дар Бонки миллӣ зикр мекунанд, ки ташкилоти қарзии низомсоз ташкилоти қарзие мебошад, ки ба фаъолияти босуботи он устувории ҳамаи низоми молиявӣ, аз ҷумла низоми бонкии кишвар вобаста аст.

“Мувофиқи методологияи Кумитаи назорати бонкии Базел, ҳар қадаре, ки ташкилоти қарзӣ бузург бошад, ҳамон қадар хавфи он ба устувориии низоми молиявӣ ва иқтисоди кишвар  ҳангоми муфлисшавӣ зиёдтар мешавад”, – гуфта мешавад дар замима ба қарори Бонки миллӣ.

Барои муайян кардани ташкилотҳои қарзии низомсоз нишондиҳандаҳои зерин ба инобат гирифта мешаванд:

– Андозаи ташкилоти қарзӣ;

– Робитаи мутақобилаи он бо дигар ташкилотҳои қарзиву молиявӣ;

– Ивазшавандагии мутақобилаи ташкилотҳои қарзӣ,

 – Маҷмӯият (мураккабӣ) дар баргузории амалиёти бонкӣ.

Бино ба маълумоти БМТ, рӯйхати ташкилотҳои қарзии ҷумҳурӣ аз 15 бонк, 19 ташкилоти амаонатии хурд, 3 ташкилоти қарзии хурд, 26 фондҳои қарзии хурд ва 1 ташкилоти қарзии ғайрибонкӣ иборат аст.

Қобили зикр аст, ки 34 ташкилоти қарзӣ, аз ҷумла 5 бонк дар марҳилаи барҳамдиҳӣ қарор доранд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...