Эмомалӣ Раҳмон сармоягузорони Қатарро ба Тоҷикистон даъват кард

Asia-Plus

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари давлатиаш ба Қатар дар шаҳри Давҳа бо доираҳои соҳибкорону сармоягузорон ва ширкатҳои Давлати Қатар мулоқот анҷом дод.

Тавре ки хадамоти матбуоти сарвари давлат хабар медиҳад, зимни вохӯрӣ Эмомалӣ Раҳмон аз як қатор соҳаҳои афзалиятнок дар ҷумҳурӣ барои ҳамкории минбаъда ном бурд.

Ба ақидаи сарвари давлати Тоҷикистон,  сайёҳӣ бахши калидиест, ки ба таваҷҷуҳи хосса ниёз дорад.

“Ҳукумати кишвар тавассути истифодаи имкониятҳои соҳибкории хурду миёна ва ҷалби сармояи хориҷӣ ба таҳкиму тавсеаи зерсохтори соҳаи сайёҳӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир менамояд, – изҳор дошт Эмомалӣ Раҳмон. – Дар ин самт мо дар панҷ соли охир барои сармоягузорон ва ширкатҳо   имтиёзу сабукиҳои ҷолиб пешниҳод намудаем”.

Ӯ зикр кард, ки воридоти молу ашё ва таҷҳизот барои бунёди иншооти сайёҳӣ аз боҷи гумрукӣ ва андоз аз арзиши иловашуда ҳамчунин, ширкатҳои навтаъсиси соҳа аз пардохти андоз аз фоида ба муддати панҷ сол озод карда шудаанд.

“Ҳамзамон бо ин, мо барои шаҳрвандони як қатор кишварҳо, аз ҷумла Давлати Қатар низоми бераводиди яктарафаро ба мӯҳлати 30 рӯз ҷорӣ кардем”, – изҳор дошт Эмомалӣ Раҳмон.

Ҳамчунин ӯ таъкид дошт, ки  дар соҳаи захираҳои табиӣ ва гидроэнергетика Тоҷикистон имконоти зиёд дошта, рушди иқтисоди сабз ва устувор тариқи амалисозии лоиҳаҳо, аз ҷумла неругоҳи барқи обии”Роғун” муҳим аст.

Дар нақшаҳои рушд афзоиши имконоти энергетикӣ ба миқдори 4000 мегаватт бо таваҷҷуҳ ба энергияи аз лиҳози экологӣ тоза пешбинӣ шудааст.

Зимни суханронии пурмуҳтаво Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин оид ба имконоти фарохи сармоягузорӣ ба соҳаҳои афзалиятнок, аз ҷумла саноати сабуку хӯрокворӣ, металлургия, мошинсозӣ, истеҳсоли масолеҳи сохтмон ва дорусозӣ андешаронӣ кард.

Дар робита ба рушди саноати кӯҳкорӣ президент таъкид дошт, ки истихроҷи металлҳои гуногун ва сангҳои қиматбаҳо, инчунин зарурати ҷорисозии технологияҳои муосир ва ҷалби сармоягузорӣ ба бахшҳои зикршуда дурнамои хуб доранд.

Дар соҳаи маорифу илм нияти таҳкими робитаҳо, табодули донишҷӯён ва татбиқи лоиҳаҳои муштараки илмӣ-таҳқиқотӣ таъкид шуд. Ба ақидаи Эмомалӣ Раҳмон, соҳаи тандурустӣ ва технологияҳои иттилоотӣ, инчунин кори бонкӣ ва хидматрасониҳои молиявӣ низ самтҳои калидӣ барои ҳамкорӣ мебошанд.

Сарвари давлати Тоҷикистон муҳимияти таъмини рушди устувор, татбиқи лоиҳаҳо оид ба ҳифзи муҳити зист, густариши ҳамкории фарҳангӣ, аз ҷумла баргузории чорабиниҳои муштараки фарҳангӣ, инчунин дастгирии соҳаи варзишро таъкид кард.

Қобили зикр аст, ки дар доираи сафари давлатии Эмомалӣ Раҳмон ба Давлати Қатар байни кишварҳо 9 санади нави ҳамкорӣ ба имзо расид.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...