“Нозирони роҳ кам ва маоши онҳо баланд бардошта шавад”. Андешаи сокинон дар бораи ихтисори кормандони БДА

Исматуллоҳи Абдуллоҳ, Меҳрангез Султонзода, махсус барои Asia-Plus

Дар Тоҷикистон 30%-и кормандони БДА-ро ихтисор мекунанд. Фармони марбута рӯзи 19-уми январ аз ҷониби сарвари кишвар имзо шуд.

Дар робита ба ин, мо аз ронандагону сокинони пойтахт пурсидем: Ихтисори кормандони БДА ба ҳаракати нақлиёт дар роҳҳо чӣ таъсир мерасонад? Қоидавайронкунӣ зиёд мешавад ё ҳаракат бароҳат мегардад?

Аксари сокинон бар он ақидаанд, ки кам кардани теъдоди кормандони БДА ба фоидаи кор аст. Ба ақидаи онҳо, ин ҳам ба кам шудани ҳолатҳои коррупсионӣ мусоидат мекунад ва ҳам имкон медиҳад, ки маоши дигар кормандони ин сохтор бештар шавад. Теъдоде аз пурсидашудагон аз эҳтимолияти зиёд шудани қоидавайронкуниҳо дар роҳ изҳори нигаронӣ намуданд.

Муфассал дар навор тамошо кунед.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...