Тахриби майдони “Танк” дар Душанбе оғоз шуд

Нигина Аслонова, Asia-Plus

Дар Душанбе корҳои тахриби иншооти Майдони Ғалаба ё миёни мардум маъруф бо номи “Танк” оғоз шуд.

Коргарони машғул ба ин корҳо ба хабарнигори “Азия-Плюс” гуфтанд, дастур гирифтаанд, ки пояҳо (стелла) ва муҷассамаи танкро ба Боғи Галабаи пойтахт кӯчонанд.

Қаблан маълум шуда буд, ки дар ҷойи ин майдон сохтмони эстакадаи дусатҳа ба нақша гирифта шудааст.

Дар ин лоиҳа пайвастшавии кӯчаҳои Шевченко ва Назаршоев, инчунин хиёбонҳои Саъдии Шерозӣ ва Айнӣ дар назар аст, ки ба ақидаи муаллифони лоиҳа, зерсохтори нақлиётии шаҳрро беҳтар мекунад.

Дар ҳамин ҳол, дарёфти маълумот дар бораи ҷузъиёти муҳлати кӯчонидани иншооти майдон ва оғози сохтмони эстакада аз Кумитаи меъморӣ ва сохтмони Душанбе муяссар нашуд.

Қобили зикр аст, ки дар майдони Ғалаба барои ҳамаи сокинони Душанбе ёдгории муҳим – танки маъруфи ИС-2 (Иосиф Сталин) ҷойгир аст, ки дар амалиёти ҳарбии Ҷанги Бузурги Ватанӣ иштирок кардааст.

Дар сурати бунёди эстакада ҳамаи иншооти наздик – биноҳои истиқоматӣ, Майдони “Ғалаба” ва “Танки ИС-2 (Иосиф Сталин)”, ки 35 сол пеш дар арафаи Рӯзи ғалаба – 9 май соли 1987 дар пойтахт, ҳамчун муҷассамаи ёдгорӣ қомат афрохта буд, тахриб мешаванд.

Дар маводи зерини “Азия-Плюс” дар бораи таъсири эстакадаҳо ба ҳалли мушкилоти танбашавӣ дар роҳҳои Душанбе маълумоти муфассал қобили дарёфт аст.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...