Заминларза дар Осиёи Марказӣ. Шиддати он аҳолиро ба кӯчаҳо баровард

Меҳрофарин Наҷибӣ, Asia-Plus

Имшаб дар марзи Қирғизистон, Қазоқистон ва Чин заминларзаи шиддаташ беш аз 7 балл ба қайд гирфита шуд, ки ларзиши он дар Ӯзбекистону Тоҷикистон низ эҳсос шуд.

Ин заминларза рӯзи 23-юми январ, соати 00:09 ба вақти Алмато сабт шудааст. Вазорати ҳолатҳои изтирории Қазоқистон хабар дод, ки маркази заминларза дар 264-километрии ҷанубу шарқи шаҳри Алмато, дар умқи 65 километр ҷойгир шудааст.

Ба иттилои манбаъ, дар Алмато қувваи зилзила 5 баллро ташкил додааст ва дар шаҳр, махсусан дар ошёнаҳои боло таконхӯрии шадид эҳсос шудааст.

Сокинони Алмато ба таври оммавӣ ба кӯчаҳо баромадаанд:  дар Алмато ин гуна заминларза дар чандсолаи охир ба қайд гирифта нашуда буд ва аҳолии ин шаҳр аз шиддати шаминларза ҷиддан тарсидаанд.

Тақрибан пас аз ним соат боз заминларзаи дигар ба қайд гирифта шуд, ки шиддати он 2-3 баллро ташкил медиҳад.

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ наворҳои ҷунбиши шадиди ҷиҳозу қандилҳои хонаи сокинон нашр шудаанд ва дида мешавад, ки аксари аҳолӣ хонаҳои худро тарк карда, ба берун баромадаанд.

Такрибан соати 2-и шаб заминларзаи сеюм ба қайд гирифта шудааст, ки ба қавли шоҳидон шиддати он нисбати ду заминларзаи аввал камтар будааст, менависад smi24.kz.

Дар Чимкент, ба гуфтаи вазорати ҳолатҳои изтирории Қазоқистон, заминларза бо шиддати ду дараҷа эҳсос шудааст. Сокинони Остона, бахусус онҳое, ки дар ошёнаҳои боло зиндагӣ мекунанд, низ заминларзаро эҳсос кардаанд.

Бар асари заминларза дар пойтахти Қазоқистон беш аз 44 нафар маҷрӯҳ шудаанд, хабар медиҳад mail.kz.

Дар ҳамин ҳол, расонаҳои Қирғизистон бо истинод ба Пажӯҳишгоҳи зилзилашиносии Академияи илмҳои Қирғизистон хабар медиҳанд, ки заминларза дар Чин, дар наздикии марзи Қирғизистону Чин рух додааст.

Қувваи заминларза дар маркази заминларза 7 балл буд, менависад АКИpress.

Вазорати ҳолатҳои изтирории Қирғизистон хабар додааст, ки талафот ва харобиҳо ба қайд гирифта нашудааст.

Заминларзаро сокинони Ӯзбекистон низ эҳсос кардаанд – дар Тошканд қувваи заминларза ба 3 балл расидааст, менависад Gazeta.uz.  Дар вилоятҳои Андиҷон, Фарғона ва Намангон бошад, заминларза аз 3 то 4 балл эҳсос шудааст.

Дар бораи талафот ва хисорот гузориш дода нашудааст.

Дар шимоли Тоҷикистон низ шиддати ин заминларза эҳсос шудааст, вале дар хусуси талафоту хисорот ҳанӯз маълумот дастрас нест.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...