Аз Додситони куллу ВКД то Хатлону ВМКБ. Эмомалӣ Раҳмон якчанд тағйироти кадрӣ анҷом дод

Меҳрофарин Наҷибӣ, Asia-Plus

Рӯзи 27-уми январ Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Тоҷикистон, бо судуру якчанд амру фармону қарор директори Агентии зиддинашъа, муовинони раиси ВМКБ, раисони чор шаҳру навоҳии ВМКБ, раиси ноҳияи Хуросони вилояти Хатлон, муовинони додситони кулл ва вазири корҳои дохилӣ ва якчанд додситонҳои шаҳру навоҳии дигари Тоҷикистонро иваз кард.

Бо фармони Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Тоҷикистон Ҳабибулло Воҳидзода бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи директори Агентии зиддинашъа озод карда шуд.

Зафар Самад, ки қаблан дар вазифаи муовини аввали директори Агентии зиддинашъа кор мекард, акнун бо фармони Президенти Тоҷикистон директори агентии мазкур таъйин гардид.

Муовинони Юсуф Раҳмон нав шуданд

Дар мувофиқа бо Эмомалӣ Раҳмон, муовинони Додситони кулли Тоҷикистон Дилшод Талбакзода ва Мирзоамон Рофизода аз мақомашон барканор шуданд.

Ба ҷои онҳо, Умед Каримзода ба мақоми муовини аввали Додситони кулл ва Сарвар Азимзода ба мақоми муовини Додситони кулл пешниҳод гардиданд.

Ҳамчунин, Икром Зоирзода аз вазифаи муовини Додситони кулл – Сарпрокурори ҳарбӣ озод карда шуд.

Эмомалӣ Раҳмон номзадии Ҳабибулло Воҳидзодаро, ки то кунун ба ҳайси директори Агентии зиддинашъа кор мекард, ба мақоми муовини додситони кул – Сарпрокурори ҳарбии кишвар пешниҳод кард. Пешниҳоди президентро бояд вакилони Маҷлиси миллии маҷлиси Олии ҶТ тасдиқ кунанд.

Як муовини Рамазон Раҳимзода ҳам аз вазифа рафт

Бо қарори раиси ҳукумати Тоҷикистон, Саиднахш Раҳмонзода аз вазифаи муовини вазири корҳои дохилӣ озод карда шуд.

Сабаби аз ин вазифа рафтани ӯ, “ба кори дигар гузаштан” дарҷ мешавад, вале то ин лаҳза курсии нави Раҳмонзода маълум нест.

Раҳмонзода Саиднахш аз 15-уми июни соли 2020 ба ин вазифа таъйин шуда, қариб 4 сол фаъолият кард. Аз ин пеш, ӯ наздики 12 сол сардори Раёсати сохтмони асосии Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон буд.

Курсии муовини вазири корҳои дохилӣ ҳам ба то ҳол холӣ аст.

Тағйироти кадрии ҷиддӣ дар ВМКБ

Ҳамчунин, ба сабаби ба нафақа баромадан раиси ноҳияи Дарвози ВМКБ Абдураҳмонзода Саидбурхон Саидраҳмон аз вазифаи худ озод карда шуд. Ба ҷои ӯ Носирзода Умедҷон Саидҷон иҷрокунандаи вазифа таъин гардид.

Мирзозода Мусо Одинамуҳаммад бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи раиси ноҳияи Ишкошими ВМКБ озод гардид. Ба ҷои ӯ Иматшозода Анвар Иматшо иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Ишкошим таъин карда шуд.

Шомирзозода Аъзам Мирмамад бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи раиси ноҳияи Роштқалъаи ВМКБ озод карда шуд. Ба ҷои ӯ Сафарзода Лашкар Аслам иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Роштқалъа таъйин гардид, ки то кунун муовини сардори раёсати кишоварзӣ ва ҳифзи муҳити зисти Дастгоҳи иҷроияи Президенти Тоҷикистон буд.

Курсии нави Шомирзозода Аъзам ҳанӯз маълум нест. Инчунин, ба курсии муовини сардори раёсати кишоварзӣ ва ҳифзи муҳити зисти Дастгоҳи иҷроияи Президенти Тоҷикистон то ҳол касе таъйин нашудааст.

Ҷумъазода Ҷумъа Шофақир бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи раиси ноҳияи Шуғнони ВМКБ озод карда шуд ва Шоисматуллозода Комил иҷрокунандаи вазифаи раис таъйин гардид.

Абдураҳмонзода Саидбурҳон Саидраҳмон бо сабаби ба нафақа баромадан аз вазифаи раиси ноҳияи Дарвози ВМКБ озод ва Носирзода Умедҷон Саидҷон иҷрокунандаи ин вазифа таъйин карда шуд.

Додихудоев Фарух Муборакшоевич бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи раиси ноҳияи Рӯшони ВМКБ озод ва Аҳмадзода Илҳом Шамол, ки  то кунун раиси ноҳияи Хуросони вилояти Хатлон буд, аз вазифа озод ва ба вазифаи иҷрокунандаи раиси ноҳияи Рӯшони ВМКБ таъйин карда шуд.

То ҳанӯз раиси нави ноҳияи Хуросони вилояти Хатлон маълум нест.

Муовинони нави Мирзонаботов киҳо ҳастанд?

Инчунин, бо ризоияти Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ду муовини раиси ВМКБ ҳам иваз карда шуд: раиси ҳукумат барои ба вазифаи муовинони раиси ВМКБ таъйин кардани Амирбекзода Ҳабибулло ва Мирзозода Мусо розигӣ дод.

Мирзозода Мусо то ин ҷониб раиси ноҳияи Ишкошими ВМКБ буд.

Амирбекзода Ҳабибулло то моҳи июни соли 2023 муовини якуми раиси Кумитаи рушди сайёҳӣ буд ва баъди он бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифа озод шуд.

Прокурор ва додрасҳо ҳам иваз шуданд

Ҳамин тариқ, дар мувофиқа бо Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон прокурори ВМКБ, прокурори вилояти Хатлон, прокурори шаҳрҳои Душанбе, Кӯлоб, Бохтар ва ноҳияҳои Сино ва Кӯшониён таъйин гардиданд.

Фармони аз вазифа рафтани Аҳмадҷон Абдуллозода, додраси Додгоҳи ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон, ки дар пайи як садами нақлиётӣ ба ҳалокат расида буд, нав ба имзо расид.

Абдуллозода рӯзи 20-уми декабри соли 2023 дар шоҳроҳи Душанбе – Бохтар, дар ҳудуди ноҳияи Хуросон садама карда, шаби 4-уми январ дар бемористон аз олам даргузашт.

Ҷузъиёти ин ҳодисаро дар хабари зерин мутолиа намоед.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...