Даромади операторони алоқа ва интернет-провайдерони Тоҷикистон 7,8% зиёд шуд

Фозилҷон Фатҳуллоев, Asia-Plus

Тибқи ҳисобҳои пешакӣ, даромади операторони алоқа ва ширкатҳои фароҳамсози интернет (интернет-провайдерон)-и Тоҷикистон дар соли гузашта 3 млрд 867 млн 609 ҳазору 467 сомониро ташкил дод.

Зимни нишасти матбуоти имрӯзаи Хадамоти алоқаи назди ҳукумати ҷумҳурӣ зикр шуд, ки ин нишондиҳанда 7,8% зиёдтар нисбат ба соли 2022 (3 млрд 586 млн 838 ҳазор сомонӣ) мебошад.

Дар Хадамот иттилоъ доданд, ки имрӯз дар кишвар 78 ширкат ба хидматрасонӣ дар соҳаи алоқаи электронӣ машғул буда, 255 навъи иҷозатномаҳои гуногун барои хидматрасонӣ дар ин соҳаро доранд.

Давоми сол  ба шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ 1 ҳазору 328 ҳуҷҷатҳои иҷозатномавӣ ва 156 гувоҳномаи мутобиқат ба алоқаи электронӣ дода шудааст.

“Соли гузашта ба 2 ширкати телекоммуникатсионӣ иҷозатнома ҷиҳати дастрасии мустақим ба интернети босуръат дода шуда, акнун шаҳрвандон ба чунин интернет дастрасӣ доранд”, – иброз дошт муовини сардори Хадамоти алоқа Илҳом Атоев, лекин аз ин ширкатҳо ном набурд.

Ба гуфтаи ӯ, шумори умумии муштариёни алоқаи электронӣ дар ҷумҳурӣ 7,8 млн нафарро ташкил медиҳад.

Атоев ҳамчунин хабар дод, ки ҶСК “Тоҷиктелеком” ба маблағи 158 млн 746,2 ҳазор сомонӣ ба муштариён хидматрасонӣ пешниҳод кардааст.

Ӯ зикр кард, ки мувофиқи фармони президент “Дар бораи васеъ намудани ҳисоббаробариҳои ғайринақдӣ” дар ҷумҳурӣ иловатан 1 ҳазору 54 пойгоҳҳои заминавӣ насб шуда, зиёда аз 500 километр хатҳои алоқаи оптикӣ-нахӣ гузаронида шудааст.

“Ҳамаи ширкатҳои бахши хусусӣ дар соҳаи алоқаи барқӣ аз тамоми имтиёзҳои дар ихтиёр доштаашон истифода бурда, бидуни монеъа фаъолияти техникӣ, молиявӣ ва иқтисодии худро амалӣ месозанд. Давоми сол ба Хадамоти алоқа аз шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ 60 муроҷиат расид. Ба 54-тои онҳо ҷавоби мушаххас дода шуда, 6 муроҷиат мавриди баррасӣ қарор доранд”, – зикр кард Атоев.

Муовини сардори Хадамот гуфт, аз рӯи натиҷаҳои баррасии парвандаҳо оид ба қонуншиканиҳои маъмурӣ нисбат ба 98 шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ дар бораи таъини ҷазои маъмурӣ мутобиқи моддаҳои 350, 351 ва 366-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ қарорҳо содир шуда, 211,7 ҳазор сомонӣ ҷаримаҳо гузаронида шудаанд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...