Боздошти ҷодугари 74-сола дар Кӯлоб бо 5 сол собиқаи корӣ

Asia-Plus

Кормандони милитсияи шаҳри Кӯлоб Раҳматулло Файзуллоеви 74-соларо ба гумони машғул шудан ба сеҳру ҷоду ва фолбинӣ боздошт намуданд.

Тавре ки Раёсати ВКД дар вилояти Хатлон дар саҳифаи Facebook хабар медиҳад, ӯ сокини маҳаллаи 1 майи шаҳри Кӯлоб буда, дар хонаи истиқоматиаш ба сеҳру ҷоду ва фолбинӣ машғул мешудааст.

“Зимни чорабиниҳои санҷишӣ муайян гардид, ки Раҳматулло Файзуллоев худро ҳамчун фолбину ҷодубарор муаррифӣ намуда, давоми 5 соли охир ба ин кор машғул будааст”, – омадааст дар хабари Раёсат.

Гуфта мешавад, маълум шудааст, ки дар асл номбурда танҳо ба хотири манфиатҳои шахсӣ барои ба даст овардани маблағҳои пулӣ даст ба ин кирдори мардумфиребона мезадааст.

Вобаста ба ҳолатҳои мазкур нисбати дастгиршуда барои амалҳои мардумфиребонааш  парвандаи маъмурӣ тартиб ва барои баррасӣ ба Суди шаҳри Кӯлоб ирсол гардидааст.

Раёсат таъкид доштааст, ки имрӯз илму донишҳои тиббӣ дар сатҳи зарурӣ тараққӣ ва ташаккул ёфта, шаҳрвандонро мебояд аз чунин афроди ҷодугару фолбин дӯрӣ ҷӯянд ва ба амалу рафтори онҳо бовар накунанд.

Гуфтан бамаврид аст, ки дар Тоҷикистон машғул шудан бо фолбинӣ ва ҷодугарӣ тибқи қонунгузорӣ манъ аст. Ҳамчунин, бар асоси талаботи динӣ низ машғул шудан бо фолбинӣ ва ҷодугарӣ иҷоза дода намешавад.

Барои машғул шудан ба сеҳру ҷоду ва фолбинӣ бар асоси моддаи 482 Кодекси маъмурии ҶТ ҷарима дар ҳаҷми аз 40 то 50 нишондиҳанда барои ҳисобҳо (1 нишондиҳанда – 72 сомонӣ) пешбинӣ шудааст.

Дар сурати такрори амал дар давоми сол ҷарима метавонад аз 60 то 100 нишондиҳанда барои ҳисобҳоро ташкил диҳад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон (ICB) ва Федератсияи футболи Тоҷикистон шартномаи нави шарикии стратегиро ба имзо расониданд. Ин қадам...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...