Тоҷикистону Қирғизистон дар соли 2023 ҳудуди 170 километри сарҳадро муайян карданд

Тоҷикистон ва Қирғизистон то ҳол тавсифи 889,45 километри сарҳадро ба анҷом расонидаанд, ки 90% аз хатти умумии сарҳадро ташкил медиҳад. Дар ин бора имрӯз, 8 феврал зимни нишасти матбуотӣ дар Душанбе Ориф Хоҷазода, раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезияи Тоҷикистон ва ҳамзамон роҳбари гурӯҳи кории топографӣ аз ҷониби Тоҷикистон хабар дод. “Соли 2023 гурӯҳҳои […]

Исматуллоҳ Абдуллоҳ, Asia-Plus

Тоҷикистон ва Қирғизистон то ҳол тавсифи 889,45 километри сарҳадро ба анҷом расонидаанд, ки 90% аз хатти умумии сарҳадро ташкил медиҳад. Дар ин бора имрӯз, 8 феврал зимни нишасти матбуотӣ дар Душанбе Ориф Хоҷазода, раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезияи Тоҷикистон ва ҳамзамон роҳбари гурӯҳи кории топографӣ аз ҷониби Тоҷикистон хабар дод.

“Соли 2023 гурӯҳҳои кории топографии Тоҷикистону Қирғизистон 15 ҷаласа гузаронида, аз рӯи натиҷаҳои онҳо тавсифи 169,48 километр хатти сарҳади давлатӣ анҷом дода шуд. Ҳамагӣ то имрӯз тавсифи 889,45 километр сарҳади давлатии Тоҷикистону Қирғизистон анҷом дода шудааст”, – шарҳ дод Хоҷазода.

Масофаи умумии сарҳади давлатӣ байни Тоҷикистон ва Қирғизистон 987,6 километрро ташкил медиҳад.

Ӯ бо ишора ба он, ки қаблан ҷонибҳо бобати “махфӣ боқӣ мондани мазмуни протоколу ҳуҷҷатҳо дар бораи иҷрои корҳо, қатъиян риоя шудан ва нашри онҳо пас аз розигии ҳарду тараф” ба созиш расида буданд, аз пешниҳоди маълумоти муфассал дар бораи қитъаҳои мувофиқашудаи сарҳад худдорӣ варзид.

“Ҳама гуна маълумот бо розигии тарафҳо пешниҳод мешавад. Аз ин рӯ, аз намояндагони ВАО хоҳиш мекунам, ки вазъиятро дар ин масъала бифаҳманд”, – изҳор дошт ӯ.

Хоҷазода аз шарҳи маълумоти дар моҳи март имзо шудани созишномаи ниҳоӣ худдорӣ варзида, чунин гуфт: “Мо ҳам хоҳони он ҳастем, ки масъалаи сарҳад ҳарчи зудтар ҳаллу фасл шавад”.

Рӯзи 10-уми январи соли 2024 Ҳакан Фидан, вазири корҳои хориҷии Туркия пас аз вохӯрӣ бо Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон изҳор намуд, ки имзои созишнома оид ба марз миёни Тоҷикистону Қирғизистон дар моҳи март таъйид шудааст.

Гуфтушунидҳо миёни Тоҷикистон ва Қирғизистон дар бораи таъйин ва аломатгузории сарҳади байни кишварҳо аз соли 2022 идома доранд. Аммо ҳал нашудани ин масъала борҳо сабаби муноқишаҳои сокинони маҳаллӣ ва низомиёни ду кишвар, аз ҷумла бо истифода аз силоҳи оташфишон шудааст.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.