Вазири нақлиёти Тоҷикистон сабаби бандшавии даҳҳо “фура” дар гузаргоҳи “Фотеҳобод”-и Мастчоҳро шарҳ дод

Азим Иброҳим, вазири нақлиёти Тоҷикистон банд мондани даҳҳо “фура” дар гузаргоҳи Фотеҳободи ноҳияи Мастчоҳро шарҳ дод. Ӯ гуфт, сабаби асосӣ ба анҷом расидани муҳлати рухсатномаҳое, ки ронандагони тоҷик барои убури марз дастрас мекунанд. Номбурда афзуд, ки муҳлати рухсатаномаҳои соли гузашта 31-уми январи соли 2024 ба анҷом расид, вале рухсатномаҳои навро бархе ҷамъиятҳои боркашонӣ ба ронандагон […]

Алимшоҳ Меҳрзода "Asia-Plus"

Азим Иброҳим, вазири нақлиёти Тоҷикистон банд мондани даҳҳо “фура” дар гузаргоҳи Фотеҳободи ноҳияи Мастчоҳро шарҳ дод. Ӯ гуфт, сабаби асосӣ ба анҷом расидани муҳлати рухсатномаҳое, ки ронандагони тоҷик барои убури марз дастрас мекунанд.

Номбурда афзуд, ки муҳлати рухсатаномаҳои соли гузашта 31-уми январи соли 2024 ба анҷом расид, вале рухсатномаҳои навро бархе ҷамъиятҳои боркашонӣ ба ронандагон қимат фурӯхтанд.

“Мутаассифона, баъзе ҷамъиятҳо ба қоидаҳое, ки қобили қабул нест, роҳ додаанд. Мо як гурӯҳи корӣ ташкил кардем, ба онҷо рафта рухсатномаҳоро тақсим карданд. Шиддат (мушкил дар назар аст-муаллиф) дар байни ду руз бардошта шуд”- таъкид кард Азим Иброҳим.

Ӯ афзуд, ин мушкил одатан охири моҳи январ сар мезанад, вақте ки муҳлати рухсатномаҳо ба охир мерасаду ҷониби Ӯзбекистон рухсатномаҳои навро ирсол мекунад.

Азим Иброҳим гуфт, баъди қабули рухсатномаҳо аз ҷониби Ӯзбекистон Вазорати нақлиёт ҳуҷҷатҳоро аз расмиёти дохилӣ мегузаронад ва ба ҷамъиятҳои боркашонӣ барои фурӯхтан ба ронандагон медиҳад.

Гуфта мешавад арзиши ин рухсатномаҳо 300 сомонӣ ё каму беш 30 доллар аст. Вале ронадагон шикоят мекунанд, ки онро қариб  1200-1300 сомонӣ ё 120-130 доллар мегиранд.

Вазир ба соули он ки чаро вазорати нақлиёт мустақиман ин ҳуҷҷатҳоро ба ронандагон намедиҳад, посухи рушан надод ва танҳо гуфт, ки дар оянда кӯшиш мекунанд, ки ин рухсатномаҳо ба таври ғайринақдӣ дода шавад. Маълум нест, ки дар ин сурт ҳам ҷамъиятҳои боркашонӣ миёнаравӣ мекунанд ё не.

Азим Иброҳим дар шарҳи камчин шудани рухсатномаҳо гуфт, соли 2020 25 ҳазор рухсатнома додаанд, вале соли гузашта аз ҷониби Ӯзбекистон 73 ҳазору 50 адад гирифтаанд. Дар як моҳи соли ҷорӣ  25 ҳазор 910 рухсатнома дастрас кардаанд. Ин ҳам дар ҳолест, ки соли 2020 пандемияи коронавирус буд ва аксари сарҳадҳо баста буданд.

Азим Иброрҳим гуфт, ки тавассути гузаргоҳи “Фотеҳобод-Ойбек” 42 ҳазору 211 мошин 702 ҳазор тонна бор ҳамлу нақл кардаанд.

Ба иттилои ӯ дар Тоҷикистон 208 ҷамъияти ҳамлу нақл вуҷуд дорад, ки аз ин 78 ҷамъияти боркашонӣ, беш аз 100 мусофирбарӣ ва боқимонда ҳам мусофирбарӣ ва ҳам боркашонӣ мебошад.

Ёдовар мешавем, ки чанд рӯз пеш Радиои Озодӣ хабар дод, ки дар гузаргоҳи “Фотеҳобод-Ойбек”,  сарҳади байни Тоҷикистону Ӯзбекистон даҳҳо мошинҳои боркаш (фураҳо) бо далели қиммат ва камчин шудани нархи рухстаномаҳо ҷамъ шудаанд.

Ронадагон шикоят доштанд, ки ҳар дафъа бо миёнравии ширкатҳо рухсатномаи якдафъинаи даромадан ба ҳудуди Узбекистонро мехариданд. Дар соли нав, ба гуфтаи онҳо, “рухсатнома камчин ва нархаш гарон шуд”.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.