Даҳҳо “фура” дар сарҳади Тоҷикистону Ӯзбекистон дармондаанд. Бар асари қимат шудани рухсатнома

Дар сарҳади байни Тоҷикистону Ӯзбекистон шумори зиёди мошинҳои боркаш (фураҳо) ҷамъ шудаанд. Ба гуфтаи ронандагон, сабаби асосиаш қимат шудани рухсатнома барои убури марз барои мошинҳои боркаш мебошад, ки бар асари он аз боркашонӣ ҳеҷ фоидае ба даст намеояд. Дар ин бора Sputnik Тоҷикистон хабар медиҳад. Мошинҳои боркаш дар гузаргоҳи “Фотеҳобод”-и ноҳияи Мастчоҳ ҷамъ шудаанд. Яке […]

Asia-Plus

Дар сарҳади байни Тоҷикистону Ӯзбекистон шумори зиёди мошинҳои боркаш (фураҳо) ҷамъ шудаанд. Ба гуфтаи ронандагон, сабаби асосиаш қимат шудани рухсатнома барои убури марз барои мошинҳои боркаш мебошад, ки бар асари он аз боркашонӣ ҳеҷ фоидае ба даст намеояд. Дар ин бора Sputnik Тоҷикистон хабар медиҳад.

Мошинҳои боркаш дар гузаргоҳи “Фотеҳобод”-и ноҳияи Мастчоҳ ҷамъ шудаанд. Яке аз ронандагони мошинҳои боркаш гуфтааст, ки аз оғози соли 2024 дастрас кардани ҳуҷҷат душвор ва қимат шудааст.

“Мо намедонем, ки чаро нархи ин коғаз – рухсатнома якбора 100% баланд гардида 130 доллар шудааст. Ҳеҷ касе аз масъулин дар ин бора ба мо шарҳ намедиҳанд”, – иброз доштааст ӯ.

Ронандаи дигар изҳор намудааст, ки чунин нархгузорӣ барои онҳо мушкили зиёд эҷод мекунад.

“Барои расонидани бор аз Хуҷанд ба шаҳри Тошканд соҳиби бор ба мо 450 доллар роҳкиро медиҳад. Мо 220 доллар барои убури замини Ӯзбекистон пардохт мекунем, 130 доллар барои рухсатнома (дазвол) бар замми ин дар Тоҷикистон барои роҳ, тарозу, сӯзишворӣ пул медиҳем, ҳеҷ фоида нест”, – зикр кардааст номбурда.

Рухсатнома ҳуҷҷатест, ки аз ҷониби Ӯзбекистон ба Вазорати нақлиёти Тоҷикистон пешниҳод мегардад. Онро ширкатҳои хусусии хидматрасон ба ронандагон медиҳанд.

“Ҳамааш базудӣ ҳал мешавад”

Дар ҳамин ҳол, тавре ки Sugd news менависад, раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода зимни нишасти матбуотии рӯзи 6 феврал дар ин робита изҳор намудааст, ки “ин мушкилот то Вазорати нақлиёти Тоҷикистон расонида шуда, масъала базудӣ ҳаллу фасл мешавад”.

“Оид ба ин масъала мо ба Раёсати минтақавии Хадамоти гумруки вилоят ва Хадамоти сарҳадбонии КДАМ дар вилояти Суғд муроҷиат намуда, барои ҳалли масъала муовини раиси вилоят ва мудири шуъбаи масоили ҳуқуқӣ масъул шуданд. Ҳамчунин тариқи ВКХ Тоҷикистон мо ба сафири Тоҷикистон дар Ӯзбекистон Абдуҷаббор Раҳмонзода муроҷиат кардем.

Пас аз ин комиссия таъсис дода шуд. Аъзои комиссия ба гузаргоҳи “Фотеҳобод” омада, вохӯрӣ гузарониданд. Аз ин мушкилот Вазорати нақлиёти кишвар ҳам огоҳ карда шуд”, – гуфтааст ӯ.

Ба гуфтаи раиси вилоят, дастур дода шудааст, ки минбаъд ширкатҳо рухсатномаро тариқи ғайринақдӣ дастрас кунанд, то ки барои ронандагон осотар ва қулай бошад.

“Дар баъзе ширкатҳо, ки чунин рухсатномаҳо медиҳанд, амалҳои ғайриқонунӣ ошкор шудааст. Ба ин масъала Вазорати нақлиёти кишвар машғул аст. Ман ҳамчунин ба сарвазири ҷумҳурӣ Қоҳир Расулзода муроҷиат кардам, то ки ин масъаларо баррасӣ кунем. Мутмаинам, ки рӯзҳои наздик мушкили дарёфти рухсатнома барои гузаштани мошинҳои боркаш тариқи гузаргоҳи “Фотеҳобод – Ойбек” ҳаллу фасл мешавад”, – илова кардааст Раҷаббой Аҳмадзода.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.