Маркази миллии тестӣ: “Зарурати ҷорӣ кардани шакли дигари имтиҳонсупорӣ нест”

Низоми имтиҳонии Тоҷикистон самаранок фаъолият мекунад ва айни замон ба тағйирот ё навоварӣ ниёз надорад. Дар ин бора Абдулбосит Шодиниё, муовини аввали директори Маркази миллии тестӣ дирӯз, 6-уми феврал, зимни нишасти матбуотӣ изҳори назар кард. Ӯ гуфт, айни ҳол низоми тестӣ аз ӯҳдаи вазифаи худ пурра мебарояд, аз ин рӯ, зарурати ҷорӣ кардани шакли дигари […]

Низоми имтиҳонии Тоҷикистон самаранок фаъолият мекунад ва айни замон ба тағйирот ё навоварӣ ниёз надорад. Дар ин бора Абдулбосит Шодиниё, муовини аввали директори Маркази миллии тестӣ дирӯз, 6-уми феврал, зимни нишасти матбуотӣ изҳори назар кард.

Ӯ гуфт, айни ҳол низоми тестӣ аз ӯҳдаи вазифаи худ пурра мебарояд, аз ин рӯ, зарурати ҷорӣ кардани шакли дигари имтиҳонсупорӣ вуҷуд надорад.

“Агар имтиҳонсупорӣ тариқи тест самара наорад, он гоҳ зарурати ҷорӣ кардани баъзе аз имтиҳонҳои иловагӣ пайдо мешавад”, – таъкид кард Абдулбосит Шодиниё.

Дар робита ба ақидаи маъмуле, ки “тест танҳо дониши сатҳиро месанҷад ва ба қобилияти мулоҳизаронӣ, тафаккури интиқодӣ ва эҷодкории довталабон баҳо дода наметавонад” Абдулбосит Шодиниё гуфт, ки “ҳеҷ имтиҳон ба раванди таълим таъсири манфӣ гузошта наметавонад”.

“Ин ки тест ё ягон имтиҳони дигар метавонад ба дониш таъсир расонад ақидаи ғалат ва ботил аст. Раванди ташаккули дониш ва маҳорату малака аз раванди имтиҳонгирӣ, ки факт ё ҳолати ташаккулро месанҷад, фарқ дорад”, – зикр кард Абдулбосит Шодиниё.

Вале дар Маркази миллии тестӣ қоиланд, ки бо ин ё он восита натиҷаи имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ метавонад ба сифати таҳсилот таъсир дошта бошад. Аммо ба кадом шакл, дақиқ нагуфтанд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.